Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июнь
2023

Новости за 15.06.2023

Кумитаи андоз гуфт, овозхонҳои тоҷик ҳудуди ним миллион сомонӣ қарздоранд

Ozodi.org 

Кумитаи андози Тоҷикистон даҳҳо нафар аз сарояндагон ва дигар ҳунарпешагонро ба насупурдани молиёт ва ё фирор аз пардохти он муттаҳам кардааст. “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии кумита дар шумораи тозааш аз рӯзи 15-уми июн ному насаби бештар аз 80 сарояндаи шинохтаву начандон ошно дар Тоҷикистонро нашр кардааст, ки ба гуфтаи кумита ё бе сабти расмӣ фаъолият мекунанд ё молиёти давлатро саривақт ва пурра намепардозанд. Дар феҳраст, номи Фарзонаи Хуршед, Мубориз Усмонов, Зафар Аюбов, Муҳаммадрафии Кароматулло... Читать дальше...

25 сол дар ҳасрати бозгашт ба ватан аз Тоҷикистон

Ozodi.org 

Як сокини олмонитабори Тоҷикистон мегӯяд, 25 соли охир талош дорад ба ватани бобоиаш биравад, вале дар ин чоряк қарн ҳеҷ гоҳ посухи мусбати сафорати Олмон дар Душанбе ва ё ҳукумати Олмонро дарёфт накардааст.

Аз сарватмандони Қазоқистон андози зиёдтар мегиранд

Ozodi.org 

Сар аз соли оянда дар Қазоқистон сокинон бояд барои дороиҳои гаронарзиши худ андоз супоранд. Ин муқаррарот баъди ислоҳи кодекси андоз ба иҷро медарояд ва онҳое, ки чанд хона, мошинҳои боҳашамат доранд, маҷбур мешаванд андози бештар супоранд.

Занозании келину хушдоманро дар Шаҳринав тафтиш мекунанд

Ozodi.org 

Идораи шуъбаи корҳои дохилии Шаҳринав ба таҳқиқи ҷанҷолу занозании аъзои як хонавода оғоз кардааст, ки видеои ҷанги онҳо ҳаёҳуеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барпо кард. Мавзӯи баҳс - занозании арӯс бо модаршавҳараш аст ва ҳарду тараф гуноҳро ба гардани ҳамдигар бор мекунанд.

"Хариди мошин ва ҷарима." Ҷузъиёти кордзании муҳоҷирони тоҷик

Ozodi.org 

Ҷанҷол миёни муҳоҷирони тоҷик, ки дар он ду нафар қурбон шуд, бар сари хариди мошин ва маблағи ҷаримаи он будааст. Муноқиша соати сеи шаби 12-уми июни имсол дар назди мағозаи “Монетка” дар Екатеринбург рух дод.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *