Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2022

Новости за 06.09.2022

"Анҷумани тариқаи исмоилӣ" дар Тоҷикистон баста шуд ё ҳанӯз ҳаст? ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба иттилои дарёфтӣ, “Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ” (ИТРЕБ) дар Тоҷикистон баста шудааст. Омӯзиши пайравони исмоилия, як шохаи мазҳаби шиа, рисолати ин ниҳоди вобаста ба Бунёди Оқохон дониста мешавад.

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Зебуннисо Рустамова

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои  олимпии соли 1976 дар Монреали Канада, ки рӯзҳои 1-4-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, варзишгарон аз Душанбе, вилояти Суғд, инчунин аз вилояти Фарғонаи Узбекистон ширкат карданд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар масофаи 50+30 метр байни занон Фотима Зулфиқорбекова аз Душанбе ғолиб шуд. Ҳамшаҳриаш Амина Хуршедзода ҷойи дуюм... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 6-уми сентябри соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Бар асари таркиши мошини ҳомили гази моеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ду кас ҳалок шудааст, Шӯрои амнияти СММ вазъи нерӯгоҳи ҳастаии Запорижяро баррасӣ мекунад, барномаи сохтмони манзил дар Душанбе ва талоши эҳёи саноати чой дар Гурҷистон.



Толибон. Дарки онҳо аз дин чист?

Ozodi.org 

Пас аз омадани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз аксу навори ҳузнангез буд. Ҳар кас мехост, бо ҳар лаҳне дар мавриди Афғонистон ва Толибон чизе бигӯяд. Яке барои миллати мазлум тасалло мехонд, дигаре бо лаҳни шадид аз рафтори Толибон танқид мекард.

Аз хонаи муди "Фирдавс" то лавозимоти шаҳвонӣ. Духтари 23-солаи президент чӣ дорад?

Ozodi.org 

Даъвои нашриёти "Condé Nast" ба зидди хонаи муди "Фирдавс", ки бунёдгузораш духтари президенти Чеченистон ва вазири фарҳанги ин кишвар Оиша Қодирова аст, бори дигар таваҷҷуҳро ба тиҷорати ин мансабдори 23-сола ҷалб кард.

Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев марҳилаи ниҳоии омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 14-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, шуруъ кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати васеи даста 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар - дохиланд. Ба дархости ниҳоии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои ширкат дар марҳилаи интихобӣ 23 бозигар шомил хоҳад шуд. Бояд гуфт... Читать дальше...

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2022 омодагӣ мебинад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ин ҷамъомад, ки дар Маркази таълимии Бонки миллӣ то рӯзи 15-уми сентябр идома меёбад, 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - аз чаҳор бошгоҳи Суперлигаи Тоҷикистон даъват шудаанд. Баъди анҷоми ҷамъомад дар Гулистон мунтахаби Тоҷикистон... Читать дальше...

Ҳаракати қаторҳои мусофирбар аз Хуҷанд ба Русия аз фардо оғоз мешавад

Ozodi.org 

Замони ҳаракат ва шумори қаторҳои мусофирбар аз Хуҷанд ба Волгоград маълум шуд. Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон хабар додааст, ки фардо, 7 сентябр соати 13:00 қатори иборат аз даҳ вагон дар самти Хуҷанд–Волгоград ба роҳ мабарояд. Анварҷон Латифзода, сухангӯи Идораи роҳи оҳани Тоҷиистон рӯзи 6-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин қатор барои 614 мусофир пешбинӣ шудааст ва то шоми дирӯз аллакай беш аз 400 билетҳо фирӯхта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар ҳафта рӯзи чаҳоршанбе ҳаракати қатора дар ин масир сурат хоҳад гирифт. Читать дальше...

Президенти Узбекистон дастур дод, иҷораи китобҳои дарсӣ ройгон шавад

Ozodi.org 

Дар пайи нигарониҳои сокинони Узбекистон дар робита ба якбора гарон шудани иҷораи китобҳои дарсии хонандагон ва дафтарҳои корӣ, президенти он кишвар ба зердастонаш дастур дод, ки "барои иҷораи ройгони китобҳо чораҷӯӣ шавад". "Бо назардошти муҳим будани китобҳои дарсӣ барои таҳсили кӯдакон ва бо ҳадафи дастгирии хонандагон ва волидони онҳо, таъмини адолати иҷтимоӣ роҳбари давлат ба девони вазирон ва вазорати маорифи халқӣ дастур дод, ки барои иҷораи ройгони китобҳои дарсӣ ва дафтарҳои корӣ чораҷӯӣ шавад"... Читать дальше...

Туркманистон аз Туркия даъват кард, барои туркманистониҳо виза ҷорӣ кунад

Ozodi.org 

Мақомоти Туркманистон аз ҳукумати Туркия даъват карданд, ки барои шаҳрвандони Туркманистон виза ҷорӣ кунад. Дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Турманистон омадааст, ки ба таври муваққат виза ҷорӣ карда шавад. Ҳадафи ин дархост - "такмил ва воридсозии низоми асосноки тартиби вуруди шаҳрвандони Туркманистон ба Туркия" унвон шудааст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Туркманистон нагуфтанд, ки муҳлати муваққат чи қадар хоҳад буд. Дархости мақомоти Туркманистон дар ҳолест, ки ҳазорон шаҳрванди ин кишвар ба Туркия барои кор мераванд. Читать дальше...

Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ вориди Қазоқистон мешавад

Ozodi.org 

Президенти Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ рӯзи 14 сентябр вориди Қазоқистон мешавад. "Дар ин сафар гуфтугӯи дуҷонибаи сарони ду давлат, инчунин имзои ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ дар назар аст", - гуфт Ойбек Смадрияров, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон. Ин нахустин сафари хориҷии роҳбари Чин аз оғози вабои коронавирус дар соли 2020 аст. Дар Осиёи Марказӣ дар маҷмуъ ва дар Қазоқистон ба вижа солҳои охир густариши таъсири Чин эҳсос мешавад. Пекин талош дорад, бо... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *