Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2022

Новости за 30.09.2022

Навзоди дуздидашуда дар ноҳияи Ҷомӣ пайдо шуд

Ozodi.org 

Табибони бемористони марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳам яке аз кормандони пулиси ин ноҳия пайдо шудани кӯдаки 23 сентябр аз зоишгоҳ дуздишударо тасдиқ карданд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, бино ба иттилои пешакӣ ин кӯдак аз сӯи яке аз хешовандони падари навзод рабуда шудааст. Маълум нест, ки ангезаи даст ба чунин кор задани ин шахс чӣ будааст. Ин кӯдакро  зоҳиран ҳамин руз аз ҳудуди ноҳияи Ҷомӣ пайдо кардаанд. Ҳамчунин феълан маълум нест, ки вазъи саломатии кӯдак, ки аз таваллудаш як ҳафта мегузарад, чӣ будааст. Читать дальше...

CPJ: “Агар Тоҷикистон журналистонро озод накунад, мо талаби боздид аз маҳбасҳоро мекунем"

Ozodi.org 

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфт, вазъи озоди баён дар панҷ моҳи ахир дар Тоҷикистон шадидан бад шудааст. Вазъи матбуоти мустақил ва хабарнигорони тоҷик дар ҷаласаи навбатии арзёбии ҳуқуқи башар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин ҷаласаи даҳрӯза 26-уми сентябр дар пойтахти Лаҳистон, Варшава шурӯъ шуд ва рӯзи 30-юми сентябр ба вазъи матбуот ва озодии баён дар кишварҳои узви САҲА бахшида шуд. Том Гибсон, масъули дафтари аврупоии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар ин нишаст дар бораи боздошту фишор алайҳи хабарнигорон дар Тоҷикистон гузориш дода... Читать дальше...

Дар муноқиша дар марз тақрибан 10 масҷидро "задаанд"

Ozodi.org 

Дар даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан даҳ масҷидро дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров нишон гирифтаанд. Ҷониби Қирғизистон қазияро шарҳ надодааст. Сокинон мегӯянд, масҷид дар Исфара маҳалли серодам аст ва шояд ҳадафмандона зери ҳамла монда.

"Рисолати тарҷума бо адабиёти бадеӣ маҳдуд намешавад" - соҳибназарони тоҷик

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки дар назди Ҳукумати Тоҷикистон  як Маркази миллии тарҷума таъсис дода шавад, дар ҳоле, ки чандин донишгоҳи олии ин кишвар  мутахассисонро дар соҳаи тарҷумонӣ  омода мекунанд.

Назарпурсӣ: Қарори басеҷ дар Русия эҳсоси "тарс, шок ва хашм"-ро эҷод кард

Ozodi.org 

Нисфи пурсидашудаҳо дар Русия гуфтанд, ки эълони басеҷи нисбӣ ё мобилизатсия ба артиш онҳоро ҳаросон кард ва танҳо тахминан чоряки пурсидашудаҳо гуфтанд, ки “бо Русия ифтихор мекунанд”. Пурсише, ки онро маркази назарпурсии “Левада” охирҳои моҳи сентябр дар саросари Русия дар робита бо муносибати аҳолӣ ба мобилизатсия барпо кард, нишон дод, ки 47 дарсади пурсидашудаҳо аз ин маърака эҳсоси тарс, 23 дарсад – шок эҳсос карда  13 дарсад ба хашм омаданд. Эҳсоси тарсу нигарониву шокро 56 дарсади ҷавонҳои то 24-сола таҷриба кардаанд. Читать дальше...

Мобилизатсия нақшаи консерти Манижаро дар Тоҷикистон таҳрир кард

Ozodi.org 

Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, замони баргузории консерташро дар Душанбе, ки  “Сафари бекорнашаванда” номида буд, аз моҳи октябр ба ноябр гузаронид. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст. Ӯ сабаби ин тасмимашро ба эълони басеҷ ё мобилизатсия  дар Русия ва масоили таъмини амнияти гуруҳи мусиқинавозонаш рабт додааст.    Ӯ гуфтааст, ҳамаи билетҳои қаблан харидашуда дар рӯзи дигари таъиншуда низ эътибор доранд. Қарор буд консерти Манижа, рӯзи 9-уми октябр дар пойтахти кишвар баргузор шавад. Читать дальше...

Полиси Тоҷикистон навзоди як ҳафта пеш дуздидашударо меҷӯяд

Ozodi.org 

Як кӯдаки навзод аз таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дуздида шудааст. Ба иттилои як корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, ин ҳодиса шоми 23-юми сентябр рух дода ва мақомот дар пайи таҳқиқи ҳодиса ҳастанд.   Волидони кӯдак сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия буда, ин нахустин тифли онҳост. Таҳқиқи ин қазия шурӯъ шудааст. Ба нақли корманди шуъбаи корҳои дохилӣ, падари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатист ва модари кӯдак, ки зоймони сангинро пушти сар кардааст, ҳамоно аз рабуда шудани писараш хабар надорад. Читать дальше...



Вазирони корҳои хориҷии ОМ ва ИМА: "Ҳама гуна баҳсҳо аз роҳҳои дипломатӣ ҳал шаванд"

Ozodi.org 

Принсипҳои эҳтиром ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҳамаи кишварҳои узви маҳфили С5+1 дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА таъкид шуд. Дар изҳороти хотимавие, ки рӯзи 28-уми сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки «ширкатдорон инчунин ба аҳамияти пойдории сулҳ ва амният ва ҳам ҳалли ҳама гуна баҳсҳо аз роҳҳои дипломатӣ таъкид карданд». Мулоқоти навбатии дипломатҳои баландпояи Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Узбекистон ва Туркманистон бо котиби давлатии ИМА Энтони... Читать дальше...

Идомаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон баъди танаффус

Ozodi.org 

Бозиҳои даври шонздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси бистрӯза 30-юми сентябр, 1-ум ва 2-юми октябр баргузор мешаванд. Имрӯз, 30-юми сентябр, бозӣ миёни дастаҳои «Эсхата» ва «Хатлон» дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Рӯзи шанбеи 1-уми октябр «Хуҷанд» бо «Файзканд» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и Кӯлоб бо «Регар-ТадАЗ» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозӣ мекунанд. Ду... Читать дальше...

Лимит ё корҳои таъмирӣ? Шарҳи "Барқи тоҷик"

Ozodi.org 

Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ нашудааст ва моҳҳои оянда низ "лимит" дар назар нест. Як ҳафтаи ахир сокинон аз чанд минтақа, Турсунзода, Панҷакент ва Кӯлоб шикоят карданд, ки шабона ва рӯзона аз чор то шаш соат интиқоли барқ ба хонаҳояшон қатъ мешавад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 30-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ навъ лимит ҷорӣ нашудааст. Ӯ гуфт, дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад... Читать дальше...

Сафорати ИМА: ба русиягиҳои муқими Қазоқистон паноҳандагӣ дода намешавад

Ozodi.org 

Сафорати ИМА дар шаҳри Остона 29 сентябр гуфт, русиягиҳое, ки ба Қазоқистон рафтаанд, наметавонанд аз онҷо аз Амрико паногоҳ дархост кунанд. "Сафорати ИМА дар шаҳри Остона ва Консулгарии генералии ИМА дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҳаққи қабули дархостҳои паноҳандагӣ ё мақоми гурезаро надоранд. Паноҳҷӯён танҳо дар сурати дар ИМА қарор доштан метавонанд барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ муроҷиат кунанд", - афзудааст сафорат. Дархостҳои паноҳандагиро Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати ИМА (USCIS) баррасӣ мекунад ва бинобар ин... Читать дальше...

Қирғизистон моҳонаи хидмат дар марз бо Тоҷикистонро зиёд кард

Ozodi.org 

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров рӯзи 29 сентябр дар мулоқот бо сокинони деҳаи Мақсади вилояти Бодканди он кишвар гуфт, ки марзбонон аз 1 октябри имсол чи қадар моҳона хоҳанд гирифт. “Марзбонон 15 000 сом (камтар аз 200 доллар) мегиранд. Оё ин барои низомиён муносиб аст? Чӣ қадар одамон мурданд. Ташаккур бар онҳо, кам ҳам бошанд, вале кишварро муҳофизат мекунанд", - суол кард як сокини маҳаллӣ аз Жапаров. Жапаров дар посух хабар дод, ки маоши марзбонон аз 1 октябри соли равон боло бурда шудааст. Читать дальше...

Ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Қазоқистон ва Русия боз дошта шуд

Ozodi.org 

Қазоқистон ва Русия ҳаракати автобусҳоро дар масири Самара - Урал ва Толяттӣ - Урал аз 29 сентябр боз доштанд. Истгоҳи Урали Қазоқистон хабар додааст, ки ин тасмим ба хотири таъмини амнияти мусофирон дар пайи ҷамъшавии зиёди одамон дар гузаргоҳҳои марзии Русия гирифта шудааст. "Ҳаракати автобуси Самара - Урал боз дошта шуд. Дар бораи дубора роҳандозӣ шудани ҳаракати автобус баъдан иттилоъ дода мешавад", - омадааст дар хабари истгоҳи Самара. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 21 сентябр "басеҷи қисман" эълон кард. Читать дальше...

Нишасти Варшава. Мухолифон аз Бадахшон, "қатъи ёрӣ" ва "таҳрим" гуфтанд

Ozodi.org 

Баъзе аз намояндагони мухолифини тоҷик дар нишасти Варшава аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи ҳуқуқи одамон дар кишвар маҷбур бикунанд. Онҳо “қатъи ёрӣ” ва “ҷорӣ кардани таҳрим”-ро намуна оварданд. Вокуниши мақомот маълум нест, чун намояндагонаш имсол ба ин нишаст нарафтанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *