Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2019

Новости за 28.07.2019

Бозии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ "дӯстона" анҷом ёфт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 18-солаи футболи Тоҷикистон бозии аввали дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ҳамла ба дафтари Амрулло Солеҳ дар Афғонистон

Ozodi.org 

Бино ба гузоришҳо афроди мусаллаҳ ба қароргоҳи Амрулло Солеҳ номзад ба мақоми муовини раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамла кардаанд. Ҳамла рӯзи 28-уми июл дар нахустин рӯзи маъракаи интихоботии раёсати ҷумҳурӣ сурат гирифт. Қарор аст, интихобот рӯзи 28-уми сентябр баргузор шавад. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки афроди мусаллаҳ баъди таркиши бомб дар назди дафтари Амрулло Солеҳ, ба бино ворид шудаанд. Худи ӯ, ки дар гузашта сардори Раёсати амнияти миллии Афғонистон буд, беосеб аз маҳалли ҳамла берун оварда шудааст. Читать дальше...

Ҷангҷӯён 10 сарбози Покистонро куштаанд

Ozodi.org 

Артиши Покистон гуфт, дар ҳамлаҳои ҷудогонаи ҷангҷӯён дар вилояти Вазиристони Шимолӣ ва Балучистон 10 сарбозашро талаф додааст. Аз ҷумла рӯзи 27-уми июл гурӯҳе аз ифротиён аз марзи Афғонистон ба як посгоҳи сарбозон дар Вазиристони Шимол шимолӣ ҳамла карда, 6 сарбозро куштаанд. Таҳрики Толибони Покистон масъулияти қатлро бар дӯш гирифт. Ин вилояти қабоилнишин солҳост, яке аз паноҳгоҳҳои Толибон ва дигар созмонҳои ифротгарои исломӣ ба ҳисоб мерафт. Баъди амалиётҳои артиш дар соли 2014 бисёре аз тундравон ба Афғонистон гурехтаанд. Читать дальше...

Толибон гуфтанд, гапи вазири сулҳ нодуруст аст

Ozodi.org 

Толибон баёнияи як вазири афғон дар бораи барномаи музокироти мустақим бо ин гурӯҳи ифротиро рад кард. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар рӯзи 28-уми июл гуфт, ин гурӯҳ фақат замоне бо ҳукумат мустақим гуфтӯгу мекунад, ки бо Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ба мувофиқа бирасанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи дигари Толибон гуфт, ки “ҳеҷ гуна мувофиқате” барои гуфтӯгу бо намояндагони ҳукумат ҳосил нашудааст.  Ӯ афзудааст, ки вақте бо Амрико ба созиш расиданд, он замон... Читать дальше...

Русияро барои боздошти тазоҳургарон танқид карданд

Ozodi.org 

Пулиси Русия дар як рӯз бештар аз 1300 нафар тазоҳургарро, ки ба зидди қонуншиканиҳо дар сабти номи номзадҳои интихоботӣ эътироз доштанд, дастгир кардааст. Дар ин бора созмонҳои ғайриҳукуматӣ хабар додаанд. Маъмурони пулис рӯзи 27-уми июл садҳо тазоҳургарро, ки дар назди шаҳдории Маскав ҷамъ омаданд, калтаккӯб ва дастгир кард. Саркӯби тазоҳургарон баъди ҳаракати онҳо ба дигар гӯшаҳои Маскав идома ёфт. Онҳо ҳангоми раҳпаймоӣ “Русия бидуни Путин” шиор медоданд. Иттиҳодияи Аврупо ва дигар созмонҳои... Читать дальше...

Генерали рус дар Душанбе аз амалиёт дар Сурия мегӯяд

Ozodi.org 

Яке аз фармондеҳони баландпояи Русия ба Душанбе сафар кардааст ва қарор аст, дар ҳузури ҳайати фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар бораи амалиёти нерӯҳои кишвараш дар Сурия сӯҳбат кунад. Хабаргузории давлатии “Спутник” рӯзи 27-уми июл хабар дод, ки генерал Александр Лапин, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҳавзаи марказӣ дар ҳамин рӯз вориди Душанбе шудааст. Дар хабар омадааст, ки генерали рус бо раҳбарони вазорати дифои Тоҷикистон дар бораи масоили умдаи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ... Читать дальше...

Зариф ва Алавӣ дар Теҳрон чӣ гуфтанд?

Ozodi.org 

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон бо Юсуф бин Алавӣ ҳамтои худ аз Уммон мулоқот кард. Уммон дар гузашта ба ҳайси кишвари бетарафе байни Амрикову Эрон миёнҷигарӣ кардааст. Мулоқот рӯзи 27-уми июл дар Теҳрон ва дар замоне сурат гирифт, ки танишҳо байни Амрико ва шарикони он дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз авҷ гирифтааст.  Ин гулӯгоҳ дар Халиҷи Форс яке аз роҳҳои ҳаётии ҳаракати киштиҳои нафткаш дар ҷаҳон аст. Уммон дар гузашта барои гуфтугӯ байни Амрикову Эрон миёнҷигарӣ кардааст ва гуфтааст, ки бо “тарафҳои дигар” кор мекунад... Читать дальше...

Роҳи "маргу зиндагӣ" дар Тоҷикистон мунтазири таъмир

Ozodi.org 

Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Қулма барои Тоҷикистон шоҳроҳи муҳими стратегии байналмилалӣ ба шумор меравад, вале бо вуҷуди ин қисматҳои зиёди он ноҳамвору хатарнок аст. Солона дар ин роҳ даҳҳо ронандаву мусофир ҷон медиҳанд. Як сабаби фалокатҳои маргбор низ харобии роҳ аст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *