Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2022

Новости за 05.09.2022

"Ҳунари нодир, вале мушкил." Кори Зиёвиддини Нақшбанд кай қадрдонӣ хоҳад шуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар як гӯшаи Панҷакент наққош ё нигоргаре ҳаст, ки на бо қалам, балки бо пояҳои ҷаву гандум табиат ва одамонро тасвир мекунад. Зиёвиддин Мирзоев худро аз нахустин рассомоне медонад, ки дар Тоҷикистон ба ин навъи ҳунар рӯ оварда, вале ҳанӯз фоидае нагирифтааст.

Аз узбекистониҳо хостанд, муваққатан ба Самарқанд нараванд

Ozodi.org 

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Самарқанд хабар дод, ки вуруд ба шаҳр аз 14 то 17-уми сентябр манъ мешавад. Ин раёсат ба шаҳрвандон тавсия дод, ки сафарашонро ба Самарқанд дар рӯзҳои дигар анҷом диҳанд.



Хидмати пулакӣ чӣ гуна амалӣ мешавад?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон 1200 ҷавон бо пардохти беш аз 32 миллион сомонӣ ба хидмати ҳарбии якмоҳа ҷалб шудаанд. Масъулони Вазорати мудофиа гуфтанд, онҳо дар чаҳор пойгоҳи ҳарбӣ тамрин мекунанд.

Ахбори Озодӣ аз 5-уми сентябри соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Ҳамлаи маргталабона ба сафорати Русия дар Кобул; сарнавишти норӯшани ҳамсафони боздоштшудаи ҳомии ҳуқуқ Иззат Амон; мусобиқаи дучархаронҳои наврас дар Кӯлоб ва наққошии Зиёвиддин Мирзоев, ки аз хас таҳия мешавад.

"Ҳамос" "ҷосусҳои Исроил"-ро қатл кард

Ozodi.org 

Аз соли 2017 то кунун бори аввал дар ҳудуди Фаластин ҳукми қатл иҷро шуд. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ин ҳукми қатлро маҳкум ва аз "Ҳамос" хостанд, аз ҳукмҳои қатл даст кашад.

"Истиқлол" дар Хуҷанд "Сипар"-ро мағлуб кард ва пешсафи Суперлигаи футзали Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Ҳарсе бозии даври 13-уми Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. Бозии марказии ин давр миёни дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе баргузор шуд. Бозӣ бо пирӯзии дастаи меҳмон – «Истиқлол» - бо ҳисоби 4:2 хотима ёфт. Дар бозии дигари даври 13-ум «Соро компания»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Самандар»-и Турсунзодаро бо ҳисоби бузурги 9:2 шикаст дод. Инчунин «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дастаи мизбон -  «Пойтахт»-и Душанберо бо ҳисоби 7:5 мағлуб кард. Ҳамин тариқ... Читать дальше...

Шаҳрдории Душанбе ба қаҳрамони ҷаҳон хонаи дуҳуҷрагӣ тӯҳфа кард

Ozodi.org 

Имрӯз, 5-уми сентябр, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралӣ калиди хонаи дуҳуҷрагиро дар пойтахт тақдим намуд. Ин варзишгари ҷавон, ки дастпарвари мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 6-и шаҳри Душанбе мебошад, моҳи августи соли равон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар шаҳри Гуаякили Эквадор дар вазни то 66 кило мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт. Эмомалӣ баъди чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Италия... Читать дальше...

"Аз кӯчаву хона кашида мебаранд." Манобеъ: Тоҷикистон беш аз 100 паноҳҷӯи афғонро рондааст

Ozodi.org 

Манобеи муътамади Радиои Озодӣ гуфтанд, дар рӯзҳои охир беш аз 100 муҳоҷири афғонистонӣ маҷбуран аз Тоҷикистон берун карда шудаанд. Муҳоҷирони афғонистонӣ мегӯянд, онҳоро аз кӯча ё аз хона гирифта, бе қарори додгоҳ аз Тоҷикистон меронанд. Мақомоти Тоҷикистон шарҳе намедиҳанд.

"Истиқлол" дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 пешсаф аст

Ozodi.org 

Рӯзҳои 2-4-уми сентябр бозиҳои даври чордаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар тими “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуд. “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ “Хатлон”-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. «Равшан»-и Кӯлоб низ дар майдони худ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. “Эсхата”-и Хуҷанд ҳам бар дастаи меҳмон - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Читать дальше...

Сафири ИМА гуфт, Узбекистон таҳримҳои зидди Русияро риоя мекунад

Ozodi.org 

Мақомоти Узбекистон тасдиқ карданд, ки хоҳони риояи таҳримҳои зидди Русия ҳастанд ва барои давр задани таҳримҳо шароит фароҳам намеоранд, гуфт сафири ИМА дар Узбекистон Дэниел Розенблюм. Вазорати молияи ИМА Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва чанде аз дигар кишварҳоро дар рӯйхате шомил кард, ки эҳтимол дорад, дар давр задани таҳримҳо ба Русияву Белору кӯмак кунанд. Дэниел Розенблюм дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ин кишварҳо бо Русия доду гирифти фаъолонаи молӣ доранд. Ба гуфтаи Розенблюм... Читать дальше...

Қирғизистон аз ИМА хост, додани визаро осонтар ва муҳлаташро бештар кунад

Ozodi.org 

Дар сафорати ИМА дар Қиғизистон навбатпойии тӯлонӣ барои дарёфти виза ташкил шудааст. Дар ин бора сафири Қирғизистон дар ИМА ва Канада Бакит Амонбоев дар мулоқот бо муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ Брайан Стиммлер хабар дод. Амонбоев хостааст, ки дар сабуксозии раванди дарёфти виза барои шаҳрвандони Қирғизистон мусоидат карда шавад. Сафир ҳамчунин хостааст, додани виза ба донишҷӯён содатар гардонида шавад. Ба илова, Амонбоев пешниҳод кардааст, ки муҳлати визаҳои сайёҳӣ аз 5 ба 10 сол тамдид карда шавад. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *