Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2019

Новости за 07.07.2019

Могеринӣ дар бораи озодии баён дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Федерика Могеринӣ масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки иттиҳодия дар масъалаи озодии баён дар Тоҷикистон бетараф нест ва ин масъаларо ҳамеша бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар миён мегузорад.

Кашфи 11 муҳоҷири эронӣ дар дохили қаторе дар Австрия

Ozodi.org 

Пулиси Австрия мегӯяд, 11 муҳоҷири эрониро, ки мехостанд, ба Олмон бираванд, аз як қатори боркаши пур аз яхдон пайдо карданд. Мақомоти расмӣ рӯзи 6-уми июл гуфтанд, муҳоҷиронро дар ҳангоми таваққуф дар шаҳри Фурнитз дар ҷануби Австрия пайдо кардаанд. Аз ҳузури муҳоҷирон баъди он хабардор шудаанд, ки онҳо баъди 40 соати сафар дар қатори боркаши мӯҳрзада, аз дохил садо баровардаанд. Қатор аз Словения ба Австрия ворид шудааст. Муҳоҷирон ба мақомот гуфтаанд, ки қочоқбарон онҳоро дар шаҳри Сиди Сербистон... Читать дальше...

Ба хабарнигор амр доданд, аз Қазоқистон биравад

Ozodi.org 

Додгоҳи Қазоқистон ба хабарнигори телевизиони Настояшее Время амр дод, кишварро тарк кунад ва ӯро 5 сол аз ҳаққи баргашт ба кишвар маҳрум кард. Додгоҳ рӯзи 5-уми июл гуфт, ки Жазгул Эгамбердиева хабарнигори қирғиз муқаррароти иқомат дар Қазоқистонро риоят накардааст ва 10 рӯз фурсат дорад, кишварро тарк кунад. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки ӯ ба идораи пулис гузориш надодааст,  ки бештар аз 30 рӯз мемонад. Телевизиони Настояшее Время гуфт, ки сабабҳои амри додгоҳро таҳқиқ мекунад. Жазгул Эгамбердиева... Читать дальше...

Интиқоди Сурияву Русия барои амалиёт дар ду вилоят

Ozodi.org 

Як созмони нозири ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Сурия дар охирин таякгоҳи ошӯбгарон дар шимолуғарби кишвар 544 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Ба гуфтаи Шабакаи Ҳуқуқи Инсон дар Сурия, ки дар Бритониё қароргоҳ дорад, дар ин амалиёт, ки ду моҳ пеш оғоз ёфт, Русия ба нерӯҳои давлатӣ кӯмак мерасонад. Созмони мазкур, ки талафот дар ҷанги Сурияро ҳисоб мекунад, рӯзи 5-уми июл дар бораи қурбониён ба Созмони Милал гузориш дод ва гуфт, низомиёни Русия ва шарикони суриягии онҳо... Читать дальше...

Шуруи муколамаи байнулафғонӣ ва Толибон дар Қатар

Ozodi.org 

Даҳҳо нафар аз намояндагони Афғонистон ба шумули сиёсатмадорон, занони фаъол ва дигар намояндагони ҷомеаи маданӣ дар нишасти байнулафғонӣ дар Қатар бо Толибон гуфтӯгу мекунанд. Толибон гуфтанд, 17 намояндаашонро ба муколама фиристодаанд, вале аз ҳукумат касе дар нишаст ҳузур надорад. Чанд соат пештар аз шуруи нишаст дар Доҳа, пойтахти Қатар Толибон масъулияти бомбгузории маргталабаон дар шаҳри Ғазниро бар дӯш гирифтанд, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта ва 150 тани дигар захмӣ шуданд. Таркиш дар як қароргоҳи амниятӣ субҳи 7-уми июл рух дод... Читать дальше...

Мулоқоти вазири тоҷик бо дипломати баландпояи Иттиҳодияи Аврупо

Ozodi.org 

Федерика Могеринӣ, сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 6-уми июл бо Сироҷиддини Мӯҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек мулоқот кард, Мулоқот дар ҳошияи нишасти Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Ду тараф дар бораи ҳамкориҳо суҳбат карданд.

"Ҷин"-и харобкор дар хонаи сокини ноҳияи Фархор

Ozodi.org 

Як сокини ноҳияи Фархор аз ҳодисаҳои ғайриоддӣ дар хонааш шикоят дорад. Мегӯяд, хонааш оташ мегирад, дар девор навиштаҳои пайдо мешаванд ва ғайраву ҳоказо. Намедонад, ин корро кӣ мекунад. Мақомот гуфтаанд, ки ҳеҷ чизе нест.

"Ҷин"-и харобкор дар хонаи сокини Фархор? ВИДЕО

Ozodi.org 

Як сокини ноҳияи Фархор иддао дорад, ки чаҳор сол боз хонаводаи ӯро ҳодисаҳои ғайривоқеӣ дунболагир буда, азият медиҳад. Вале санҷиши ин иттилоъ ва исботи илмии он дастрас нест.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *