Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2023

Новости за 19.05.2023

Зайд Саидов – даҳ сол дар зиндон

Ozodi.org 

Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, даҳ сол пеш, 19-уми майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса ба Душанбе дар фурудгоҳ дастгир шуд. Мақомот ӯро ба 29 сол зиндон маҳкум карданд. Боздошту муҳокимаи ӯ пас аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" вокунишҳоро барангехт. Созмонҳои байнулмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон борҳо бозбинии ҳукми Зайд Саидов ва раҳоии ӯро талаб карданд, аммо дар Тоҷикистон нодида гирифтанд.

Додгоҳи Амрико зодаи Узбекистонро ба 8 ҳабси якумрӣ маҳкум кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Амрико зодаи Узбекистон Сайфулло Саиповро, ки ба пахш кардани одамон бо мошини боркаш дар маркази Ню-Йорк муттаҳам мешуд, ба 8 ҳабси якумрӣ маҳкум ва 260 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Натиҷаҳои нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Чин

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки сарони ҳафт кишвари пешрафтаи саноатӣ дар Ҷопон роҳҳои пешгирӣ аз "фишори иқтисодӣ"-и Чинро меҷӯянд, Пекин мегӯяд, марҳалаи нав ва густардаи робитаҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз кардааст.

"Дахолат" ва "инқилоб". Натиҷаҳои нишасти сарони ОМ ва Чин. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки сарони ҳафт кишвари пешрафтаи саноатӣ дар Ҷопон роҳҳои пешгирӣ аз “фишори иқтисодӣ”-и Чинро меҷӯянд, Пекин мегӯяд, марҳалаи нав ва густардаи робитаҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз кардааст.

Ахбори Озодӣ аз 19-уми майи соли 2023

Ozodi.org 

Натиҷагирӣ аз нишасти сарони Чин ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ; даҳ соли Зайд Саидов дар зиндон; ба Кӯлоб шаш мусофирбари нав додаанд ва матолиби дигар.



Содир Ҷабборов дар Чин дар бораи марз бо Тоҷикистон гуфт

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) 19-уми май дар суханронияш дар нишасти сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Чин гуфт, Қирғизистон аз замони ба даст овардани истиқлол ба ҳалли масоили марзӣ бо ҳамсоягони худ ба таври созанда бархӯрд мекунад.

Як масҷиди тоҷиконро дар Маскав бастаанд

Ozodi.org 

Ба гуфтаи сархатиби масҷиди ҷомеи Маскав, Илдар Аляутдинов, дар Маскав камаш ду миллион мусулмон кору зиндагӣ мекунанд, вале ба онҳо ҳамагӣ чаҳор масҷид рост меояд.

Ҷинпин ба раҳбарони ОМ аз “дахолат” ва “инқилоб” гуфт

Ozodi.org 

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, барномаи густардаи кишварашро барои рушди Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуд, ки аз бунёди шабакаҳои инфрасохторӣ ва таҳкими тиҷорат иборат аст. Ҳамзамон дар бораи зарурати пешгирӣ аз, ба истилоҳ, "дахолати берунӣ" таъкид кард.

Вокуниши ВКД ба "30 ҳазор доллар хост ва дастдарозӣ кард"

Ozodi.org 

Дар он матлаб аз 16-уми май Шаҳло Давлатова, сокини Хуҷанд ва соҳиби се фарзанд, иддао карда буд, ки муфаттиши милиса Дилмурод Шодизода барои халосии ӯ аз ҷавобгарӣ 30 ҳазор доллар хост ва ба номусаш дастдарозӣ кард.

Ба Кӯлоб шаш мусофирбари нав додаанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Кӯлоб шаш автобуси нав ба кор сар кардааст. Мусофирбарҳо дар масири тӯлонитар ҳаракат мекунанд. Пештар мардум таксиву мусофирбарҳои хурди "Тангем"-ро истифода мекарданд.

Human Rights Foundation озодии Улфатхоним Мамадшоеваро хост

Ozodi.org 

Human Rights Foundation, як созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар Ню-Йорк, аз мақомоти Тоҷикистон озодии фаврӣ ва бе қайду шарти Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшонро талаб кардааст.

Нақли шоҳидони саркӯби хунин дар Рӯшон ва Хоруғ

Ozodi.org 

Як сол пеш дар Хоруғ таҷаммӯи эътирозие оғоз шуд, ки баъдан мавҷи он то Рӯшон расид. Мақомот ба ин тазоҳурот бо эълони амалиёти, ба гуфтаашон, "зиддитеррористӣ" посух доданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар кушта, садҳо нафар боздошту ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд. Нақли ду шоҳида ҳодиса дар навор аст.

Хотираҳои талх. Нақли шоҳидони саркӯби хунин дар Рӯшон ва Хоруғ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як сол пеш дар Хоруғ таҷаммӯи эътирозие оғоз шуд, ки баъдан мавҷи он то Рӯшон расид. Мақомот ба ин тазоҳурот бо эълони амалиёти, ба гуфтаашон, "зиддитеррористӣ" посух доданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар кушта, садҳо нафар боздошту ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *