Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2023

Новости за 03.05.2023

Пешниҳоди таҳрим. Тоҷикистонро барои маҳдудиятҳои динӣ танқид карданд

Ozodi.org 

Як созмон аз ҳукумати Амрико хостааст, барои нақзи озодиҳои динӣ нисбат ба идораҳои давлатӣ ва баъзе аз мансабдорони Тоҷикистон таҳримҳои ҳадафмандона (мақсаднок) ҷорӣ кунад. Бастани ҳисобҳои бонкӣ ва манъи даромадан ба Иёлоти Муттаҳида аз ҷумлаи ин хостаҳост.

Дар Рӯзи озодии баён дар Душанбе чӣ гуфтанд?

Ozodi.org 

Сафири Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба озодии баён эҳтиром гузошта, аз хабарнигорон пуштибонӣ кунад. Изҳороти Мануэл Микаллер 3-юми май дар нишасте бахшида ба рӯзи озодии сухан дар Душанбе садо дод. Вай аз боздошту зиндонӣ шудани чанд рӯзноманигори тоҷик дар соли гузашта ибрози нигаронӣ кард.



"Агар вазъ чунин монад..." Рӯзноманигорон хостори муколама бо мақомот шуданд

Ozodi.org 

Сафири Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба озодии баён эҳтиром гузошта, аз хабарнигорон пуштибонӣ кунад. Изҳороти Мануэл Микаллер 3-юми май дар нишасте бахшида ба рӯзи озодии сухан дар Душанбе садо дод. Вай аз боздошту зиндонӣ шудани чанд рӯзноманигори тоҷик дар соли гузашта ибрози нигаронӣ кард.

Марги панҷ узви як хонадон дар Хатлон

Ozodi.org 

Панҷ узви як хонадон, ки дар миёнашон се кӯдак ҳаст, дар бемористони ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҷон додаанд. Онҳоро рӯзи 3-юми май дар оромгоҳи деҳаи Свердлов дафн карданд.

"Парвандаи Кампиробод": чаҳор фаъол ва сиёсатмадорро дар ҳабс боқӣ монданд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон рӯзи 2 май Равшан Ҷеенбеков, Рита Карасартова, Илгиз Шаменов ва Оқил Айтбоевро дар доираи "Парвандаи Кампиробод" дар ҳабс боқӣ гузошт. Онҳо то 20 июни соли ҷорӣ дар ҳабс боқӣ хоҳанд монд. Дар ин бора вакили мудофеъ Бакитбек Автандил хабар дод, ки аз ҳуқуқҳои Шаменов ҳимоят мекунад. Рита Карасартова - ягона зан аз ҷумлаи гумонбарони "Парвандаи Кампиробод" аст, ки дар ҳабс боқӣ гузошта шудааст. Додгоҳи шаҳрии Бишкек ҳамчунин рӯзи 2 май фаъоли шаҳрвандӣ Эрлан Бекчороро дар ҳабс боқӣ гузошт. Читать дальше...

Саодат ҳуҷраи шифохонаро дар Маскав ба дӯкони ҳунармандӣ табдил дод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як духтари тоҷик, ки бо бемории саратон мубориза мебарад, утоқаш дар беморхонаи Маскавро ба дукони ҳунармандӣ табдил додааст. Саодат гирифтори саратони хун аст. Ӯ дар беморхона дастмонаву гарданбанд месозаду гулдаста мебофад. Ҳам барои хушҳолии худ ва ҳам барои ба даст овардани пул барои муолиҷа.

Саратони хун Саодатро дар Маскав ноумед накард

Ozodi.org 

Як духтари тоҷик, ки бо бемории саратон мубориза мебарад, утоқашро дар беморхонаи Маскав ба дӯкони ҳунармандӣ табдил додааст. Саодат гирифтори саратони хун аст. Ӯ дар беморхона дастбанду гарданбанд месозаду гулдаста мебофад. Ҳам барои хушҳолии худ ва ҳам барои ба даст овардани пул барои муолиҷа.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *