Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2022

Новости за 09.09.2022

Агар ҲНИТ дар Русия "террористӣ" шавад, чӣ пайомад хоҳад дошт? Ду шарҳ аз Маскав

Ozodi.org 

Агар Додгоҳ дархостро бипазирад, пайомадаш чӣ хоҳад буд? Ва чаро Маскав баъди шаш сол ба дархостҳои пайиҳами Душанбе нав "лаббайк" гуфт? Радиои Озодӣ посухи ин ва суолҳои дигарро аз таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ Аркадий Дубнов ва рӯзноманигору ходими ҷамъиятии Русия Максим Шевченко пурсид.

Аз ҷанҷолҳои оилавӣ то буҳронҳои ҷаҳонӣ. Нигоҳе ба зиндагии малика. ВИДЕО

Ozodi.org 

Елизаветаи II (Шоҳзода Елизавета Александр Мерӣ) баъди даргузашти падараш Ҷорҷи шашум – подшоҳи Бритониё – дар 26-солагӣ маликаи Бритониё ва чаҳордаҳ қаламрави муштаракулманофеъ шуд.

Нигоҳе ба зиндагии маликаи Бритониё Елизаветаи II

Ozodi.org 

Қасри Букингем шаби 8-уми сентябр хабар дод, ки маликаи Бритониё Елизаветаи II дар 96-солагӣ даргузашт. Елизаветаи II аз соли 1952 ва пас аз марги падараш ба муддати 70 сол маликаи Бритониё буд. Дар ин муддат понздаҳ сарвазири Бритониё иваз шуд.



Заршӯӣ дар он тарафи Панҷ, дар ин тараф мунтазири иҷоза

Ozodi.org 

Дар соҳили рӯди Панҷ, аз тарафи Афғонистон, садҳо нафар машғули заршӯйӣ ҳастанд. Толибон ба мардуми камбизоат иҷоза додаанд, ки зар ёбанду зиндагиашонро пеш баранд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ба сокинони ин тарафи сарҳад ба заршӯӣ дар соҳили Панҷ иҷоза медиҳад, вале...

Иштироки даҳ варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни собиқадорон дар Лаҳистон

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни собиқадорон (Krakow World Championships Veterans 2022), ки дар шаҳри Кракови Лаҳистон (Полша) ҷараён дорад, ширкат меварзанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рақобатҳо мувофиқи сину соли иштироккунандагон дар гуруҳҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) байни 860 гуштигир (765 мард ва 95 зан) аз 60 кишвари ҷаҳон сурат гирифтааст. Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни собиқадорон 10 нафар намояндагӣ мекунанд... Читать дальше...

Ширкати варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, ки аз 9-ум то 11-уми сентябр дар шаҳри Намангони Узбекистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Чунонки сомонаи рӯзномаи «Наманганская правда» 8-уми сентябр хабар додааст, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ миёни мардон ва занон барои дарёфти ҷоизаҳои президенти Узбекистон дар маҷмааи варзишии «Баркамол авлод» доир мегардад. Барои ширкат дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарон аз Белгия, Бразилия, Гурҷистон... Читать дальше...

Лаҳистон ва се кишвари назди Балтика додани визаи Шенгенро ба русиягиҳо бас мекунанд

Ozodi.org 

Лаҳистон (Полша) ва се кишвари назди Балтика рӯзи панҷшанбеи 8-уми сентябр эълон карданд, ки "ба сабаби сиёсатҳои умумӣ ва таҳдидҳои амниятӣ", аз рӯзи 19-уми сентябр судури виза ё раводиди муштараки Иттиҳоди Аврупо барои шаҳрвандони Русияро ба таври муваққатӣ бисёр маҳдуд хоҳанд кард.

Сафири ИМА ҷашни истиқлолро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт

Ozodi.org 

Сафири Амрико дар Душанбе дар паёме видеоӣ, ки бо забони тоҷикӣ ироа кард, мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 31-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатӣ табрик гуфт. Тоҷикистон 31 сол қабл, дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард. Сафир Ҷон Марк Поммершайм дар ин паёми худ гуфт, ки кишвараш ба таври қатъӣ аз истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад. Ӯ дар идомаи паёми худ ба ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф ишора кард. Оқои Поммершайм аз ҷумла гуфт... Читать дальше...

Интихоботҳои пеш аз муҳлати Қазоқистон 45 млрд танга харҷ хоҳанд дошт

Ozodi.org 

Барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон дар тирамоҳи соли 2022 20 миллиард танга (тақрибан 42,5 миллион доллар) ва интихоботи порлумони наздики 25 миллиард танга (тақрибан 53,2 миллион доллар) харҷ мешавад. Дар ин бора ноиб-вазири молияи Қазоқистон Татяна Савелева рӯзи панҷшанбеи 8 сентябр хабар дод. "Интихоботи навбатии президентӣ дар соли 2024 дар назар буд ва харҷи марбути он дар буҷаи соли 2024 пешбинӣ шудааст. Аммо бо назардошти дастурҳои нав дар соли ҷорӣ аз захираи ҳукумат маблағ ҷудо мешавад. Читать дальше...

Нашри рӯйхтаи сарони давлатҳое, ки дар саммити Самарқанд ширкат мекунанд

Ozodi.org 

Дар маркази матбуотии президенти Узбекистон гуфтанд, саммити Самарқанд аз соли 2019 то ин замон нахустин дидори рӯ ба рӯи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст. Дар саммит президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Русия Владимир Путин, роҳбари Чин Си Ҷинпин, сарвазири Ҳинд Нарендра Модӣ, сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Белорус Александр Лукашенко, президенти Эрон Иброҳим Раисӣ, президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *