Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2023

Новости за 10.05.2023

"Дастурхони сурх"-и Далер Меҳтоҷев дар Душанбе муаррифӣ шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Душанбе намоишгоҳи наққошиҳои Далер Меҳтоҷев, рассоми шинохтаи тоҷик, боз шуд. Ин намоишгоҳ, зери унвони “Дастурхони сурх” дар бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон то охири моҳи май идома мекунад.

Дар Қазоқистон 15 тюлени мурдаро пайдо карданд

Ozodi.org 

Кумитаи моҳипарварии Вазорати экологияи Қазоқистон хабар додааст, ки дар соҳили баҳри Хазар, дар ҳудуди ин кишвар 15 тюлен ё саги дарёии мурдаро пайдо карданд. Пулиси Қазоқистон дар робита ба ин ҳодиса парванда боз кардааст. Мутахассисон об ва ҳаворо месанҷанд. Қаблан, рӯзи 8--уми ноябри соли 2022 Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти экологии Осиёи Марказӣ хабар дода буд, ки дар соҳили баҳри Хазар, дар ҳудуди вилояти Манғистауи Қазоқистон беш аз 100 тюлен мурдаро пайдо кардаанд. Ин нахустин ҳолати пайдошавии тюленҳои мурда дар соҳили баҳри Хазар нест. Читать дальше...

Дар Русия консулгариҳои нави Қирғизистон боз мешавад

Ozodi.org 

Қирғизистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Қазони Русия консулгариҳои генералии худро боз мекунад. Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ дод, ки раисҷумҳур Содир Ҷабборов дар ин бора фармонеро ба имзо расондааст. Ҳадаф аз боз кардани консулгариҳои нав "мусоидат ба будубоши қонунии шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия" гуфта шудааст. Ҷабборов 8 май бо сафари расмӣ ба Москва рафта, бо ҳамтои руси худ дидору гуфтугӯ кард. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *