Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Июль
2019

Новости за 30.07.2019

Ҳарду бозии дастаҳои ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон мусовӣ шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 18-солаи футболи Тоҷикистон ҳарду бозии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Додгоҳ шаҳрдори собиқи Теҳронро ба қатл маҳкум кард

Ozodi.org 

Шаҳрдори пешини Теҳрон Муҳаммад Алии Наҷафӣ бо гуноҳи куштани ҳамсари дуюмаш ба қатл маҳкум шудааст. Хабаргузории "Мизон" рӯзи 30-уми июл аз қавли сухангӯи вазорати адлия Ғуломҳусейн Исмоилӣ навишт, додгоҳ маълум кард, ки куштор дидаву дониста шудааст. Наҷафии 67-сола барои доштани силоҳи ғайриқонунӣ ба ду сол дар зиндон  маҳкум шуд. Аз  ҳукмҳо ба Додгоҳи олӣ дар давоми 20 рӯз шикоят кардан мумкин аст.  Ҷасади ҳамсари Наҷафӣ Митро Устодро рӯзи 28 май дар хонааш дар шимолу ғарби Теҳрон ёфтан. Мақомот гуфтанд... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 30-уми июли соли 2019

Ozodi.org 

Парванда бар зидди Шаҳбоз Раҷабзода боз нашудааст, як ширкати мобилии Тоҷикистон садоқати муштариёнашро қадр мекунад,ҳомиёни ҳуқуқ бо Зайд Саидов мулоқот кардаанд ва матолиби дигар.

Ҷасади сарбози ғарқшудаи қирғизро дар Узбекистон пайдо карданд

Ozodi.org 

Наҷотдиҳандагони Узбекистон ҷасади сарбози қирғизистониеро пайдо карданд, ки рӯзи 19-уми июл дар дарёи Оқ-Булак ғарқ шуда буд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ҷасади сарбоз ба Қирғизистон оварда шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади сарбоз бештар аз 10 рӯзи идома кард. Ҷараёни босуръати об ҷасади сарбозро аз ҷои ғарқшудааш 11 км пойинтар бурдааст. Сарбоз дар қисми низомии 2030 адои хизмат мекард. Ба иттилои мақомот, сарбоз ҳангоми пойин шудан ба дарё лағжидааст. Дар ҳоли ҳозир санҷиши ҳодиса давом дорад.

Фаъолон аз ҳукумат хостанд, бо Гулнора Каримова созиш накунад

Ozodi.org 

Гуруҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Узбекистон бо муроҷиат ба вазоратҳои адлия, додситониҳо ва ҳукуматҳои Швейтсария, Фаронса, ИМА, Гибралтар ва Узбекистон талаб карданд, ки парвандаи Гулнора Каримова одилона таҳқиқ шавад. Ва сарнавишти амволи ғайриқонунии вай рушан гардад. Муаллифон мегӯянд, баъди баргардонии дороиҳои Гулнора Каримова бояд парвандаи вай ва ҳаммаслаконаш дар Узбекистон аз сари нав баррасӣ шавад. "Ҳукуматҳои Швейтсария, Фаронса ва дигар кишварҳо, ки дороиҳои Каримова онҷо қарор доранд... Читать дальше...



Даъват аз СММ ба ҳимоят аз "ҳомии қазоқтаборони Чин"

Ozodi.org 

Созмони ғайридавлатии амрикоии Freedom Now, ки аз ҳуқуқи "маҳбусони сиёсӣ" дар саросари дунё ҳимоят мекунад, 29-уми июл Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ-ро ба "андешидани чораҳои фаврӣ" дар робита ба қазияи ҳомии ҳуқуқ Серикҷон Билаш даъват кард. Дар муроҷиатномаи созмон омадааст, ки идома ёфтани ҳабси Серикҷон Билаш хилофи уҳдадориҳоест, ки ҳукумати Қазоқистон бо имзои Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бар зимма гирифтааст. Freedom Now мегӯяд, дар 4 моҳи ҳабси хонагии роҳбари созмони сабтнашудаи "Атажурт ериктилерӣ" Серикҷон Билаш... Читать дальше...

Додгоҳи Чуй ҳукми ҳабси якумрии Азимҷон Аскаровро тағйир надод

Ozodi.org 

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон ҳукми ҳабси якумрии ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ Азимҷон Аскаровро бетағйир гузошт. Худи Аскаров дар мурофиа иштирок надошт. Вакили дифои ҳомии ҳуқуқи қирғиз Валерян Вахитов аз додгоҳ хоста буд, ки шахси зери ҳимояашро озод кунад. Вале айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, ҳукми зиндони Аскаров бозбинӣ нахоҳад шуд. Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори... Читать дальше...

Оҷонсӣ дар "Агроинвестбонк" 310 млн сомонӣ зарарро ошкор кардааст

Ozodi.org 

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо дастури Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ дар "Агроинвестбонк" тафтиш гузаронда даҳҳо миллион сомонӣ зарарро ошкор кардааст. Ба гуфтаи масъулини Оҷонсӣ, санҷиши онҳо дар "Агроинвестбонк" 310 миллион сомонӣ маблағи тасарруфшударо ошкор кард. Қутбиддин Сафарзода, сардори Раёсати тафтишоти Оҷонсии зидди фасод рӯзи 30-юми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, 310 миллион сомонӣ маблағҳое мебошанд, ки аз солҳои тӯлонӣ ба бонк баргардонда нашуданд. Читать дальше...

Блогерҳои тоҷик мегӯянд, ки ҷинояте содир накардаанд

Ozodi.org 

Блогерҳои тоҷик, ки барои нашри навори сербинанда дар бораи занҳои танфурӯш, муттаҳам мешаванд, мегӯянд, фақат хостанд воқеиятро бигӯянд ва ҷинояте содир накардаанд. ВКД ин наворро "ғайриахлоқӣ" хонд ва 4 ҷавонеро, ки дар сабту нашри он ширкат кардаанд, ба паҳн намудани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ муттаҳам кард.

Аз Исфара то Чолпон-Ота. Натиҷаҳои дидори ду президент

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки дидори президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков пас аз низои навбатӣ дар марзи ду кишвар, ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани беш аз 20 нафар аз ду ҷониб, моҳияти таърихӣ касб кард, то ҳоло ҷомеаҳои ду кишвар аз натиҷаи он огаҳӣ надоранд.

"Нисбати Шаҳбоз Раҷабзода ягон парванда оғоз нашудааст"

Ozodi.org 

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, нисбати Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ раиси Терминали рақами 1-и Душанбе, ки аз ҷониби раиси ҷумҳур сахт интиқод шуд, ягон парванда оғоз нашудааст.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA пешсаф шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар бозии севумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими наврасони Туркманистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ин дувумин ғалаби футболбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқот ба шумор меравад.

Гузориши нави СММ аз талафоти бесобиқаи кӯдакон дар ҷанги Сурия, Яман ва Афғонистон

Ozodi.org 

Гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки соли гузашта беш аз 12 ҳазор кӯдак дар ҷараёни ҷангҳо ва кашмакашҳои мусаллаҳона дар ҷаҳон кушта ва захмӣ шудаанд, ки ба маънои сабти рекорди нав аз талафоти кӯдакон аст. Афғонистон, Сурия, Яман ва Фаластин дар садри ин гузориш қарор доранд.

Ояндасоз

Ozodi.org 

"Ояндасоз" барномаи вижаи ҷавонон, ки муҳимтарин масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону ҷаҳонро аз дидгоҳи худи онҳо ва коршиносон таҳлил ва баррасӣ мекунад. Бар илова, дар ин гуфтор таронаҳои ҷаззоб ва мусоҳибаҳои ҳунармандон тақдим мешавад.

Аз Трамп хостанд, зидди Москва таҳримҳои нав ҷорӣ кунад

Ozodi.org 

Қонунгузорҳои бонуфузи ИМА рӯзи душанбе аз президент Доналд Трамп даъват карданд, ки роҷеъ ба кушиши заҳролудсозии афсари пешини рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Бритониё бо маводи мамнуъ зидди Москва таҳрим эълом кунад. Дар номаи раиси Кумитаи умури байналмилалии Палатаи намояндагони ИМА Эллиот Энгели демократ ва ҷумҳурихоҳ Майк Маккол ба унвони Трамп омадааст, ки тибқи Қонуни назорату маҳви силоҳи кимиёӣ ва биологӣ аз соли 1991 бастаи дувуми таҳримҳо се моҳ пас аз эъломи таҳримҳои аввал ҷорӣ карда хоҳанд шуд. Читать дальше...

Бритониё барои киштии боздоштшуда бо Эрон "савдо" карданӣ нест

Ozodi.org 

Бритониё идеяи табодули киштии эронӣ бо нафткашеро рад кард, ки дар Халиҷи Форс бо парчами ин кишвар аз сӯи Теҳрон боздошт шудааст. "Ин хидмат бар ивази хидмат ё ҳеч гуна савдое нест. Сухан аз риояи ҳуқуқ ва меъёрҳои байналмилалӣ меравад ва мо ҳам ба он исор хоҳем кард", - гуфт вазири умури хориҷии Бритониё Доминик Рааб 29 июл дар суҳбат бо Би-би-сӣ. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки "агар Эрон мехоҳад аз ин торикӣ берун ояд ва ҳамчун узви масъули ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шавад", бояд усули байналхалқиро риоя кунад. Читать дальше...

Захмиҳои низои марзии Оқсой-Ворух ҳанӯз ҳам бистарианд

Ozodi.org 

Шонздаҳ нафаре, ки дар натиҷаи низои навбатӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон захмӣ шуданд, ҳанӯз ҳам дар беморхонаанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд хабар дод. Ҷамъан 31 кас барои дарёфти ёрии тиббӣ ба беморхона муроҷиат карда буданд. Ба иттилои манбаъ, намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд ба аёдати захмиён рафта, ҳамчунин ба онҳо кумаки молӣ кардааст. Рӯзҳои 22 ва 23 июли соли равон дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зад. Читать дальше...

Ҷасади шиканҷашудаи сарбози туркманро ба наздиконаш доданд

Ozodi.org 

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки ҷасади порашудаи як сарбози Туркманистонро рӯзи 26-уми июл ба наздиконаш додаанд. Сулаймон Оразов, сарбози кушташуда моҳи ноябри соли 2018 ба сафи артиш даъват шуда буд. Рӯзи 25-уми июл аз қисми низомӣ ба волидонаш тамос гирифта, хабар доданд, ки сарбоз аз заҳролудшавӣ фавтидааст. Вақте ҷасади ӯро ба наздиконаш доданд, ҷасад аз қисмати шикам чок шуда буд. "Ҷасад оғуштаи хун буд",- мегӯянд шоҳидони ҳодиса. Намояндагони вазорати мудофеа иттилоъ надоданд, ки чаро ҷасади сарбозро буридаанд. Читать дальше...

Баъди навори шиканҷа раиси зиндонро дар Қазоқистон барканор карданд

Ozodi.org 

Сардори маҳбаси Заречнои вилояти Алматои Қазоқистон баъди шиканҷа шудани маҳбусон аз мақом барканор шуд. "14 корманди маҳбасҳои вилояти Алмато муҷозот шуданд. Ҳафти тани онҳо барканор гардиданд. Сардори маҳбас ва ду муовини вай низ дар сафи барканоршудаҳо ҳастанд",-хабар дод Тенизҷон Ҷонибеков, як мақомдори вазорати корҳои дохилии Қазоқистон. "Дар Ютуб даҳҳо наворе нашр шудааст, ки дар маҳбасҳо сабт шудаанд, наворҳо аз ҷумла ҳолатҳои ғайриқонуниро нишон медиҳанд. Дар ду навор ҳолати шиканҷа шудани... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *