Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2022

Новости за 26.09.2022

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабари Радиои Озодиро рад кард, аммо...

Ozodi.org 

Раёсати иттилоот ва иртибототи Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабари Радиои Озодиро дар бораи он ки сарҳадбонони қирғиз ба деҳаи Сомониён аз миномёт оташ кушодаанд, рад кард ва мегӯяд, сокини ин деҳа дар минае таркидааст, ки марзбонони Тоҷикистон дар наздикии марз гузоштаанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, вазъ дар марзи миённи ду кишвар то соати 21:00-и 26 сентябри соли 2022 муътадил буда, ҷониби Қирғизистон созишҳои дуҷонибаи бадастомадаро эҳтиром ва риоят мекунад ва аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳад... Читать дальше...

Сулҳия зери садои тиру туфанг ба дунё омад

Ozodi.org 

Муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷони даҳҳо нафарро рабуд. Дар шабе, ки ба деҳаҳои марзӣ тир меборид, дар миёни маргу зиндагӣ дар як хонаводаи сокини Чоркӯҳ тифл ба дунё омад. Ба хотире, ки дигар ҷанг такрор нашавад, тифлро Сулҳия ном гузоштанд.



Аз Ҳоҷӣ Фурқон то Мавлавӣ Иброҳим. Толибон 16 узви гурӯҳҳои хориҷиро дар шимол ҷобаҷо кардаанд

Ozodi.org 

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯзи 25-уми сентябр гуфт, Толибон шонздаҳ намояндаи гурӯҳҳои хориҷиро ба 8 вилоят дар шимоли ин кишвар фиристодаанд. Дар хабарномаи Ҷабҳа омадааст, ин маълумотро як манбаи огоҳ дар ихтиёри онҳо гузошт.

Тоҷикистону Қирғизистон барои насби дурбинҳо созиш кардаанд

Ozodi.org 

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нуктаҳои дигари санадеро шарҳ дод, ки рӯзи 25-уми сентябр миёни раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев имзо шуд.

Ҳашт медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи IV бози қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 23-25-уми сентябр дар маҷмааи варзишии “Афросиёб Арена”-и шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шуд, ҳашт медал (ду тило, се нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Шавкат Бобозода, раиси Оҷонси содирот ва вазири пешини саноат боздошт шудааст

Ozodi.org 

Раиси Оҷонси содирот ва вазири пешини саноати Тоҷикистон Шавкат Бобозода боздошт шудааст. Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар ин бора хабар надодаанд, аммо манбаъҳои Озодӣ гуфтанд, Бобозода ба қаллобии махсусан калон гумонбар аст. Назари вазири пешин, вакил ва наздикони ӯ ҳанӯз дастрас нашудааст.

Беш аз 80 ҳазор сокини Бодканд ба хонаҳои худ бармегарданд

Ozodi.org 

Беш аз 80 ҳазор сокини вилояти Бодканди Қирғизистон, ки дар пайи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон ба ҷои амн кӯчонида шуда буданд, ба хонаҳои худ бармегарданд. Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, дар умум 136 ҳазору 770 сокини Бодканд ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудааст. Манбаъ афзуд, ки то имрӯз 1 ҳазору 435 тонна кумаки башардӯстона ба сокинони ин вилоят фиристода шудааст. Дар натиҷаи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон 613 хонаи шаҳрвандони Қирғизистон осеб дидааст. Мақомоти қирғиз ваъда додаанд... Читать дальше...

Басиҷсозӣ дар Русия меҳмонхонаҳои Тошкандро сермуштарӣ кардааст

Ozodi.org 

Ҳамаи билетҳои парвозҳои мустақим аз шаҳри Москва ба шаҳрҳои Боку, Тошканд ва Ереванд 21 сентябр баъди эъломи президенти Русия Владимир Путин дар бораи басиҷсозӣ харидорӣ шудаанд. Нархи билети парвоз аз Москва ба Тошканд рӯзи 22 сентябр то ба 9 ҳазор доллари амрикоӣ расида буд. "Агар мехоҳед, аз фурудгоҳи "Внуково" ба Тошканд парвоз кунед, нархи билет 603 ҳазору 50 рубл аст. Довталабони сафар ба Тошканд хеле зиёд аст. Аз субҳ то ҳол беш аз 200 кас барои билет занг задааст", - изҳор дошт блогери узбек Фарҳод Темиртирнаков... Читать дальше...

Навбатпоиҳо барои тарки Русия дар марзи Қазоқистон

Ozodi.org 

Ихтиёриёни ҳаракати минтақавӣ барои ҳарчи зудтар гузаштан аз марзи Русия автобусҳо, таксиҳои дастаҷамъӣ ва ҳатто иҷораи дучархаҳоро ташкил кардаанд. Бахши тоторӣ-бошқирии Радиои Озодӣ бо истинод ба онҳое, ки марзи Русия ва Қазоқистонро убур мекунанд, навиштааст, "се рӯз мешавад, одамон барои гузаштан аз марзи Русия ва Қазоқистон дар гузаргоҳи "Караозек" дар вилояти Астрахан соатҳо навбат мепоянд". Дар гузаргоҳҳои марзии Русия бо кишварҳои дигаре, ки бо онҳо низоми бидуни раводид амал мекунад, вазъи ҳамсон мушоҳида мешавад. Читать дальше...

Набиев ба ҷои Аслонов. Чаро кандани ҳайкали "доҳӣ" дар Тоҷикистон мушкилзо шуд?

Ozodi.org 

Дар ин рӯз роҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вокуниш ба канда шудани ҳайкали Ленин дар Душанбе ва рақсу бозӣ кардани ҷонибдорони мухолифин дар болои он гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *