Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2023

Новости за 06.06.2023

Маросими видоъ ва дафни Саттор Турсун дар Душанбе

Ozodi.org 

Саттор Турсун, нависандаи халқии Тоҷикистонро 6-уми июн дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд. Ӯ як рӯз пеш дар 77-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Шогирдаш, Сайидо Шарафӣ, мегӯяд, солҳои охир бемор буд ва “аз глаукома ва саратони ғадуди зери меъда” ранҷ мекашид.

"Аввал шахсият буд, баъд адиб." Саттор Турсунро дар Лучоб дафн карданд

Ozodi.org 

Саттор Турсун, нависандаи халқии Тоҷикистонро 6-уми июн дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд. Ӯ як рӯз пеш дар 77-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Шогирдаш, Сайидо Шарафӣ, мегӯяд, солҳои охир бемор буд ва “аз глаукома ва саратони ғадуди зери меъда” ранҷ мекашид.

Муҳриддин ва Лавров мушкили муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Русия баргузор шуд. Пештар, субҳи имрӯз Лавров бо ҳамтои тоҷикаш, Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот дошт ва дар он аз вазъи имрӯзаи муҳоҷирони тоҷик ёдрас шуд.

Ахбори Озодӣ аз 6-уми июни соли 2023

Ozodi.org 

Боздиди вазири корҳои хориҷии Русия аз Тоҷикистон ва назари коршиносони дохиливу хориҷӣ ба он; ҷанҷоли як хонавода дар Файзобод ва матолиби дигар.



Радду бадали Теҳрон ва Толибон дар бораи "савод" ва либоси марзбонон

Ozodi.org 

Қосим Ризоӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли нерӯҳои интизомии Эрон, гуфтааст, омодаи омӯзиш додани сарҳадбонҳои Толибон барои “риояи протоколҳои марзӣ” ҳастанд. Ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегӯяд, марзбонони эронӣ ҳам бояд омӯзиш бинанд.

Муҳоҷирони узбек ба кори мавсимӣ дар Қазоқистон ҷалб мешаванд

Ozodi.org 

Раиси вилояти Қарағанди Қазоқистон Ермаганбет Булекпаев ва сафири Узбекистон дар он кишвар Саидикром Ниёзхоҷаев масъалаҳои таҳким ва густариши робитаҳои иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд. Расонаи маҳаллии "Дунё" дар ин бора хабар дода, навиштааст, ки дар ҳоли ҳозир дар бахшҳои савдо, сохтмон, кишоварзӣ ва саноати Қарағанда 25 корхонаи муштарак бо Узбекистон фаъолият мекунад. Раиси Қарағанда гуфтааст, яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкориҳои дуҷониба бо Узбекистон бунёди корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти маишии "Artel Electronics" мебошад. Читать дальше...

Дар Алмато як корманди пулис ҳамкорашро парондааст

Ozodi.org 

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон тасдиқ кард, ки як корманди ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҳамкори худро парондааст. Канали "Polisia.kz" дар паёмакрасони Телеграм хабар додааст, ки корманди пулис дар натиҷаи "беэҳтиётӣ" паронда шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Аз беэҳтиётӣ боиси марг шудан", парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст. Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки дар ошхонаи Департаменти пулиси Алмато як корманди пулис кушта шудааст. Гӯё маъмури ҳифзи ҳуқуқ аз беэҳтиётӣ ба сари ҳамкори худ тир задааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *