Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2023

Новости за 25.05.2023

Сел чорвою мошинро бурд, роҳу хона ва киштзорро вайрон кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Селу ярч дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон чорво ва мошини чандин нафарро бурда, роҳу хона ва киштзорро вайрон кард. Мақомот гуфтанд, талафоти ҷонӣ нест, вале зарари расида ҳам ҳисоб нашудааст.

Видоъ бо ҳунарманди шинохта Сабоҳат Қосимова

Ozodi.org 

Сабоҳат Қосимова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ шоми 24-уми май дар 72-солагӣ даргузашт. Чанд соли охир аз саратон ранҷ мекашид.

Эътирози тоҷирони бозори "Лола" дар Кӯлоб

Ozodi.org 

Даҳҳо тоҷири бозори таҷҳизоти техникии “Лола” дар Кӯлоб ба зидди қарори раиси шаҳр эътироз баён карданд. Раиси Кӯлоб рӯзи 16-уми май амр додааст, ки тоҷирон ин бозорро тарк кунанд.



Талаби ҳафтуним сол зиндон ба Хуршед Фозилов

Ozodi.org 

Додситон ба рӯзноманигор Хуршед Фозилов 7 солу 6 моҳ зиндон талаб кард. Вакили мудофеъ Анвар Бобохонов хост, иттиҳоми зидди ӯ беасос аст ва аз толор озод кунанд. Муҳокимаи парвандаи Хуршед Фозилов рӯзи 25-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар Хуҷанд гузашт.

Дороиҳои 12 гумонбари "парвандаи Кампиробод"-ро ҳабс карданд

Ozodi.org 

Мақомоти тафтишотии Қирғизистон дороиҳои 12 гумонбар дар доираи "парвандаи Кампиробод"-ро ба ҳабс гирифтаанд. Касиет Мамирбой, духтари ҳомии ҳуқуқ Рита Карасартова дар шабакаҳои иҷтимоӣ нусхаи қарори раҳбари гуруҳи тафтишотӣ Улана Ҷапековаро аз 19 майи 2023 дар ин бора нашр кардааст. Дар қарор ному насаби 12 гумонбар, Равшан Ҷеенбеков, Жениш Молдокматов, Бектур Асанов, Марат Баёзов, Кенешбек Душебоев, Рита Карасартова, Ойбек Бузурманқулов, Алӣ Шабдан, Оқил Айтбоев, Сарилдик уулу Илгиз, Азимбек Бекназаров ва Темир Маҳмудов оварда шудааст. Читать дальше...

Ҳамла ба рӯзноманигори қазоқ "авбошӣ" дониста шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи вилоятии Атирауи Қазоқистон 23 май ҳукми додгоҳи шаҳриро дар доираи парвандаи ҳамла ба хабарнигори сомонаи иттилоотии "Назорати роҳ" дар Атирау Олеся Вертинская бетағйир гузошт. Додгоҳи шаҳрии Атирау 30 марти имсол сокини 30-солаи маҳаллӣ Алибек Меллятовро, ки дар ҳамла ба хабарнигор айбдор мешуд, барои як сол аз озодӣ маҳрум ва 100 соат корҳои ислоҳӣ таъйин кард. Ӯ ба "авбошӣ" муттаҳам шуда буд. Хабарнигор ба ин ҳукми додгоҳ эътироз карда, аз болои он шикоят намуд. Вакили дифои ӯ хоста буд... Читать дальше...

Пашинян аз Захарова хост, суханҳои ӯро шарҳ надиҳад

Ozodi.org 

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова набояд суханҳои ӯро шарҳ диҳад. Ба гуфтаи ӯ, Захарова танҳо метавонад онҳоро ба назар гирад. Ин нуктаро Пашинян дар вокуниш ба изҳороти ахири Захарова баён доштааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи чоршанбе дар як нишасти хабарӣ суханҳои сарвазири Арманистонро, ки гуфт, агар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) бесамар будани худро нишон диҳад, Ереван аз он хориҷ хоҳад шуд, шарҳ дод. ... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *