Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2023

Новости за 12.06.2023

Дархости Душанбе дар бораи Муҳаммадиқболи Садриддин

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Фаронса хостаанд, Муҳаммадиқболи Садриддин, як фаъоли мухолифон ва мунтақиди тундлаҳни ҳукуматро боздошт карда ба Душанбе бифристанд. Мудири пойгоҳи интернетии "Ислоҳ" дар Фаронса паноҳҷӯ аст ва ба қаллобӣ муттаҳам мешавад. Худаш мегӯяд, иттиҳом ангезаи сиёсӣ дорад.

Падар дар муҳоҷират; бори зиндагӣ ба дӯши Ҷамшеди хурдсол. ВИДЕО

Ozodi.org 

12-уми июн Рӯзи байнулмилалии мубориза бо кори кӯдакон аст. Мақомоти Тоҷикистон пайваста мегӯянд, ки барои пешгирӣ аз меҳнати хурдсолон мубориза мебаранд, аммо нигоҳе ба кӯчаву бозорҳои шаҳри Душанбе баръакси онро нишон медиҳад.

"Кӯдакон маро масхара мекунанд"

Ozodi.org 

12-уми июн Рӯзи байналмилалии мубориза бо кори кӯдакон аст. Мақомоти Тоҷикистон иброз медоранд, ки барои пешгирӣ аз кори кудакон мубориза мебаранд ва ин раванд коҳиш ёфтааст. Вале як нигоҳе ба кӯчаву бозорҳои шаҳри Душанбе баръакси онро нишон медиҳад.

Мудири ширкатеро, ки занони тоҷикро ба Арабистон мебурд, зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон раҳбари ширкатеро, ки занони тоҷикро барои кор ба Арабистони Саудӣ мефиристод, ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст. Мақомот ӯро ба одамфурӯшӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва сохтакорӣ айбдор кардаанд. Пештар худи ӯ гуфта буд, ки гуноҳе надорад.

Шаппотии мудири пешин ба рӯйи рӯзноманигор

Ozodi.org 

Идрис Исҳоқов, рӯзноманигори мустақили таҳқиқгар дар Қирғизистон, хабар дод, ки рӯзи 12-уми июн ҳангоми сабти гузориш аз ҷониби мудири пешини истироҳатгоҳи "Уш" Маматкарим Койчуқулов латукӯб шудааст.



Қабули қонун ба нафъи шахсони фарбеҳу қадбаланд

Ozodi.org 

Ҳаракат дар шаҳрҳо барои шахсоне, ки вазни зиёд ё қади баланд доранд, осон нест. Дар бисёре аз маконҳои умумӣ муҳандисон эҳтиёҷоти онҳоро ба назар нагирифтаанд. Ҳоло дар шаҳри Ню-Йорк қонунеро қабул кардаанд, ки табъиз ба зидди афроди фарбеҳ ё азимҷуссаро манъ мекунад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *