Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Август
2022

Новости за 27.08.2022

Дар Қирғизистон се "ҷиҳодӣ" ва як зердасти Ҷенгоро дастгир кардаанд

Ozodi.org 

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, маъмурони ин ниҳод се ҷиҳодиро дар вилояти Ботканди ҳаммарз бо Тоҷикистон дастгир кардаанд. Яке аз боздоштшудагон бо номи Абунур ба гуфтаи Кумитаи амният раҳбари ин гуруҳи ифротгароён будааст. Ба қавли мақомот, ифротгароён аз бо ғоратгарӣ пул ҷамъ оварда ба созмонҳои террористӣ дар Сурия мефиристодаанд. Фарди дигари боздоштшударо узви гуруҳи ҷиноӣ ба раҳбарии Қодир Досонов ном мебаранд, ки дар Қирғизистон бо номи Ҷенго шинохта шудааст. Фарди саввум узви... Читать дальше...

Мирзиёев дар Қароқалпоқистон раҳбари нав таъйин кард

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон номзадии раҳбари нави Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистонро тасдиқ кардааст, ки моҳи гузашта шоҳиди нооромӣ ва марги 21 нафар шуд. Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи Шӯрои олии Қароқалпоқистон дар шаҳри Нуқус ширкат кардааст ва  бо ризоияти ӯ Амонбой Орунбоев, раиси нави шӯро интихоб шудааст. Орунбоевро ба ҷойи Мурод Камолов интихоб кардаанд, ки ӯ рӯзе пештар аз мақомаш барканор шуд. Рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Нуқус тазоҳурот сар зад ва сабабаш ҳам пешниҳод дар тарҳи нави Қонуни асосии Узбекистон буд... Читать дальше...

Русия нагузошт, тарҳи нави аҳдномаи байналмилалӣ қабул шавад

Ozodi.org 

Русия иҷоза надод, тарҳи ниҳоии Аҳдномаи Байналмилалии Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ қабул шавад, ки баррасии тарҳи он дар Созмони Милал як моҳ идома дошт. Дипломатҳои Русия гуфтанд, ки тарҳ  моҳияти ошкори сиёсӣ дорад” ва барои ҳамин мухолифи қабули он ҳастанд.

Мақомот мегӯянд, барои роҳ надодани COVID чораҳои нав меандешанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои роҳ надодан ба сирояти дубораи СOVID-19 ба кишвар чораҳои беҳдоштиро тақвият додаанд. Ҳоло дигарбора дар фурудгоҳҳо гувоҳномаи бемориро мепурсанд ва ҳам сертификати ваксина ба зидди бемориро.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *