Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2022

Новости за 07.09.2022

Ангишту орду об. Тоҷикистон ба сокинони селзадаи Покистон ёрӣ фиристод

Ozodi.org 

Тоҷикистон ба Покистон, ки бар асари сели вайронгар зарари молӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дид, беш аз се ҳазор тонна ёрии башардӯстона фиристод. Кумакҳоро тавассути хоки Афғонистон ба маконҳои офатзада мерасонанд.

Пешниҳоди ҳукми қатл барои озори ҷинсии кӯдак дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Чанде аз вакилон дар Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки барои кӯдакозорон ҷазои эъдом таъйин шавад. Ин пешниҳод рӯзи 7-уми сентябр ва баъди ошкор шудани таҷовуз ба номуси хонандаи мактаб дар ноҳияи Қадамҷои он кишвар садо дод.

Кумисюн: Давлатмурод Тоҷимуродов шикоят надорад

Ozodi.org 

Аъзои кумисюни таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи июл дар Қарақалпоқистони Узбекистон дар боздоштгоҳ бо Давлатмурод Тоҷимуродов мулоқот кардаанд. Тоҷимуродов яке аз чеҳраҳои асосии ҳаводиси моҳи июл дониста мешавад. Маълум нест, мулоқот кай гузаштааст.

Муҳокимаи Муҳаммади Султон дар Душанбе. Худаш гуфтааст, гуноҳ надорад

Ozodi.org 

Дар Душанбе баррасии парвандаи Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммад Султон), рӯзноманигор ва маъмури пешини амният, сар шуд. Рӯзи аввали мурофиа 7-уми сентябр дар Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт гузашт.



"Кӯктош" дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон пешсафи ягона аст

Ozodi.org 

Бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд.  Дар даври понздаҳуми мусобиқа дар се бозӣ меҳмонон пирӯз шуданд. «Гулистон»-и шаҳри Гулистон бар «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 2:1, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бар «Моҳир»-и Ёвон бо ҳисоби 3:2 ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд. Як бозӣ бо ғалабаи мизбонон хотима ёфт. «Ҳосилот»-и Фархор «Сарҳадчӣ»-и Ҳамадониро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Як бозӣ мусовӣ шуд. «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бозиро бо дастаи меҳмон ... Читать дальше...

Дар Бритониё девони нави вазирон рӯи кор омад

Ozodi.org 

Маликаи Бритониё Елизаветаи II вазирони нави ҳукумати сарвазир Элизабет Трассро тасдиқ кард. Трасс дар интихобот барои роҳбарии Ҳизби муҳофизакори Бритониё пирӯз шуд ва рӯзи 6-уми сентябр сарвазири он кишвар гардид.

"Деҳаи занон". Саргузашти Гулӣ Раҳимова

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ чанде пеш гузориш дод, ки 80%-и мардони як деҳа дар Турсунзода ба муҳоҷират рафтаанду кору ташвиши зиндагӣ ба дӯши занону пирон уфтодааст. Гулӣ Раҳимоваи 46-сола яке аз онҳост. Ӯ худро ҳам мард ва ҳам зани хонавода мешуморад ва рӯзгорашро ба Радиои Озодӣ нақл кард. Дар навор бинед.

Арзиши билети қатораи Тошканд-Душанбе 20 дарсад пойин омад

Ozodi.org 

Шуруъ аз 6-уми сентябр арзиши билети қатораи "Душанбе-Тошканд-Душанбе" 20 дарсад пойин омад. Ин тасмим дар пайи гуфтугӯи намояндагони ширкатҳои "Роҳи оҳани Узбекистон" ва "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гирифта шудааст. Қатораи Душанбе-Тошканд аз 20 июни соли ҷорӣ ба гардиш даромад. Дар сомонаи "Роҳи оҳани Узбекистон" арзиши билети Тошканд-Душанбе наздики 44 доллар нишон дода шудааст. Фосилаи байни Душанбеву Тошканд 916 километр аст. Қатора ин роҳро дар 21 соат мепаймояд.

Барои КДАМ Қирғизистон қариб 50 бинои нав сохтаанд

Ozodi.org 

Дар як соли охир дар саросари Қирғизистон барои Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) он кишвар қариб 50 бинои нав сохта шудааст. Дар ин бора раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев хабар дод. Тошиев гуфт, "ба КДАМ таваҷҷуҳ намешуд ва кормандони ин ниҳод дар маҳалҳо дар хонаҳои мардум, дар биноҳои дигарон ва ё китобхонаҳо кор мекарданд". "Ҳатто як бино барои КДАМ сохта нашуда буд. Аз соли гузашта мо ин умурро ба даст гирифтем, дар саросари кишвар наздики 50 бино сохта шуд, қариб 150 мошин ва... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *