Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2019

Новости за 01.07.2019

Кӯдакони овардашуда аз Ироқро ба хешонашон медиҳанд, вале на ҳамаро

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик шароити зисти пайвандони кӯдакони ҷангҷӯёнеро меомӯзанд, ки ду моҳ пеш аз Ироқ ба ватан оварда буданд. Бархе аз наздикони кӯдакон мегӯянд, ҳамоно аз дидори овардашудагон маҳруманд ва мумкин аст, онҳоро барояшон надиҳанд.

Навбати суолу ҷавоби Тоҷикистон дар Созмони Милал расид

Ozodi.org 

Қарор аст фардо 2-уми июл ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба суолҳои зиёди аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар бораи мурооти ҳуқуқи инсон ва шикоятҳо аз зери по шудани ҳуқуқи мардум посух бидиҳанд.

Барои табобати Осия аз Олмон табиб оварданд

Ozodi.org 

Барои табобати Осияи шашсола, ки ду ҳафта пеш дар яке аз боғҳои Душанбе оташ зада шуд, аз Олмон табиб оварда шудааст. Масъулини Бемористони рақами 3-и пойтахт гуфтанд, ки як профессори олмонӣ ба муолиҷаи Осия Зулфонова оғоз кардааст.

Шоҳрух: Осмон барои ҳама аст"

Ozodi.org 

Шоҳрух: "Дар хона нишастану коре накардан, нӯшидани машруботу аз зиндагӣ шиква кардан кори дуруст нест... Инҷо ман хушбахтам. Ин бахши бузурги зиндагии ман аст."

Ахбори Озодӣ аз 1-уми июли соли 2019

Ozodi.org 

Оғози мавсими имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Тоҷикистон, сӯхтор дар бозори Магнитогорск, ки ба тоҷирони тоҷик зиён расонд, боздошти ҷавоне барои лату кӯби пешхидмат дар Душанбе, таркиш дар Кобул ва муолиҷаи Осия аз тарафи табиби олмонӣ.



Роза Отунбоева ҳаводиси атрофи Отамбоевро шарҳ дод

Ozodi.org 

Президенти пешини Қирғизистон Роза Отунбоева ҳаводиси атрофи Алмосбек Отамбоев ва бекорсозии дахлнопазирии ӯро шарҳ дод. Отунбоева рӯзи 1-уми июл гуфт, онҳое, ки аз бекорсозии дахлнопазирӣ ва мақоми президентии пешини Отамбоев ба тааҷҷуб омадаанд, фаромӯш сохтаанд, ки "чи гуна ба таври содаву осон дахлнопазирии вакилӣ сарфи назар шуда буд, чи гуна вакилонро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин айбдор сохтанд ва бидуни ризоияти порлумон ҳабс намуданд". "Тақрибан ҳамаи талабҳо дар мавриди пароканда намудани порлумон ба он хотир садо медоданд... Читать дальше...

Дар Қазоқистон гӯшт камёфту гарон шуд

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон қимати гӯшт гарон шуд. Фурӯшандагон мегӯянд, гароншавии гӯшт ба боло рафтани қимати сӯзишворӣ ва хӯроки чорво рабт дорад. Ба иттилои расмӣ, Қазоқистон содироти гӯшти гову гӯсфанд ва хукро зиёд кардааст. Муштариҳои молбозори деҳаи Жетигени вилояти Алмато мегӯянд, қимати як гӯсфанди дусола ба 130-145 доллар расидааст. Қимати гов ҳам соли ҷорӣ дар Қазоқистон боло рафт. Ба гуфтаи муштариҳо, як гови яксола ба ҳисоби миёна 523 доллар арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар ҳамин... Читать дальше...

Расонаҳо: маргу мири одамон ҳангоми селфигирӣ афзудааст

Ozodi.org 

Нашрияи фаронсавии Le Figaro хабар медиҳад, ки дар саросари ҷаҳон ҳолатҳои марги одамон ҳангоми гирифтани селфӣ бештар шудааст. Дар робита ба ин бархе кишварҳо тасмим гирифтаанд, қоидаҳои мушаххасеро ҷорӣ кунанд. Барои мисол дар Ҳиндустон "минтақаҳои махсус барои селфӣ" ҷудо шудааст. Пулиси Русия миёни сокинон "Қоидаҳои селфигирии бехатар"-ро таблиғ мекунад. Пулис ҳамзамон огоҳ месозад, ки "ҳаёти инсон аз селфии хуб боқадртар аст". Соли 2019 дар ИМА 41 одам ҳангоми гирифтани селфӣ фавтиданд. Аксари онҳо касоне буданд... Читать дальше...

Таърифи матбуоти Куриёи Шимолӣ аз мулоқоти Трампу Ким

Ozodi.org 

Хабаргузории давлатии Куриёи Шимолӣ мулоқоти Ким Ҷонг Ун, раҳбари кишвар ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро “таърихӣ” ва “шигифтангез” номидааст. Дар гузориши КСНА аз субҳи 1-уми июл омадааст, ду раҳбар ба созиш расиданд, ки “муколамаи босамар дар бораи орӣ аз силоҳи атомӣ кардани нимҷазираи Куриёро аз сар бигиранду пеш баранд.” Трамп ва Ким рӯзи 30-уми июн дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ, ки ду Куриёро аз ҳам ҷудо мекунад, вохӯрданд. Онҳо ба ҳам даст доданд ва Доналд Трамп ба хоки Куриёи Шимолӣ... Читать дальше...

Расонаҳо: Исроил аз Лубнон Сурияро мушакборон кард

Ozodi.org 

Расонаҳои расмии Сурия хабар доданд, ки нирӯҳои ҳавоии Исроил субҳи 1 июл мавзеъҳои артиши ин кишварро дар наздикии шаҳри Димишқ ва вилояти Ҳумс ҳадафи мушак қарор доданд. Хабаргузории расмии SANA-и Сурия бо истинод ба як манбаи худ дар мақомоти низомии ин кишвар иттилоъ дод, ки мушакҳоро ҳавопаймоҳои Исроил аз ҳарими ҳавоии Лубнон партоб карданд. Манбаъ дертар хабар дод, ки дар натиҷаи партоби мушакҳо дар наздикии Димишқ 4 сокини осоишта ҷон бохта, 21 тани дигар захмӣ шуданд. Намояндагони низомии... Читать дальше...

Дар Қирғизистон суръати ҳаракат дар роҳҳоро боло мебаранд

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Қирғизистон пешниҳод дорад, ки суръати ҳаракат дар баъзе аз роҳҳои байналмилалии ин кишвар то ба 110 километр дар 1 соат боло бурда шавад. Ба гуфтаи масъулони вазорат, боло бурдани суръати ҳаракат ба пешгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳо мусоидат хоҳад кард. ВУД мегӯяд, парки воситаҳои нақлиёти Қирғизистон солҳои охир бо мошинҳои баландсуръате пур мешавад, ки ба меъёрҳои замонавии бехатарӣ ҷавобгӯ ҳастанд. Бино ба пешниҳоди вазорат, суръат дар минтақаҳое боло бурда хоҳад шуд, ки... Читать дальше...

Дар Самарқанд бидуни хулосаи ЮНЕСКО сохтмон манъ шуд

Ozodi.org 

Намояндагони ҳаракати умумимиллии "Юксалиш"-и Узбекистон баъди хабари эҳтимоли хориҷ кардани шаҳри Самарқанд аз Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО, аз шаҳр боздид карда, хостанд, бидуни хулосаи созмон дигар ҳеч гуна корҳои сохтмоние анҷом дод нашавад. Охирҳои моҳи июни соли равон маълум шуд, ки дар ЮНЕСКО тасмим доранд, Самарқандро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кунанд. Дар баёнияи ЮНЕСКО гуфта шуда буд, ки бунёди хона, меҳмонсарой ва иншооти нави дигар ба биноҳои таърихии шаҳри Самарқанд, ки арзиши фарҳангӣ доранд, осеб мерасонад. Читать дальше...

Захмӣ шудани даҳҳо тан дар таркиши Кобул

Ozodi.org 

Тибқи гузоришҳо, субҳи 1-уми июл таркиши сахте пойтахти Афғонистон шаҳри Кобулро ларзонд. Дар пайи ин таркиш, миёни ҳамлаварон ва нерӯҳои амниятии афғон даргириҳо сурат гирифтааст.  Нусрат Раҳимӣ, суханӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ки таркиш дар минтақаи Пули Маҳмудхон сурат гирифтааст. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон, то ба ҳол 38 захмӣ ба ин бемористонҳо интиқол дода шуда ва имкон дорад, ки мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" маҷрӯҳони бештарро ба шифохонаҳо интиқол диҳанд. Читать дальше...

Усулҳои шиканҷа дар тасвири наққоши тоҷик

Ozodi.org 

Рӯзи 26-уми июн дар як чорабинии бахшида ба Рӯзи мубориза бо шиканҷа наққошиҳои Фаррух Неъматзода, рассоми тоҷикро ба намоиш гузоштанд, ки дар онҳо усулҳои шиканҷа ва ранҷ кашидани қурбониёнро нишон медиҳад.

Эрдуғон: "Супурдани S-400 ба Туркия давоми 10 рӯзи оянда оғоз мешавад"

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Туркия мегӯяд, ки нахустин бахш аз системаи дифои мушакии S-400 давоми 10 рӯзи оянда ба кишвараш таслим карда мешавад. Эрдуғон бо вуҷуди эътирозҳои пайдарпайи Амрико гуфта буд, ки Вашингтон таҳриме алайҳи Анқара ҷорӣ нахоҳад кард.

Барои табобати Осия аз Олмон табиб оварданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Барои табобати Осияи шашсола, ки ду ҳафта пеш дар яке аз боғҳои Душанбе оташ зада шуд, аз Олмон табиб оварда шудааст. Масъулини Бемористони рақами 3-и пойтахт гуфтанд, ки як профессори олмонӣ ба муолиҷаи Осия Зулфонова оғоз кардааст.

Песков: суҳбати Мэй бо Путин дар бораи Скрипалҳо "тунд" буд

Ozodi.org 

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков мегӯяд, суҳбати сарвазири Бритониё Тереза Мэй бо президент Владимир Путин дар робита ба қазияи заҳролудшавии афсари пешини рус Сергей Скрипал "хеле тунд" буд.  Сухангӯи президентии Русия аз ироаи ҷузъиёти дигари суҳбати Путин бо Мэй худдорӣ кард. Вай танҳо гуфт, ҷониби Бритониё то ҳол ягон далелеро пешниҳод накардааст, ки айбдор будани Русияро дар қазияи заҳролудшавии Скрипал исбот кунад. Мулоқоти Мэй ва Путин дар саммити "Бистгонаи бузург" дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор шуд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *