Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2023

Новости за 16.05.2023

Аз сафари Э.Раҳмон ва ҳамтоёнаш ба Чин чиро бояд интизор шуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамвора барои нақзи ҳуқуқ ва маҳдуд кардани озодиҳои бунёдии мардум танқид мешавад, рӯзи 16-уми май бо сафари давлатӣ ба Чин рафт. Эмомалӣ Раҳмон дар онҷо дар нишасти сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Чин иштирок хоҳад кард.

Шаҳло Давлатова: "$30 ҳазор хосту дастдарозӣ кард." Муфаттиш: "Асос надорад"

Ozodi.org 

Шаҳло Давлатова, сокини Хуҷанд, даъво дорад, ки як муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ин шаҳр барои раҳоии ӯ аз ҷавобгарӣ "30 ҳазор доллар" хоста, ба номусаш "дастдарозӣ" кардааст. Муфаттиш Дилмурод Шодизода дар суҳбати телефонӣ таҳқиқи парвандаро тасдиқ кард, аммо гуфт, "иддао асос надорад".

Вазорати маориф мушкили "як мактабу 14 хонанда"-ро дар Ваҳдат шарҳ дод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ вуҷуди мушкил дар мактаби деҳаи Ёси Ваҳдатро тасдиқ кардааст, вале гуфтааст, “бинобар сабаби кам будани шумораи хонандагон" дар ин деҳ мактаби нав сохта намешавад.

Ахбори Озодӣ аз 16-уми майи соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Бонки ҷаҳонӣ сармоягузориҳояшро бо ҷилавгирӣ аз тағйири иқлим пайваст хоҳад кард, интизориҳо аз мулоқоти раҳбарони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, наздикони зани аз латукӯб фавтида адолат мехоҳанд ва матолиби дигар.

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳавопаймои 92-миллиондолларӣ ба Чин рафтааст

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамвора барои нақзи ҳуқуқи мардум танқид мешавад, бо сафари давлатӣ ба Чин рафтааст. Вай дар онҷо дар нишасти сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Чин иштирок хоҳад кард. Дар сафар ӯро раҳбарони баъзе аз вазорату идораҳои давлатӣ ҳамроҳӣ доранд. Бар асоси аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Чин бо ҳавопаймое рафтааст, ки ба 92 миллион доллар аз Мексика харид. Ҳавопайморо рӯзи 5-уми май аз Амрико ба Душанбе оварданд. ... Читать дальше...

"Панҷ соли зиндон кам буд." Ҳукми хушдомани Манора дубора тағйир ёфт

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон пас аз эътирози намояндаи додситонӣ ҳукми зане, ки дар худкушии келинаш дар ноҳияи Файзобод айбдор мешуд, дубора тағйир додааст. Моҳи октябри соли гузашта додгоҳи ноҳияи Файзобод Бибикалон Назирова, сокини ин ноҳияро барои "ба худкушӣ расондан"-и келинаш ба ҳафт соли зиндон маҳкум карда буд, вале Додгоҳи олӣ ҳукми ӯро ду сол кам кард. Ин зан ба он айбдор мешуд, ки бо фишори ӯ, келинаш Манораи Абдуфатоҳ, даст ба худкушӣ задааст. Аз қарори Додгоҳи олӣ наздикони Манора ва... Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Си Ҷинпин ба Чин рафт

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми май бо сафари давлатӣ ва ширкат дар Саммити сарони кишварҳои "Чин + Осиёи Миёна", ба Чин сафар кард. Тибқи иттилои расмӣ, оқои Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар умури робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раисони КДАМ, телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, президенти Академияи миллии илмҳо, ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ахбори расмӣ дар бораи барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон чизе гуфта нашудааст. Читать дальше...

Қирғизистон барои тарғиби пирамидаи молӣ ҷазои ҷиноӣ таъйин кард

Ozodi.org 

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон тағйиротеро ба қонунгузории кишвараш имзо кард, ки барои тарғиби пирамида ё аҳроми молӣ ҷавобгарии ҷиноӣ таъйин мекунад. Дар Кодекси ҷиноии Қирғизистон меъёри ҷавобгарӣ барои ташкили аҳроми молӣ мавҷуд буд, аммо ҷазо барои тарғиби он пешбинӣ нашуда буд. Акнун дар моддаи 221 меъёре мавҷуд аст, ки бар асоси он барои "тарғиби аҳроми молӣ ба таври оммавӣ, бо истифода аз расонаҳо ва манобеи интернетӣ, ки боиси зарари зиёд мешавад", ҷарима дар ҳаҷми аз 150 то... Читать дальше...

Мирзиёев дастури "таҷлили густурда" аз 75-солагии Эъломияи ҳуқуқи инсонро дод

Ozodi.org 

Дар Узбекистон 75-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи инсонро ба таври густурда таҷлил мекунанд. Дар ин бора президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дастур додааст. Бино ба дастури ахири президент Мирзиёев, шуруъ аз соли 2023 ҳамасола аз 1 то 10 декабр дар Узбекистон даҳрӯзаи "Ҳуқуқи инсон" ва дарси сартосарӣ бахшида ба қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи махсус, касбӣ ва олӣ баргузор мешавад. Ба ҷуз ин, ҳукумати Узбекистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишвар... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *