Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2023

Новости за 26.06.2023

Дар Тоҷикистон дар бораи ошӯби Вагнер чӣ мегӯянд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Чанде аз сиёсатшиносони тоҷик ба инанд, як муомилаи пинҳон байни Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Евгений Пригожин, муассиси ширкати хусусии низомии “Вагнер” боиси хомӯш шудани балвои вагнериҳо шудааст.

Назари тоҷикон дар бораи ошӯби Вагнер

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон суҳбатҳо дар инҷову онҷо дар бораи ошӯби гуруҳи "Вагнер" идома дорад, ки мухолифатҳо дар дохили ҳукумат ва низомиёни Русияро нишон дод. Азбаски хонаводаҳои зиёди тоҷик дар Русия як ё ду муҳоҷир доранд, таваҷҷуҳ ба ин таҳаввулоти нохушоянд барои Маскав зиёд аст.

Номзади ҲХДТ аз мақомаш барканор шуд

Ozodi.org 

Роҳбарони ду шаҳру ноҳия дар вилояти Суғд аз мақомашон барканор шуданд. Бар асоси фармони Президент, Мавсума Муинӣ курсии шаҳрдори Бӯстонро тарк кард ва ба ҷойи ӯ Нигорахон Ғаффорзода ба ин мансаб таин шудааст. Ғаффорзода то омадан ба ин мақом, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила буд. Мавсума Муинии 42-сола аз тарафи Ҳизби халқии демократӣ ба курсии вакили Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудааст. Муинӣ барои курсии холишудаи Гулбаҳор Назирӣ талош мекунад, ки соли гузашта муовини раиси Бонки миллӣ таин шуда буд. Читать дальше...

Занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз бо боздошт анҷомид

Ozodi.org 

Рӯзи 25-уми июн дар ноҳияи Жигаловскии вилояти Иркутски Русия миёни муҳоҷирони тоҷику қирғиз занозанӣ рух додааст. Маълум нест, ки ҷанҷол бо айби кӣ рух додааст, вале дар занозанӣ аз ду тараф даҳҳо нафар ширкат кардаанд.

Бекор шудани амалиёти зиддитеррористӣ дар Маскав

Ozodi.org 

Дар шаҳри Маскав ва вилояти Воронеж амалиёти зиддитеррористиро бекор карданд. Ин амалиёт дар робита ба ошӯби ширкати хусусии низомии "Вагнер" рӯзи шанбе эълом шуда буд. Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав бо эъломи бекорсозии амалиёт гуфт,  чорабинии хатми мактаби хонандагон рӯзи 1-уми июл баргузор хоҳад шуд. Ин чорабиниро пештар бекор карда буданд. Дар ҳолати амалиёти зиддитеррористӣ маҳдудиятҳое, аз ҷумла эҳтимоли бастани кӯчаҳо, кофтукоби воситаҳои нақлиёт дар назар дошта шудааст. Дар вилояти... Читать дальше...

"Мол бисёр, харидор кам". Вазъи бозори чорво дар остонаи Иди Қурбон ВИДЕО 

Ozodi.org 

Бозори чорво дар дараи Ромит, қисмати шарқии пойтахт дар остонаи Иди Қурбон серодам аст. Чорводорон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар моли худро ба инҷо меоранд. Бузу гӯсфанд, гов ва ҳатто шутур  низ барои харидорон пешниҳод мешавад.

Иди Қурбон нархи чорворо боло бурд

Ozodi.org 

Рӯзи 28-уми июн мусалмонони Тоҷикистон Иди Қурбон (Азҳо)-ро ҷашн мегиранд. Забҳи чорво барои одамони доро яке аз рукнҳои асосии ин ҷашн ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин дар арафаи Иди Қурбон талабот ба чорво якбора зиёд шуда, нархҳо ҳам дар бозор боло меравад.



Аз вакилони қирғиз хостанд қонуни монанд ба Русияро қабул накунанд

Ozodi.org 

Ҳаракати ҳомии ҳуқуқи "Бир дуйно - Қирғизистон"  аз порлумони ин кишвар хостанд, тарҳи қонун "дар бораи намояндагони хориҷӣ"-ро баргардонад. Намояндагони ин ҳаракат рӯзи 26-уми июн бо ин мазмун дар назди бинои порлумон варақа тақсим карданд. "Мо аз шумо даъват мекунем, ки Конститутсияи Қирғизистонро поймол накунед ва тарҳи қонуни зиддиконститутсиониро бозхонд намоед, ки хилофи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо аст", - омадааст дар муроҷиатнома. Ахиран ҳуқуқшинос Таттибубу Эргешбоева хабар дод... Читать дальше...

"Рӯзгори муҳоҷир"-барномаи нави Радиои Озодӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шумораи аввали барномаи “Рӯзгори муҳоҷир” дар Радиои Озодӣ пахш шуд. Барномаи аввал дар бораи ҷавоне бо номи Сайфулло қисса мекунад, ки шаҳди ғарибиро хеле барвақт аз замоне ки, ҳамагӣ 6  сол дошт чашид.

Иштироки қариб 2 милион зоир дар маросими ҳаҷҷи фарзӣ

Ozodi.org 

Рӯзи 25-уми июн маросими Ҳаҷҷи фарзӣ дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ шуруъ шуд ва даҳҳо ҳазор зойир ба чарх задан дар атрофи Санги Каъба оғоз карданд. Ҳаҷҷи имсола дар тобистони доғ мувофиқ афтод ва интизор меравад, бештар аз 2 миллион нафар аз 150 кишвари дунё ба зиёрати Каъба бираванд. То кунун 1.6 миллион зойир вориди Арабистони Саудӣ шудаанд. Аз Тоҷикистон имсол беш аз 4 ҳазор зойир имсол маросими ҳаҷҷи фарзиро анҷом медиҳанд.Нархи сафари ҳаҷ барои як зойир аз Тоҷикистон 59 ҳазор сомонӣ ё беш аз 5 ҳазор доллар муқаррар шудааст.

Занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Русия

Ozodi.org 

Дар як корхонаи ноҳияи Жигалови вилояти Иркутски Русия рӯзи 23-уми июн миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон занозании гуруҳӣ рух додааст. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дар ин занозанӣ бештар аз 500 кас иштирок кардааст. Сафорати Қирғизистон дар Русия бо қирғизистониҳои дар ин занозанӣ зарардида тамос гирифтааст. Ба иттилои сафорат, 5 қирғизистонӣ ҷароҳат бардоштаанд, ки як тани онҳо бистарӣ шудааст. Сафорат мегӯяд, мақомоти Русия тафтишотро шуруъ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон... Читать дальше...

"Афроди мусаллаҳ ва бо мошини сиёҳшиша." Тафсилоти рабудани муовини раиси "Ориёнбонк"

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба ҳодисаи нопадид шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” бо гумони «одамрабоӣ» парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Блинкен мегӯяд, ошӯб дар Русия мумкин аст "моҳҳо" идома ёбад

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи якшанбе гуфт, ошӯби ширкати муздури "Вагнер" чолиши бесобиқаеро барои Владимир Путин ба миён овард ва мумкин аст ҳанӯз тамом нашуда бошад ва "ҳафтаҳо ё моҳҳо" идома ёбад.

Шикояти муҳоҷирони қирғиз аз санҷишҳои сартосарӣ дар Маскав

Ozodi.org 

Намояндаи иттифоқи муҳоҷирони Қирғизистон дар Русия Акбар Розиқулов гуфт, ки дар Москва санҷишҳои сартосарӣ идома доранд. Ба гуфтаи вай, муҳоҷиронро дар кӯча нигаҳ медоранд ва бидуни тафтиши санадҳояшон ба идораҳои пулис мебаранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ навори лаҳзаҳои боздошти муҳоҷирон аз сӯи пулис нашр шудааст. Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки дар Русия амалиёти "Нелегал-2023" шуруъ шудааст. Ба навиштаи расонаҳо, марҳилаи аввали амалиёт аз 19 то 25 июн ва марҳилаи дувуми он аз 2 то 8 октябр баргузор хоҳад шуд. Читать дальше...

Тоқаев ҳодисаҳои ахири Русияро "кори дохилии он кишвар" номид

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти кишвараш рӯзи 25 июн бори дигар ҳаводиси ахири Русияро "кори дохилии он кишвар" номид. Дастгоҳи президенти Қазоқистон хабар дод, ки ҷаласаи рӯзи 25 июн баъди гуфтугӯи Тоқаев бо президенти Русия Владимир Путин сурат гирифтааст. Дар ҷаласаи рӯзи 25 июн Тоқаев ҳодисаҳои ахири Русияро "кори дохилии он кишвар" унвон карда, вале ҳамзамон гуфтааст, ки "қазоқистониҳо бо нигаронӣ ҳодисаҳои Русияро пайгирӣ доранд". "Қосимҷомарт... Читать дальше...

Дар Қазоқистон ҷасади як афсари пулисро пайдо карданд

Ozodi.org 

Дар вилояти Акмолаи Қазоқистон ҷасади муовини сардори пулиси ноҳияи Зерендинро пайдо карданд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҷасади Турор Дуйсембин субҳи 25 июн пайдо шудааст. Дар бораи нопадид шудани Дуйсембин 23 июн хабар расида буд. Вай рӯзи 20 июн аз хонааш баромада, бедарак шудааст. Ба иттилои расмӣ, дар ҷасади вай нишонаҳои марги маҷбурӣ ошкор нашудааст. Мақомот тафтишро шуруъ кардаанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *