Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2022

Новости за 10.09.2022

Дар Покистон чаҳор афсари пулисро куштанд

Ozodi.org 

Дар Покистон афроди мусаллаҳ бо тирандозӣ чаҳор афсари пулисро кушта ва ду нафари дигарашонро маҷруҳ кардаанд. Мақомоти пулис рӯзи 10-уми сентябр гуфтанд, ҳамла ба афсарони пулис, ки як мансабдори маҳаллиро дар минтақаҳои осебдида аз обхезӣ ҳамроҳӣ мекарданд, дар ҳамин руз дар ноҳияи ноороми Танк дар Вилояти Хайбар Пахтунхоҳ сурат гирифтааст. Сауд Маҳсуд, як хабарнигори мустақил ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурони пулис Саддом Ҳусайнхон Битниро ҳамроҳӣ доштаанд. Обхезӣ дар Покистон то ҳол бештар... Читать дальше...

Чӣ ҷони зани тоҷикро ба лабаш меорад, ки қасди худкушӣ мекунад?

Ozodi.org 

«Дар хона ҳар рӯз ҷанҷол буд. Ҳеваронам (бародарони шавҳар) бо ҳар баҳона ҷанг мекарданд. Намемонданд, ки барои фарзандам шаҳодатномаи таваллуд гирам, ба шавҳарам “сар те, сар те”, “аз хона баромада равад” гуфта, ҷанг мекарданд. Шавҳарам ҳам дар байн монда буд. Ҷангу ҷанҷол зиёд буд."

"Агар муҳоҷирон пул нафиристанд…" Сабаби гаронии нархи маҳсулот дар Рашт чист? ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони минтақаи Рашт дар шарқи Тоҷикистон аз гаронии нархи маҳсулоти ниёзи аввал шикоят доранд. Тоҷирон сабабро ба дурии роҳ ва гаронии сӯзишворӣ пайванд доданд. Масъулон мегӯянд, «ҳамааш зери назорат аст».

Чӣ сабаби гаронии қиматҳо дар Рашт мешавад?

Ozodi.org 

Сокинони минтақаи Рашт дар шарқи Тоҷикистон аз гаронии маҳсулоти ниёзи аввал шикоят доранд.Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам зимни сафар ба Рашт мушоҳида карданд, ки хӯрокворӣ дар ин минтақа назар ба бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон гаронтар аст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *