Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2023

Новости за 22.06.2023

Навори корбарон: Сӯхтори як мактаб дар Душанбе

Ozodi.org 

Мактаби рақами 71 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сӯхтааст. Ба иттилои корбарони Радиои Озодӣ, ҳодиса шоми 22-юми июн рӯй дод. Сабаби сӯхтор дақиқ нест. Мақомот расман дар ин бора хабар надоданд. Навор аз корбарон аст.

"Зидди қонунҳои башарӣ." Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба санади нав дар Русия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон назарҳо ба қонуни нави Русия, ки даъват шудани маҳбусонро ба хидмат дар артиши ин кишвар ё ширкати онҳоро дар ҷанг заминаи ҳуқуқӣ медиҳад, гуногунанд. Махсусан аз пайомадҳои ин қонун барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик изҳори нигаронӣ мешавад.

Русия ҷалби маҳбусонро ба ҷанг имконпазир кард

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон назарҳо ба қонуни нави Русия, ки даъват шудани маҳбусонро ба хидмат дар артиши ин кишвар ё ширкати онҳоро дар ҷанг заминаи ҳуқуқӣ медиҳад, гуногунанд. Махсусан аз пайомадҳои ин қонун барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик изҳори нигаронӣ мешавад.

Ба сари муҳоҷирони тоҷик чӣ омадааст?

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ ҳар рӯз чанд навор ё номае мегирад, ки дар ин ё он минтақаи Русия муҳоҷирон боздошт ва латукӯб шудаанд ё аз тарси сарбозони ОМОН ба ҷангалу даштҳо гурехтаанд. Аслан ба сари онҳо чӣ омадааст ва ин амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия чӣ ҳадаф дорад ва ба чӣ натиҷаҳо мерасонад?

Вокуниши вакил ба хабари "туҳфагирӣ"-и Назарбоев

Ozodi.org 

Як вакили порлумони Қазоқистон аз Додситонии кулли он кишвар пурсидааст, ки чӣ гуна Кайрат Сотиболдӣ, бародарзодаи зиндонии президенти пешини Қазоқистон, тавонистааст ба Нурсултон Назарбоев қаср "туҳфа" кунад.



Таъхири парвозҳо ҳоҷиёни тоҷикро нигарон кардааст

Ozodi.org 

Даҳҳо талабгори ҳаҷҷи фарзӣ рӯзи 22-юми июн дар назди Кумитаи дини Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Онҳо мегӯянд, тамоми зинаҳоро гузаштанду харҷи сафарро пардохтанд, вале ҳанӯз номашон дар рӯйхати мусофирон ба Арабистони Саудӣ нест. Чаро?

Сухангӯйи Содир Ҷабборов қазияи "фабрикаи ҷавоб"-ро шарҳ дод

Ozodi.org 

Сардори Хадамоти сиёсати иттилоотии дастгоҳи иҷрояии президенти Қирғизистон рӯзи 22-юми июн таҳқиқоти "Checkit Media"-ро дар бораи “фабрикаи ҷавоб” шарҳ дод. Дар таҳқиқот аз Дайирбек Орунбеков ном гирифтаанд.

Модар дар Русия, кӯдакон дар хона. Наворе, ки як мушкили тоҷиконро бозгӯ кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бахтиннисо Иззатуллоева мегӯяд, соле пеш аз шавҳар ҷудо шуд ва ду писарро дар ихтиёри амаку бибияш гузошту ба Русия рафт. "Вале ба ҷойи меҳрубонӣ азияту латукӯб кардаанд," – даъво дорад ӯ. Ҷониби дигар мегӯяд, "яке аз кӯдакон беодоб аст".

Латукӯби наврас. Модараш адолат мехоҳад

Ozodi.org 

Як сокини Душанбе мехоҳад, ки мақомот назорат ва тарбияи писарони хурдсолашро дар ихтиёри ӯ бигузоранд. Бахтиннисо Иззатуллоева мегӯяд, соле пеш аз шавҳар ҷудо шуд ва ду писарро дар ихтиёри амаку бибияш гузошту ба Русия рафт. "Вале ба ҷойи меҳрубонӣ азияту латукӯб кардаанд," – даъво дорад ӯ.

Созмони Милал: Шумори паноҳандагон ба беш аз 108 миллион нафар расид

Ozodi.org 

Оҷонси паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки афзоиши ҷангҳо дар ҷаҳон, гуруснагӣ ва тағйироти обу ҳаво боис шуд, ки омори оворагон дар соли 2022 ба таври рекордӣ бештар шавад. Гузориш рӯзи 21-уми июн нашр шуд.

Қазоқистон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки нерӯгоҳи ҳастаӣ месозад ё не

Ozodi.org 

Вазири энержии Қазоқистон Алмосодам Саткалиев дар посух ба суоли бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, тасмими ниҳоӣ дар бораи бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар он кишвар ҳанӯз гирифта нашудааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *