Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2023

Новости за 02.06.2023

Пизишке, ки қурбонии дағалрафторӣ дар мусофирбар шуд, кӣ буд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар истгоҳи охири микроавтобусҳо дар маҳаллаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар хархашае бо ронанда ва пулчинаки хатсайри рақами 28 сахт зарба хӯрду пас аз ҷарроҳии косахонаи сар ва як ҳафта беҳушӣ ҷон дод.

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов вохӯрданд

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизи ӯ Содир Ҷабборов дар ҳошияи нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Чолпон-Отаи Қирғизистон мулоқот кардаанд. Таваҷҷуҳ ба ин дидор аз он сабаб зиёд буд, ки ду кишвар робитаи хуб надоранд ва марзҳояшон ба рӯи ҳамдигар баста аст.

Табиби тоҷик Муҳаммадалӣ Акрамов аз зарбаи пулчинак ба ҳалокат расид

Ozodi.org 

Марги як табиби беморхонаи "Истиқлол" дар паи муноқишае бо ронандаву кондуктор ё пулчинаки микроавтобусе дар Душанбе бисёриҳоро таконзада кард. Муҳаммадалӣ Акрамов баъди ҳашт рӯзи латукӯб ба ҳуш наомада даргузашт .



Фаъолон – "туъма"-и саркӯбҳо дар Тоҷикистон ва Узбекистон

Ozodi.org 

Тазоҳуроте, ки соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистони Узбекистон сар зад, боис ба саркӯби хунин шуд. Дар ҳарду минтақа даҳҳо нафар кушта ва садҳо кас боздошту зиндонӣ гардиданд.

Аз Шарл Мишел хостанд, дар мулоқот бо Раҳмону ҳамтоёнаш аз ҳуқуқи башар гӯяд

Ozodi.org 

Чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, хостанд, ки дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нақзи густурдаи ҳуқуқи одамон дар минтақа бигӯяд.

Туркманистон барои бастани "Дарвозаи дӯзах" аз Амрико кӯмак хостааст

Ozodi.org 

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба мақомҳои Туркманистон дастур додааст, ки оташсӯзӣ дар як чоҳи нафт дар минтақаи Қароқуми он кишварро хомӯш созанд. Пеш аз ин Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар соли 2010 чунин дархостеро бо коршиносон матраҳ карда буд, аммо онҳо ба ин кор муваффақ нашуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар кард

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 2-юми июн барои ширкат дар нишасти дуюми сарони кишварҳои "Осиёи Миёна-Иттиҳоди Аврупо", ба Қирғизистон сафар кард. Ба иттилои Дафтари матбуоти раёсатир ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар масоили иқтисодӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо ва афроди дигари расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳукумати Қирғизистон ҳам хабар дод, ки даври нави мулоқоти раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва масъули Шӯрои Аврупо дар шаҳри шаҳри Чолпон-Ата баргузор хоҳад шуд. Читать дальше...

Вакил: гандуми Русия бо тамғаи "қазоқӣ" ба Тоҷикистон содир мешавад

Ozodi.org 

Дар порлумони Қазоқистон гуфтанд, ки бо "ҳуҷҷатҳои сохта" аз Русия ба ин кишвар ғайриқонунӣ гандум ворид мешавад. Хабаргузории "Kazinform" бо истинод ба суханони Андрей Лукин, вакили Сенати порлумони Қазоқистон иттилоъ дода, ки аз Русия ба ин кишвар тибқи як нақшаи устувор, гандум бидуни ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда ворид карда мешавад. Вакили қазоқ сабаби ин корро "набудани низоми ҳисобдорӣ ва назорати молҳои воридотӣ аз Русия" номидааст. Ба гуфтаи Лукин, Русия ва... Читать дальше...

Нархи бензин дар Қирғизистон гаронтар мешавад

Ozodi.org 

Эътилофи воридкунандагони нафти Қирғизистон мегӯяд, давоми ду моҳи оянда нархи чаканаи як литр бензин 5-6 сом гаронтар хоҳад шуд. "Бозигарони калидии бозор аз моҳи январи соли 2023 то ба имрӯз нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданиро дар нуқтаҳои фурӯш барои як литр бензин 7-8 сом ё 13% поин овардаанд. Имрӯз тоҷирони маҳаллии нафт маҷбуранд, ки дар давоми ду моҳ нархи чаканаи бензинро 5-6 сом барои як литр тадриҷан боло баранд", - омадааст дар иттилоияи эътилоф. Як литр бензини навъи АИ-92 имрӯзҳо... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *