Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2019

Новости за 19.07.2019

Хабари ФСБ муҳоҷирони тоҷикро ҳайрон кард

Ozodi.org 

Ҷамъияти тоҷикон ва муҳоҷирони тоҷик дар Ёқутистон мегӯянд, ки хабари Хадамоти Амнияти Федеролӣ дар бораи боздошти 20 шаҳрванди Тоҷикистон» бо гумони «ифротгароӣ» аз ҳақиқат дур аст.

Раҳбарони се маҳбаси Тоҷикистон иваз шуданд

Ozodi.org 

Дар сохтори марказии Сарраёсати зиндонҳои Вазорати адлия тағийрот сурат гирифт. Мирзонабии Холиқзод мегӯяд,ба думболи ду ошӯби маргбор ва ҳалокати 14 зиндонӣ раҳбарони се зиндон нав шуд.

Дархости кумак барои муолиҷаи Парвиз

Ozodi.org 

Парвизи 11-сола гирифтори бемории саратон мебошад ва барои наҷоти ӯ волидайн дасткӯтаҳанд. Парвиз ба шифо ёфтан умед мебандад. Умеде ки бо кӯмаки афроди хайрхоҳ метавонад бароварда шавад.

Ахбори Озодӣ аз 19-уми июли соли 2019

Ozodi.org 

Раҳбарони се маҳбаси Тоҷикистон нав шуданд, беш аз 10 ҳазор тоҷик соҳиби шаҳрвандии Русия шуд, ҳамоиши кӯдакони бозгашта аз Ироқ идома дорад ва дархости кумак ба тифли бемори тоҷик.

Миллионҳо сомонии Умед-88-ро ба нерӯгоҳи Роғун додаанд

Ozodi.org 

Хадамоти иҷро мегӯяд, аллакай аз фурӯши амволи ба фурӯшгузоштаи ширкати "Умед-88", ба ҳисоби нерӯгоҳи "Роғун" бештар аз 52 миллион сомонӣ ворид кард.Ҳамчунин аз амволи ин ширкат 22 миллион сомонӣ ба ҳисоби "Амонатбонк" ҳамчун зарари расонида шуда, пардохт гаштааст. Илёс Идрисзода, раиси Хадамоти иҷро рӯзи 19-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло қарзи ин ширкат дар назди будҷа бештар аз 118 миллион сомонӣ боқӣ мондааст. Ба гуфтаи раиси Хадамоти иҷро, нархи амволи боқимонда 121 миллион сомонӣ мебошад. Читать дальше...

Ҷонибдорони Отамбоев ба "ҳамла"-и мақомот омода мешаванд

Ozodi.org 

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистонро вазорати корҳои дохилии он кишвар бори севум ба бозпурсӣ даъват кард. Ин бозпурсӣ бояд субҳи имрӯз,19-уми июл баргузор мешуд. Отамбоев бори севум ба бозпурсӣ ҳозир нашуд. Кундуз Жолдубоева, ёвари Отамбоев дар саҳифаи "Фейсбук" навишт, ки "манобеи муътамад хабар доданд, ки фармони бо истифода аз неру боздошти Отамбоев содир шудааст". "Амалиёти боздошт қарор аст, нимаи дувуми рӯзи 19 июл бо истифода аз 1,5 ҳазор корманди мақомоти қудратӣ роҳандозӣ шавад. Читать дальше...



Дар Ҷопон дар натиҷаи оташсӯзии як коргоҳ 20 одам кушта шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Киотои Ҷопон дар пайи оташ задани коргоҳи Kyoto Animation на камтар аз 20 одам кушта шудааст. Ба иттилои хадамоти оташнишонии шаҳр, 36 тани дигар дар бемористон бистарӣ шуданд. Оташ субҳи рӯзи панҷшанбе сар зад. Гумонбари 41-сола дар дохили коргоҳ маводи сухт пошида, онро оташ задааст. Дар ин бора худи гумонбар иттилоъ дод. Ӯ низ дар бемористон бистарӣ шуд. Дар бораи далелҳои ин оташсӯзӣ ҳанӯз хабаре нашр нашудааст. Коргоҳи Kyoto Animation соли 1981 таъсис шудааст. Ин коргоҳ ба таҳияи филмҳои тасвирӣ машғул аст.

Марги як нақбкан дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ

Ozodi.org 

Дар ҳудуди нақби Артемеви вилояти Қазоқистони Шарқии Қазоқистон як коргар ҳангоми таркондани нақб кушта шуд. Ин ҳодиса шоми 17 июл рух дод. Ба иттилои ширкати KAZ Minerals, коргар ҳангоми анҷом додани таркиш вафот кардааст. Ширкат марги коргарро "ҳодиса нохуш" унвон мекунад. Барои таҳқиқи ин ҳодиса комисияи махсус таъсис шудааст. Нақби Артемев дар наздикии шаҳри Шемонаих ҷойгир аст. Ба иттилои KAZ Minerals, дар ин нақб ҳудуди 1200 одам кор мекунад. KAZ Minerals бузургтарин тавлидкунандаи мис дар Қазоқистон унвон мешавад. Читать дальше...

Озодӣ Онлайн: "Милисаҳои мо на хоҳар мемонанд, на модар"

Ozodi.org 

. Бараҳна кардани муҳоҷирони тоҷик дар Русия албатта ёдатон ҳаст. Аввал дар ҳамин бора суҳбат мекунем ва сипас дар бораи зиндагӣ дар Тоҷикистон. Додситонии Тоҷикистон мунтазир аст, ки мақомоти Русия бигӯянд, чаро баъди боздошти чанд муҳоҷир, милисаҳои рус онҳоро нимбараҳна ва масхара карданд.

Тағйирот дар Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Тоҳир Нурзода, муовини мудири Оҷонси мубориза бо коррупсияро аз кор озод карда ва ба ҷойи ӯ Музаффар Аҳмадзодаро таъйин кардааст. Дар қарори раиси ҷумҳур аз рӯзи 19-уми июл омадааст, ки Тоҳир Нурзода ба сабаби гузаштан ба кори дигар, аз мақомаш озод карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо қарори дигаре Ҷамшед Саидшозодаро, муовини аввали мудири ҳамин ниҳод таъйин кардааст.

Вакили дифоъро нагузоштанд бо Гулнора Каримова мулоқот кунад

Ozodi.org 

Раҳбарияти зиндони Зангиотаи Узбекистон ба вакили дифои Гулнора Каримова иҷозаи мулоқот бо зерҳимояашро надод. Ҳуқуқшиноси швейсарии духтари калонии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов гуфт, ки рӯзи чоршанбе тахминан шаш соат пушти дари зиндони занонаи воқеъ дар канораҳои Тошканд мунтазир монд, вале ба ӯ иҷозаи мулоқот бо Каримова дода нашуд. Грегуар Манжа, вакили Гулнора Каримова рӯзи панҷшанбе ба бахши Узбекии Радиои Озодӣ (Радиои Озодлик) гуфт, ки баҳонаи расмии роҳ надодани ӯ ба дохили зиндон ин буд... Читать дальше...

Баҳодур Усмонов дар нимфинали Ҷоми президенти Қазоқистон

Ozodi.org 

Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба бокс барои Ҷоми президенти Қазоқистон, ки дар шаҳри Нурсултон ҷараён дорад, дар рақобатҳо дар вазни зери 63 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард.

Пешниҳод барои таҳрими даҳҳо корманди ФСБ-и Русия

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз вакилони амрикоӣ санадеро барои баррасӣ пешниҳод кардаанд, ки таҳрим кардани чанде аз кормандони ФСБ, Хадамоти Федеролии Амнияти Русияро дар назар дорад. Ин кормандон дар боздошти 24 маллоҳи украинӣ дар наздикии гулӯгоҳи Керч нақш доранд. Муаллифони тарҳи санад рӯзи 18-уми июл гуфтанд, ки ҳадаф аз таҳияи тарҳ таҳрими 24 узви баландпояи ФСБ ва шарикони онҳо аст. Вакилони демократ Марсӣ Кейптер, Майк Куили ва вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, Эндӣ Ҳаррис ва Брайан Фитзпатрик дар як баёнияи муштарак гуфтанд... Читать дальше...

Таркиш дар Кобул 6 нафарро кушт

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи таркиш дар назди дарвозаи Донишгоҳи Кобул 6 нафар кушта шудаанд ва 10 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. То кунун касе маъсулияти ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст ва маълум нест, ҳамла маргталабона аст ва таркиши бомбе, ки аз дур ба кор андохта шудааст. Фирдавс Фаромарз сухангӯи идораи пулиси Кобул гуфт, баъди таркиш дар рӯзи 19-уми июл ду мошин оташ гирифтааст. Ӯ афзуд, маъмурони пулис як бомби дигари нотаркида дар наздикии маҳалли таркишро хунсо кардаанд. Читать дальше...

Курт Волкер қарори Русияро танқид кард

Ozodi.org 

Курт Волкер, фиристодаи махсуси Амрико барои Украина гуфт, осон кардани гирифтани шаҳрвандии Русия барои сокинони вилоятҳои Донетск ва Луганск монеи талошҳо барои хотимаи ҷанг дар шарқи Украина мешавад.  Дар ин ҷанги панҷсола дар Украина ҳазорон нафар куштаву захмӣ шудаанд. Волкер рӯзи 18-уми июл дар Твитер навишт, қарори Русия мисли “магаси озордиҳанда дар рӯи инсон аст ва мухолифи рӯҳияи мувофиқатномаҳои сулҳи Минск аст. Ӯ аз Русия хост, аҳдҳои додааш бар асоси ин созишро иҷро кунад. Созиши оташбасе... Читать дальше...

Трамп: "Ҳавопаймои бесарнишини эрониро сарнагун кардем". Зариф: "Хабар надорем"

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, киштии ҷангии USS Boxer-и он кишвар як ҳавопаймои бесарнишини эрониро, ки ба ҳазорметрии он наздик шуда буд, сарнагун кардааст. Вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки дар ин бора хабаре надорад.

Заҳролудшавии 68 шаҳрванди Узбекистон дар Самараи Русия

Ozodi.org 

Шасту ҳашт шаҳрванди Узбекистон, ки дар як корхонаи вилояти Самараи Русия кор мекарданд, бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бистарӣ шуданд. Дар ин бора Консули генералии Узбекистон дар шаҳри Қазони Русия хабар дод. Роҳбарияти корхона мегӯяд, ҳамаи муҳоҷирон фаъолияти қонунӣ дошта, дар асоси шартнома кор мекунанд. Корфармо хабар дод, ки харҷи табобати муҳоҷиронро мепардозад. Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Самара пештар аз ин хабар дода буд, ки рӯзҳои 16 ва 17 июл 46 муҳоҷири узбекистонӣ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуданд. Читать дальше...

Узбекистон 177 шаҳрвандашро аз Сурия бозмегардонад

Ozodi.org 

Узбекистон ба бозгардонии 177 шаҳрвандаш аз Сурия омодагӣ мебинад. Дар ин бора мақомоти Узбекистон хабар доданд. Шаҳрвандоне, ки қарор аст, баргардонида шаванд "дар урдугоҳи "Ал-Хол"-и вилояти Хасеки Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Шахсияти онҳо муайян шудааст. Аз ин шумор 48 тан зан ва боқимонда кӯдакон ҳастанд". Мақомоти Узбекистон 30 май 156 танро бо ҳавопаймои махсус аз Сурия ба Тошканд оварданд. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев, президенти он кишвар шахсан дастури баргардонии шаҳрвандонро аз Сурия додааст. Читать дальше...

Отамбоев бори севум ба бозпурсӣ даъват шуд

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Қирғизистон президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро бори севум барои бозпурсӣ даъват кард. Бар асоси даъватномаи вазорат, Отамбоев бояд 19 июл ба ин ниҳод ҳозир шавад. Маъмурони пулис даъватномаро 18 июл ба манзили зисти Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош бурда, ба раҳбари ситоди ҷонибдорӣ аз президенти пешини Қирғизистон Кияз Смаилов супурдаанд. Отамбоев пештар низ ду бор барои бозпурсӣ ба Вазорати умури дохилии Қирғизистон даъват шуда буд. Вале вакили дифои Отамбоев -- Сергей Слесарев изҳор дошт... Читать дальше...

Фаъоли қазоқ пас аз 11 рӯзи ҳабси маъмурӣ дубора боздошт шуд

Ozodi.org 

Сокини шаҳри Алмато Калас Нурпеисовро, ки дар ҷараёни эътирозҳои 6 июл дастгир ва 11 рӯз ҳабс шуда буд, субҳи 17 июл бо ҷурми "иштироки дубора дар тазоҳуроти беиҷозат" боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурданд. Наздикони Нурпеисов мегӯянд, фаъоли қазоқ бар асоси банди "Иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" боздошт ва ба шуъбаи пулис интиқол дода шудааст. Талошҳо барои дарёфти назари Департаменти пулиси Алмато дар ин замина бенатиҷа буданд. Вакили дифои Нурпеисов, ки худро Абзал муаррифӣ кард, гуфт... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *