Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2019

Новости за 02.07.2019

Ахбори Озодӣ аз 2-уми июли соли 2019

Ozodi.org 

Додгоҳи Русия узви тоҷикистонии гурӯҳи ҷиноии "GTA"-ро гунаҳгор донист, Ниҳоди ҳуқуқи башари СММ вазъи Тоҷикистонро баррасӣ мекунад, ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев вафот кард, телевизиони мустақил мунтазири иҷозатномаи пахш аст ва матолиби дигар.

Мулоқотҳо бо мухолифони тоҷик ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Женева

Ozodi.org 

Намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии марбут ба мухолифони тоҷик дар хориҷ мегӯянд, баргузории мулоқотҳои алоҳида бо онҳо ва намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии дохили Тоҷикистон нишондиҳандаи вазъи бади ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Ҷамшед Ёров, вакили дифоъ ва намояндаи созмони Human Rights Vision Foundation дар Ҳолланд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи муқаррарот намояндагони Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал бояд қабл аз баррасии гузориши Тоҷикистон бо аъзои созмонҳои ғайриҳукуматӣ сӯҳбат... Читать дальше...

Зани 72-солаи узбек мехоҳад, ба донишгоҳ дохил шавад

Ozodi.org 

Дар Узбекистон зани 72-солае ҳуҷҷатҳои худро барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии Фарғона пешниҳод кардааст. Дар ин бора сардори Маркази миллии тестии Узбекистон Барно Раҷабов ба рӯзноманигорон хабар дод. Ҳуҷҷатҳои зан бар асоси қоидаҳои наве қабул шуданд, ки маҳдудияти сину солиро ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо бекор мекунанд. Ҳамчунин довталабони узбек аз ин ба баъд вазифадор нестанд, ки барои дохил шудан ба донишгоҳҳо маълумотномаи тиббӣ (Форма-086) пешниҳод кунанд. То ба имрӯз беш аз... Читать дальше...

Дар Қирғизистон ҳудуди 100 меҳмони як тӯй заҳролуд шуданд

Ozodi.org 

Дар ҷараёни тӯйи арӯсие, ки 29 июн дар қаҳвахонаи "Мегаполис"-и шаҳри Токмоки Қирғизистон баргузор шуд, ҳудуди 100 меҳмон заҳролуд шуданд. Ба ин ҷашн 256 кас аз шаҳрҳои Токмоку Бишкек ва ноҳияи Иссиқкӯл даъват шуда буданд. Нишонаҳои заҳролудшавӣ дар меҳмонон пас аз як рӯз - 1 июл мушоҳида шуда, рӯзи 2 июл шумори онҳо то ба 93 нафар афзоиш ёфт. 39 кас дар беморхона бистарӣ шуда, 54 тани дигар дар хона табобат мегиранд. Табибон вазъи заҳролудшудаҳоро "вазнини миёна" арзёбӣ мекунанд. Ниҳодҳои... Читать дальше...

Зиёни сокинони Ариси Қазоқистонро $11,7 миллион баҳо доданд

Ozodi.org 

Мақомоти Қазоқистон тасмим доранд, ба ҳар кадом сокини шаҳри Ариси он кишвар бештар аз 250 долларӣ ҷуброн пардохт кунанд. Дар маҷмуъ барои пардохти ҷуброни сокинон 11,7 миллион доллар харҷ хоҳад шуд. Дар ин бора муовини ҳокими вилояти Туркистони Қазоқистон Жолдимурод Амонбоев хабар дод. Мақомот ин маблағро аз буҷаи вилояту ҷумҳурӣ, инчунин фонди кумакҳо ба сокинони Арис рӯёниданӣ ҳастанд. "Дар ҳоли ҳозир ба ин фонд бештар аз 3 миллион доллар ворид шудааст",-гуфт Амонбоев. "Ҳамаи маблағҳои бунёд ба сокинони шаҳр дода мешавад. Читать дальше...



Бритониё мумкин аст, аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шавад

Ozodi.org 

Ҷеремӣ Хант, вазири корҳои хориҷии Бритониё рӯзи душанбе гуфт, Лондон метавонад, аз иҷрои созишномаи ҳастаӣ бо Теҳрон хориҷ шавад. Хант яке аз ду довталаби мақоми сарвазирии Бритониё аст. Ин эҳтимолро вай баъди эъломи мақомоти Эрон рӯи даст гирифт, ки гуфтанд, сарфи назар аз созишномаи ҳастаии соли 2015, ғанисозии уранро аз сар мегиранд. Доналд Трамп, президенти ИМА ҳам гуфт, Эрон "бо оташ бозӣ мекунад". Трамп афзуд, ҳарфе барои гуфтан надорад, аммо Теҳрон хуб дарк мекунад, ки чи коре анҷом медиҳад. Читать дальше...

Facebook чораҳои муборизаро бо дурӯғпароканӣ эълон кард

Ozodi.org 

Шабакаи иҷтимоии Facebook як силсила қоидаҳои навашро нашр кард, ки барои пешгирӣ аз нашри ахбори дурӯғ дар ин расона равона шудаанд. Аз ҷумла он даъватҳои ширкат накардан дар интихоботро манъ мекунад. Ҳадаф аз қоидаҳои нав роҳ надодан ба ҳуққабозӣ бо афкори ом дар корзори интихоботии соли 2020 дар Амрико ва маъракаи саршумори аҳолии ин кишвар дар соли оянда аст. Соли гузашта шабака нашри маводи таблиғотии дурӯғ ва ҷустор ё постҳои беасоси марбут ба ҷой ва замони раъйдиҳиро манъ карда буд. Ин дар золест... Читать дальше...

Даргузашти ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев

Ozodi.org 

Раҷабгул Каримова, ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, субҳи 2-юми июл дар сини 67-солагӣ дар Душанбе ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Худи Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳоли ҳозир дар сафари корӣ дар Русия қарор дорад.  Сабаби даргузашти ҳамсари раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон то ба ҳол маълум нест. Сомонаи "Ахбор.ком" бо такя ба наздикони ӯ навиштааст, ки ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев бемории ҷиддие надошт ва фақат чанд рӯзи охир аз дарди гулӯ ранҷ мекашид. Аз Шӯрои уламои... Читать дальше...

CPJ хост, иҷозаномаи кори Барот Юсуфиро баргардонанд

Ozodi.org 

Як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон аз мақомоти Тоҷикистон хост, иҷозаномаи кори Барот Юсуфӣ хабарнигори Радиои Озодӣ баргардонанд. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар Ню Йорк рӯзи 1-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ ҳамчунин гуфт, мақомот бояд истифодаи иҷозаномаро (акредитатсия) ба ҳайси васила барои сензура бас кунанд. Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар кумита дар ин баёния гуфтааст:  “Ҳукумати Тоҷикистон пайваста иҷозаи кор ба ҳайси абзоре барои монеъ шудан ба... Читать дальше...

Трамп: "Эрон бо оташ бозӣ мекунад". Теҳрон: "Ба фишорҳо тан намедиҳем"

Ozodi.org 

Президенти Амрико пас аз эълони хабари афзоиши ураниуми ғанишуда аз сӯи Эрон, гуфт, Ҷумҳурии исломӣ "бо оташ бозӣ мекунад". Вазири умури хориҷии Амрико низ ба ин таҳаввулот вокуниш нишон додааст. Эрон мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ ба фишорҳои Амрико тан намедиҳад.

Ихроҷи коргарони лубнонӣ баъди нашри акси ҷанҷолбарангези як духтари қазоқ

Ozodi.org 

Мудири кулли ширкати сохтмонии Consolidated Contracting Engineering & Procurement S.A.L. Offshore (CСЕР) Кауаш Ҳишом субҳи 1 июл дар муроҷиати видеоие аз қазоқистониҳо узрхоҳӣ кард. Рӯзи 29 июн дар вилояти Атирауи Қазоқистон бо ширкати коргарони CСЕР беназмӣ сар зад. Ин ширкат паймонкори ширкати нафтии "Тенгизшевройл" аст, ки ба истихроҷ ва сохтмони корхонаи коркарди нафт машғул аст. "Бо даст рӯи сина, ман изҳор медорам, ки ширкати мо ба бародарони қазоқистонӣ эҳтироми амиқ қоил аст. Ман бори дигар мехоҳам... Читать дальше...

Шаҳрдори пешини Бишкек мехоҳад зидди Отамбоев гирдиҳамоӣ ташкил кунад

Ozodi.org 

Наримон Тюлеев, шаҳрдори пешини Бишкеки Қирғизистон гуфт, бо ҳадафи ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи он кишвар ситод ташкил мекунад. Вай афзуд, ситод ба хотири "таъмини қонуният ва субот дар кишвар" таъсис мешавад. Ба гуфтаи Тюлеев, ситод ангезаи сиёсӣ нахоҳад дошт ва ҳадафҳои ҳеч кадом аз ҷонибҳоро дунбол нахоҳад кард. "Мо ҷонибдори ҳукумат ва Ҷеенбеков нестем ва бо Отамбоев ҳам мухолифат надорем. Мо танҳо амалисозии қонунро мехоҳем",-гуфт вай. Шаҳрдори пешин аз Роза Отунбоева... Читать дальше...

Дар Туркманистон интиқоли пул ба хориҷ мушкилтар шуд

Ozodi.org 

Дар бонкҳои вилояти Дашоғузи Туркманистон ҳангоми интиқоли маблағ аз сокинон нусхаи ҳамаи саҳифаҳои шиносномаро талаб мекунанд. "Аз 25 июл барои волидоне, ки тавассути низоми "Western Union"пул мефиристанд, қоидави нав ҷорӣ шудааст. Ҳангоми интиқоли маблағ нусхаи 48 саҳифаи шиносномаи хориҷиро талаб мекунанд. Дар гузашта танҳо нусхаи саҳифаи аввал ва саҳифаҳоеро талаб мекарданд, ки муҳри гузариш аз марзро доштанд",-гуфт як сокини Дашоғуз. "Western Union" дар ҳоли ҳозир ягона низомест, ки сокинони Туркманистон метавонанд... Читать дальше...

"Дар Тоҷикистон ҳоло сустхону хубхон як аст". ВИДЕО

Ozodi.org 

Садҳо хатмкунандаи мактабҳои миёна дар Тоҷикистон, бо умеди ба даст овардани унвони донишҷӯӣ, рӯзи 1-eми июл вориди марказҳои имтиҳонсупорӣ шуда, ба бастаи суолҳо посух гуфтанд. Суолҳое, ки сарнавишти баъдии онҳоро маълум мекунад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *