Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2019

Новости за 09.07.2019

Модари зиндонии даргузашта: Ба заҳролуд шудани писарам бовар надорам

Ozodi.org 

Саодат Солеҳова, як сокини ноҳияи Варзоб ва модари Некқадам Солеҳови 34-сола, зиндонии фавтида дар роҳи интиқоли зиндониён аз Хуҷанд ба Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми шустани ҷасади марҳум субҳи 8 июл, дар бадани вай, аз ҷумла тахтапушт ва пойҳояш, осори лату кӯб ва доғҳои сиёҳ мушоҳида шудааст. Вай гуфт, ки ба марги писараш бар асари заҳролудшавӣ бовар надорад ва аз президент дархост мекунад, ки аз ҳоли зиндониҳо бохабар шавад

Эълони Майк Помпео, ҳомиёни ҳуқуқро нигарон кард

Ozodi.org 

Ҳукумати раиси ҷумҳур Доналд  Доналд Трамп, рӯзи 8-уми июл гуфт, нақши ҳуқуқи инсон дар сиёсати хориҷии Амрикоро бознигарӣ мекунад ва кумиссиёнеро таъсис додааст, ки нигарониҳо дар бораи ҳуқуқи озодиҳои мазҳабӣ ва исқоти ҳамлро бештар мекунад.

"Ришва"-и 5000 сомонӣ ба Дилшод, ҳукми ҳабс ба Зикриё

Ozodi.org 

Зикриё Мирзоев, корманди пешини Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, бо туҳмат зиндонӣ шуд ва акнун се сол аст, талош дорад, "доғи судӣ"-ро аз рӯйи номи худ бардорад, вале касе ба додаш намерасад.

Ахбори Озодӣ аз 9-уми июли соли 2019

Ozodi.org 

Таҳқиқи марги маҳбусон дар роҳ, муҷозоти хабарнигори гурҷӣ барои таҳқири Путин дар барномаи телевизионӣ, анҷоми даври 7-уми музокироти сулҳи ИМА ва Толибони афғон, мусоҳиба бо сафири ИМА, гузориш дар бораи деҳаи беоб ва матолиби дигар.

Марги мармузи маҳбусон ва шубҳаи наздикони онҳо ба шарҳи расмӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Наздикони се маҳбуси фавтида мегӯянд, бовар надоранд, ки фарзанд ва хешонашон аз заҳролудшавӣ ба ҳалокат расидаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлатӣ гуфтанд, 14 зиндонӣ аз хӯрдани нон (хлеб) заҳролуд шуда, даргузаштаанд.



Федерика Могеринӣ: Мо мушкилиҳову ихтилофотро пинҳон намекунем

Ozodi.org 

Дар остонаи сафари Федерика Могеринӣ ба минтақа ҳомиёни ҳуқуқ аз ӯ хостанд, масъалаи риояти ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказиро бо намоядагони кишварҳои минтақа дар миён гузорад. Ричард Ҷозвияк, хабарнигори Радиои Озодӣ бо Федерика Могеринӣ як гуфтугуи ихтисосӣ анҷом дод.

Дар Қирғизистон як мардро барои ғорати дорухона зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Замир Кожоканов, сокини шаҳри Токмоки Қирғизистон аз дорухонае 350 доллар ғорат кард. Сарфи назар аз он ки вай ба пулис таслим шуд, додгоҳ ӯро 5 сол зиндонӣ ва 1000 доллар ҷарима кард. Замир мегӯяд, ба он хотир дуздӣ кардааст, ки барои харидани доруҳои духтараш маблағ надошт. Аммо ба маҳзи ин ки ҷинояташро дарк кард, пушаймон шуд. Саргузашти Замир Кожоканов дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи корбаронро ба бор овард. Бисёриҳо изҳори умедворӣ карданд, ки додгоҳ ҳукмашро нисбати Замир сабуктар мекунад. Читать дальше...

Президенти пешини Қирғизистон даъват ба бозпурсиро рад кард

Ozodi.org 

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барои бозпурсӣ ҳамчун шоҳид ба Вазорати корҳои дохилии ин икишвар даъват шуд, вале эълом дошт, ки он ҷо рафтанӣ нест ва пешниҳод кард, суолҳо ба намояндаи ӯ дода шаванд.

Хабарнигори The Guardian дар Узбекистон иҷозаи кор пайдо кард

Ozodi.org 

Ҷоанна Лилис, рӯзноманигори бритониёӣ дар Узбекистон иҷозаи кор пайдо кард. Дар ин бора вай дар саҳифаи Твиттер рӯзи 8 июл хабар дод. Ҷоанна Лилис барои нашрияҳое амсоли The Economist, The Guardian ва Eurasianet мақола менависад. 14 соли охир вай дар Қазоқистон фаъолият дошт. Моҳи ноябри соли 2018 хонум Лилис китоби "Сояҳои торик: асрори паси пардаи сиёсати Қазоқистон"-ро рӯнамоӣ кард. Ҷоанна Лилис ягона хабарнигори хориҷӣ аст, ки дар Узбекистон сабти ном шуд. 4 июни соли ҷорӣ Авазбек Тоҳиров... Читать дальше...

Табибони Ишқобод ба беморон ташхиси воқеӣ намегузоранд

Ozodi.org 

Дар Туркманистон ҳолатҳои гузоштани ташхиси нодуруст ба гирифторони бемориҳои сирояткунанда афзудааст. Ба гуфтаи сокинон, айни ҳол бемории гул баровардан афзудааст. "Имрӯзҳо кӯдакон аз бемории гул баровардан ранҷ мекашанд. Давоми се соли охир дар моҳҳои май то охири тобистон кӯдакон дар Ишқобод ба ин беморӣ гирифтор мешаванд",-гуфт як сокини Ишқобод. Аммо табибон ба кӯдакон гирифтор шудан ба ин бемориро ташхис намегузоранд. "Табибон мегӯянд, дастури шифоҳие ҳаст, ки бояд бемориҳои сирояткунандаро ташхис нагузорем. Читать дальше...

Сарвазири Ҳонконг "марг"-и қонуни истирдод ба Чинро эълом кард

Ozodi.org 

Кэррӣ Лам, роҳбари ҳукумати Ҳонконг эълом кард, ки лоиҳаи қонун дар бораи истирдод ба Чин "мурдааст". Вай ҳамзамон эътироф кард, таҳияи ин лоиҳа, ки боиси эътирози саросарии сокинон шуд, "комилан номувафаққона" буд. Аммо сарвазири Ҳонконг талаби асосии эътирозгаронро дар бораи бозхонди фаврии қонун иҷро накард. Эътирозҳо дар Ҳонконг як моҳ аст, ки идома доранд. Норозигии мардум баъди он сар зад, ки мақомот тасмим гирифтанд, қонуншиканон ва ҷинояткоронро ба Чин истирдод кунанд. Мунтақидон мегӯянд... Читать дальше...

Пулиси Қазоқистон гуфт, дар Рӯзи пойтахт 100 касро боздошт кард

Ozodi.org 

Вазири умури дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев гуфт, 6 июл - Рӯзи пойтахти ин кишвар дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато 100 нафар барои иштирок дар ҳамоишҳои эътирозии беиҷозат боздошт шуданд. Вале ба гуфтаи вазир, боздоштшудаҳо пас аз суҳбат раҳо шуданд. Бино ба иттилои "Настоящее время", 44 кас бо ҷурми иштирок дар тазоҳуроти беиҷозат ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд. Дар Рӯзи пойтахти Қазоқистон, ки 6 июл таҷлил шуд, дар шаҳрҳои Алмато, Нурсултон, Оқтеппа ва Чимкенти он кишвар гирдиҳамоӣ ташкил... Читать дальше...

Президенти пешини Қирғизистон барои бозпурсӣ ҳозир нашуд

Ozodi.org 

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев имрӯз барои бозпурсӣ ба бинои Вазорати умури дохилии ин кишвар ҳозир нашуд. Вакили дифои Отамбоев -- Сергей Слесарев изҳор дошт, ки шахси зери ҳимояаш ин бозпурсиро ғайриқонунӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, маҳрум кардани Отамбоев аз унвони президенти пешини Қирғизистон ғайриқонунӣ буд, зеро ӯ онро дар асоси қонуни ин кишвар аз соли 2003 соҳиб шуда буд. Слесарев афзуд, ки порлумони Қирғизистон қарори худ дар ин заминаро бар хилофи Конститутсия содир кардааст. Читать дальше...

Боздошти хабарнигори нашрияи Вазорати дифои Узбекистон бо гумони ифшои сиррӣ давлатӣ

Ozodi.org 

Хабарнигори нашрияи "Ватанпарвар"-и Вазорати дифои Узбекистон подполковники мустаъфӣ Владимир Калошини 68-сола 2-юми июл дар вилояти Тошканд бо гумони ифшои "сирри давлатӣ" боздошт шуд. Духтари Калошин Анастасия Епишева гуфт, зидди падараш бар пояи банди 162-уми Кодекси ҷиноии Узбекистон (Ифшои сирри давлатӣ) айб эълом карда шудааст. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, субҳи 2-юми июл панҷ мард дар либоси мулкӣ ҳамроҳи нозири минтақавӣ ба хонаи Владимир Калошин дар ноҳияи Юнусободи Тошканд омада, манзили зисти ӯро бозҷӯӣ кардаанд. Читать дальше...

Дар як сол ҳудуди 50 ҳазор зан аз хушунати хонаводагӣ ҷон бохтаанд

Ozodi.org 

Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ мегӯяд, дар як сол дар саросари дунё ҳудуди 50 ҳазор зану духтар дар пайи хушунати шарикон ё наздиконашон ҷон додаанд. Ба иттилои СММ, соли 2017 ҷамъан 87 ҳазор зан кушта шудааст. Дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳонаи ин сол 89 ҳазор одам ҷон бохтаанд. Муаллифони гузориш мегӯянд, шумори занҳое, ки дар пайи хушунати хонаводагӣ ҷон бохтаанд, назар ба соли 2012 афзоиш ёфтааст. Бештари хушунатҳои хонаводагии соли 2017 дар Осиё (ҳудуди 20 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст. Читать дальше...

Гумонбари терроризм Таурбеков дубора ба шуъбаи эҳёгарӣ интиқол ёфт

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон яке аз гумонбарони парвандаи "таблиғи терроризм" ва "барангехтани бадбинӣ" Жулдизбек Таурбеков шаби 7-уми июл дубора ба бахши эҳёгарии маркази бемориҳои дили шаҳри Алмато интиқол ёфт. Асемгул Жаугашева, модари Таурбеков гуфт, писараш чанд вақт буд, ки дар маркази мазкур табобат мегирифт, вале 6-уми июл ӯро ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Алмато интиқол доданд. Табибони марказ низ тасдиқ карданд, ки Таурбеков дубора бистарӣ шудааст. Таурбеков бори аввал 29-уми июни соли равон ба шуъбаи эҳёгарӣ интиқол ёфта буд. Читать дальше...

Дар Узбекистон бонки ҳуҷайраҳои бунёдии инсонро таъсис медиҳанд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон бо пешниҳоди Вазорати рушди навоварӣ дар асоси Маркази фанновариҳои пешрафтаи ин кишвар ва иштироки Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотӣ-илмии гематология ва хунгузаронӣ бонки ҳуҷайраҳои бунёдии инсон таъсис доданианд. Феҳристи бонк ба муассисаҳои тиббии Узбекистон маълумот дар бораи мавҷуд будани намунаи ҳуҷайраҳои бунёдиро барои пайванд ба бемороне пешниҳод хоҳад кард, ки аз саратон, камхунӣ, бемории шуоъ ва касалиҳои дигари вазнин ранҷ мебаранд. Дар сурати осеб дидани мағзи устухони худи бемор... Читать дальше...

Сокинони Ишқобод дар тамузи тобистон бе об монданд

Ozodi.org 

Рӯзи 7-уми июл дар натиҷаи сурох шудани лӯлаи об сокинони чанд бино дар шаҳри Ишқободи Туркманистон бе оби ошомиданӣ монданд. "Садамаи лӯла дар кӯчаи Кемин рух дод. Ҳамаи биноҳои ин минтақа бе об монданд", - гуфт як сокини маҳаллӣ. Ба гуфтаи ин сокин, мақомоти шаҳрдорӣ сокинонро бо оби ошомиданӣ таъмин накарданд. Дар ҳоле, ки солҳои гузашта ҳангоми сар задани садама дар қубурҳо сокинони беобмондаро тариқи мошинҳои обкаш бо об таъмин мекарданд. Сокинони Ишқобод мегӯянд, рӯзи 7-уми июл гармии ҳаво ба 40 дараҷа расида буд. Читать дальше...

Президенти пешини Қирғизистон Отамбоевро бозпурсӣ мекунанд

Ozodi.org 

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистонро вазорати корҳои дохилии он кишвар рӯзи 8-уми июл ба бозпурсӣ даъват кард. Карима Амонқулова, намояндаи хадамоти матбуоти ВКД гуфт, президенти пешин ба ҳайси шоҳид ба бозпурсӣ даъват шудааст. Кормандони пулис даъватнома ба бозпурсиро ба манзили Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош расонидаанд. Дар даъватнома нишон дода шудааст, ки бозпурсӣ субҳи рӯзи 9-уми июл доир мешавад. Отамбоев дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, тасмим надорад, дар бозпурсӣ ширкат кунад, зеро ба мақомот эътимод надорад. Читать дальше...

"Дину мазҳаби Шумо чист?" Суолҳои нав дар саршумори аҳолии Тоҷикистон

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон дар саршумори навбатии аҳолӣ дар соли 2020 шумораи пайравони динҳои мухталиф дар Тоҷикистонро дақиқ карданианд. Ин дар ҳолест, ки мумкин аст, чунин пурсиш гумону шубҳаи пайравони дин ва мазҳабҳои гуногунро ба миён орад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *