Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2019

Новости за 10.07.2019

Ҷемӣ Флай президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъйин шуд

Ozodi.org 

Шӯрои мудирони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) Ҷемӣ Флайро президент ва мудири иҷроии ин коргоҳ эълом дошт. Вай аз 1 августи соли равон ба кор сар мекунад. “Ҷемӣ барои сарварӣ ба RFE/RL дар ин давраи ҳалкунанда як гузинаи ғайриодӣ ва хеле хуб аст,” гуфт Кэн Вейнштейн, раҳбари шӯрои Бунгоҳи Расонаҳои Ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида (USAGM). “Рисолати RFE/RL дар пешниҳоди хабарҳои дуруст ба муштариёни ниёзманди маълумот ва таҳлилҳои поядор бар факт аз ҳарвақта дида ҳаётитар аст. Фаҳми Ҷемӣ аз сиёсати ҷуғрофӣ... Читать дальше...

Сипоси Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳамдардии мардум

Ozodi.org 

Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 10 июл ба воситаи шабакаи Фейсбук аз ҳамаи онҳое сипосгузорӣ кард, ки дар робита бо даргузашти ҳамсараш ба ӯ изҳори ҳамдардӣ намудаанд. Паёми кутоҳи ӯ дар камтар аз 20 соат аз тарафи 1,5 ҳазор корбари шабака писандида шуда, зиёда аз 600 шарҳ овард ва беш аз 130 бор паҳн карда шуд. Дар ин паём раҳбари порлумони Тоҷикистон бо суханони пурмеҳр аз ҳамсараш ёд карда, ӯро намунаи меҳрубонӣ, сабру таҳаммул ва покию накӯкорӣ номидааст. Рӯзигул Каримова... Читать дальше...

Олмон як маркази табодули илмиашро дар Душанбе баст

Ozodi.org 

Пас аз 15 соли фаъолият Хадамоти Табодули Академикии Олмон (DAAD) дафтараш дар Душанберо бастааст. Маркази иттилооти DAAD, ки то кунун ба таҳсили садҳо донишҷӯ ва унвонҷӯи тоҷик дар Олмон мусоидат кардааст, эълон кард, ки маркази мазкур аз рӯзи 30-уми июн фаъолияташро дар Тоҷикистон қатъ кардааст.

Ахбори Озодӣ аз 10-уми июли соли 2019

Ozodi.org 

Афви 114 пайрави пушаймоншудаи созмонҳои ифротӣ дар Суғд, шикваи модари маҳбуси фавтида, лаънатхонӣ ба наздикони муттаҳам дар ҷиноят дар Чеченистон ва матолиби дигар.

Кирокашҳои қирғизистонӣ дар Екатеринбург коршиканӣ карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия рӯзи 9 июл бештар аз сад қирғизистонӣ, ки ронандаи мусофиркашҳои ҷамъиятӣ ҳастанд, корпартоӣ карданд. Онҳо афзоиши моҳона ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатиашонро талаб доранд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, танҳо ронандаҳои қирғизистонӣ ба кор набаромадаанд. Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистону Узбекистон тибқи маъмул кор кардаанд. Гулбарчин Байимбетова, сухангӯи сафорати Қирғизистон дар Русия гуфт, ки сафир талабҳои қирғизистониҳоро шунидааст. Ба гуфтаи вай, консули Қирғизистон... Читать дальше...



Фаронса дороиҳои Гулнора Каримоваро ба Узбекистон бармегардонад

Ozodi.org 

Фаронса маблағи аз фурӯши амволи Гулнора Каримова ҳосилшударо ба ҳукумати Узбекистон медиҳад. Дар ин бора расонаҳои Фаронса рӯзи 9 июл хабар доданд. Ба гуфтаи Николя Байето, додситони фаронсавӣ, манзилҳои Гулнора дар Порис, вилла дар минтақаи Сен-Троп ва қасри де Груссе, воқеъ дар наздикии Версал ба фурӯш рафтаанд. Муфаттишони фаронсавӣ ошкор карданд, ки ин амвол аз ҳисоби пораҳои аз ширкатҳои хориҷӣ рӯёнидашуда харидорӣ шудаанд. Ба гуфтаи додситон Николя Баейто, гуфтугӯҳо миёни Узбекистону... Читать дальше...

Додситони Суғд аз "афви" 114 нафар хабар додааст

Ozodi.org 

Хабаргузории хусусии “Тоҷикта” мегӯяд, дар вилояти Суғд 114 нафарро, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешуданд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардаанд.  Хабаргузорӣ дар ин бора рӯзи 10-уми июл аз қавли Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилоят хабар додааст. Дар ҷаласаи васеи нимсолаи додситонӣ ӯ гуфтааст, ки ҳамаи 114 нафар барои узвият дар созмонҳои мамнӯъ ва ифротӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба муноқиша дар кишварҳои дигар муттаҳам мешудаанд. Ин теъдодро дар зарфи як соли гузашта баъди бозгашт аз хориҷ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардаанд. Читать дальше...

Зеленский: пули ҷашни Истиқлолро ба мардум диҳем

Ozodi.org 

Президент Володимир Зеленский пешниҳод кард, ки дар ҷашни Истиқлолияти Украина паради ҳарбӣ баргузор нашавад ва ба ҷойи ин 300 миллион ҳривна (12 миллион доллар) харҷи онро ба маоши ҳарбиён илова намояд.

IAEA барномаҳои атомии Эронро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар як нишасти ғайринавбатӣ барномаҳои атомии Эронро баррасӣ мекунад. Нишаст рӯзи 10-уми июл дар шаҳри Вена шурӯъ мешавад ва чанд рӯз баъд аз онки Эрон гуфт, аз иҷрои ду банди созиши атомии соли 2015 даст кашид. Нишасти изтирории шӯрои мудирони оҷонси мазкур, ки як муассисаи Созмони Милал аст, бо дархости Амрико сурат мегирад. Эрон эълон кард, ки дар посух ба хуруҷи Амрико аз созиши атомии соли 2015 ва барқарор кардани таҳримоти иқтисодӣ ба зидди кишвар, аз иҷрои ду банди созиш даст кашид. Читать дальше...

Virgin Galactic парвозҳои сайёҳиро ба кайҳон баъди як сол шуруъ мекунад

Ozodi.org 

Virgin Galactic, ширкати миллиардери бритониёӣ Ричард Брэнсон тасмим дорад, баъди як сол парвозҳои сайёҳиро ба кайҳон ба роҳ монад. Фурӯши саҳмияҳои ширкат дар бозори коғазҳои қимматнок бояд амалисозии ин тарҳро имконпазир гардонад. Ба гуфтаи мудири ширкат Хамат Палихапитӣ, чунин навъи сайёҳӣ давоми як сол фоидаовар хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир арзиши як ҷой дар ҳавопаймое, ки бояд ба кайҳон парвоз кунад, 250 ҳазор доллар баҳо дода мешавад. Давомнокии парвоз - бештар аз ду соатро дар бар мегирад. Сарфи назар аз гаронии билетҳо... Читать дальше...

Boeing мақоми аввали тавлидкунандаи ҳавопаймоҳоро аз даст медиҳад

Ozodi.org 

Ба иттилои расонаҳо, ширкати амрикоии Boeing мумкин аст, мақоми бузургтарин тавлидкунандаи ҳавопаймоҳо дар ҷаҳонро аз даст бидиҳад ва ин мақомро ширкати аврупоии Airbus соҳиб хоҳад шуд. Boeing сар аз соли 2012 соҳиби ин мақом буд. Аммо суқути ду ҳавопаймои навъи 737 MAX боиси зарбаи билқувва ба ин ширкат шуд. Рӯзи душанбе ширкати ҳавопаймоии Flyadeal аз Арабистони Саудӣ фармоиши хариди ҳавопаймоҳо аз Boeing-ро бекор ва аз ширкати Airbus ҳавопаймо супориш дод. Зарари молии Boeing қариб 6 миллиард доллар баровард карда мешавад. Читать дальше...

Талафот аз обхезӣ дар Иркутск зиёдтар шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Русия мегӯянд, талафот аз обхезӣ дар вилояти Иркутск дар Сибир ба 24 нафар расид. Мақомоти расмӣ гуфтанд, то рӯзи 10-уми июл марги 24 нафар дар фалокати табиӣ собит шудааст ва 9 нафари дигар ҳанӯз бенишон ҳастанд. Баъди обхезӣ ҳамчунин ба гуфтаи мақомот,  485 нафар аз ҷумла 116 кӯдакро барои муолиҷа ба шифохонаҳо бурдаанд. Дар обхезиҳо дар вилояти Иркутск, ки рӯзи 1-уми июл шурӯъ шуд, 107 шаҳраку деҳот осеб дидаанд. Тақрибан 11 ҳазор хона вайрон шудааст ва ва 33 ҳазор нафар бехонаву дар мондаанд. Читать дальше...

Бо пули ҷаримаҳои "Шаҳри бехатар"-и Бишкек мошини "ёрии таъҷилӣ" мехаранд

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон мехоҳанд, як қисми даромади будҷаи шаҳри Бишкекро аз ҷаримаҳои тарҳи "Шаҳри бехатар" ба беҳсозии низоми ёрии таъҷилии тиббӣ равона созанд. Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, сарвазир Муҳаммадқулӣ Абилғозиев ба тартиби ташкил ва истифодаи пули ҷаримаи садамаҳои нақлиётӣ дар ин кишвар тағйиру иловаҳо ворид кард. Ҳукумати Қирғизистон қарор кардааст, ки 50%-и пули ҷаримаҳоро ба ҳисоби Бунёди бимаи ҳатмии тиббӣ барои харидории мошинҳои "ёрии таъҷилӣ", дастгоҳҳои зарурӣ ва ифтитоҳи истгоҳҳои нави "ёрии таъҷилӣ" гузаронанд. Читать дальше...

Норозиҳо аз ҳукми додгоҳҳо пушти дари коргоҳи Назарбоев ҷамъ шуданд

Ozodi.org 

Даҳҳо шаҳрванди норозии Қазоқистон аз ҳукми додгоҳҳо ва амали қудратиҳо нисбат ба наздикону пайвандонашон 10 июл дар назди шуъбаи коргузории президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев ҷамъ шуданд. Ин афрод 9 июл дар назди бинои маъмурияти президенти Қазоқистон низ гирди ҳам омада, истеъфои раиси Додгоҳи олӣ Жакип Асанов ва мулоқот бо раисҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаевро талаб карда буданд. Дар назди бинои шуъбаи коргузории Назарбоев сокинон аз ноҳияҳои гуногуни Қазоқистон омада, талаб доранд... Читать дальше...

Тамдиди мӯҳлати боздошти соҳибкори фаронсавӣ дар Русия

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Маскав мӯҳлати боздошти Филлип Делпал, бонкдори фаронсавиро тамдид кард, ки ба тақаллубкорӣ муттаҳам мешавад. Бар асоси амри додгоҳ, ӯ бояд то замони анҷоми тафтишот то 13-уми октябр дар дар боздошт бимонад. Филлип Делпал, шарики “Баринг Восток” як ширкати хусусии молии Русия аст ва рӯзи 9-уми июл дар додгоҳ гуфт, “Ҳеҷ нияти фирор аз Русияро, ки дар он 15 сол зиндагӣ кардаам, надорам.” Ӯ афзуд: “Зиндагии ман дар Русия аст. Тарки он барои ман дуруст нест, чун маро гунаҳкор нишон медиҳад.” Филлип Делпал муассисаи “Баринг Восток”... Читать дальше...

Сӯҳбати сафири Амрико дар бораи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва ҳуқуқи инсон

Ozodi.org 

Сафири Амрико рӯзи 9-уми июл дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи таъмини ҳуқуқи инсон ва озодии баён ҳамчунин дар авлавияти кораш қарор дорад. Дипломати амрикоӣ ҳамчунин таъкид кард, ки журналистон дар фаъолияти худ озод бошанд ва тавонанд, маълумоти дурустро ба нашр расонанд.

Барномаи Амрико барои таъмини амнияти киштиронӣ дар обҳои атрофи Эрон ва Яман

Ozodi.org 

Генерал Ҷузеф Донфурд, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико рӯзи сешанбеи 9-уми июл гуфт, ки ИМА дар пайи ташкили эътилофи низомӣ бо бархе кишварҳо барои таъмини амнияти киштиронӣ дар обҳои байналмилалӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ва Боб Ал-Мандаб аст.

Машқи якҷояи ҳарбиёни тоҷик ва Чин Ишкошимро такон хоҳад дод

Ozodi.org 

Тоҷикистон ва Чин дар вилояти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаммарз бо Бадахшони Афғонистон, размоиши муштараки низомӣ доир мекунанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ин тамрини муштараки ҳарбӣ дар авохири моҳи июл баргузор мешавад.

Дар шарқи Украина боз як зархариди узбекро куштанд

Ozodi.org 

Дар Донбасс яке аз зархаридони дигари узбек, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷумҳурии мардумии худхондаи Донетск зидди артиши Украина меҷангид, кушта шуд. Афсари артиши Украина Анатолий Штефан (Штирлитс) дар Telegram хабар дод, ки зархариди узбек 3 июл дар шарқи ин кишвар кушта шуд. Вай ҳамчунин акси шаҳрванди Узбекистонро нашр кард. Ба гуфтаи Штефан, ҷасади сокини 32-солаи вилояти Навоии Узбекистон Ҳоҷиакбар Шарипов 6 июл ба ватан фиристода шуд. Сомонаи "Миротворетс" низ аз кушта шудани Шарипов хабар додааст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *