Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2023

Новости за 11.05.2023

Оё Тоҷикистон ба Русия "кумак" мерасонад?

Ozodi.org 

Тоҷикистон содироти пахтаву сабзавот ва меваи хушкро ба Русия камтар, аммо технологияҳоро бештар кардааст. Чизе, ки дар гузашта дида намешуд. Дақиқ нест, ин навъи маҳсулот ба таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ зидди Русия дохил ҳастанд ё не, аммо шубҳаро дар мавриди эҳтимоли давр задани онҳо бештар кардааст.

Аз донишгоҳ ба артиш. Рафтани ихтиёрӣ ё маҷбурӣ?

Ozodi.org 

Даҳҳо хатмкунандаи Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб ба артиш сафарбар шуданд. Баъзе аз онҳо ва наздиконашон гуфтанд, ки ин рафтани ихтиёрист. Вале иддае аз мавридҳои маҷбурӣ мегӯянд. Тафсилот дар видео.

Боздошти садҳо пайрави Имрон Хон дар Покистон

Ozodi.org 

Боздошти сарвазири собиқи Покистон хашми тарафдоронашро барангехт. Эътирози олуда бо хушунат саросари Покистонро фаро гирифт ва чанд нафар куштаву захмӣ шуд. Полиси Покистон рӯзи 11-уми май псадҳо тарафдори Имрон Хонро боздошт намуд.



Ахбори Озодӣ аз 11-уми майи соли 2023

Ozodi.org 

Ҳабси сарвазири собиқ Покистонро ноором кард; даҳҳо хатмкардаи Донишгоҳи Кӯлоб ба артиш рафтаанд; афзоиши реэкспорти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия ва матолиби дигар.

Дар Остона иҷрои қарори гуруҳи кории СММ-ро талаб доранд

Ozodi.org 

Ҷонибдорони раиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон Ҷонболат Мамай рӯзи 10 май дар шаҳри Остона ҷамъ шуда, аз мақомот даъват карданд, ки қарори гурӯҳи кории СММ оид ба боздошти худсаронаро иҷро кунанд.

Улфатхоним Мамадшоеваро ба зиндони Норак бурдаанд

Ozodi.org 

Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва фаъоли маданиро, ки ба гуноҳи ташкили тазоҳурот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муддати дароз зиндонӣ шуд, ба маҳбаси занонаи Норак бурдаанд. Ӯ то ин вақт дар Боздоштгоҳи муваққатӣ буд.

Вазирони хориҷии Сурия, Туркия, Эрон ва Русия дар Маскав дидор карданд

Ozodi.org 

Вазирони корҳои хориҷии Эрон, Сурия, Туркия ва Русия рӯзи чаҳоршанбеи 10-уми май бо ҳадафи беҳбуд бахшидани робитаҳои ҳукумати Башор Асад, президенти Сурия бо қудратҳои минтақа пас аз як даҳа дар ҳошия қарор гирифтани ин кишвар, дар Маскав мулоқот ва гуфтугӯ карданд.

Захираи тило ва асъори хориҷии Узбекистон $230 млн кам шудааст

Ozodi.org 

Захираҳои байналмилалии Узбекистон дар моҳи апрели имсол 230 миллион доллар коҳиш ёфта, ба 35,2 миллиард доллар расидааст. Коҳишёбӣ асосан аз ҳисоби кам шудани захираҳои асъори хориҷӣ ба миён омадааст. Тибқи иттилои Бонки марказии Узбекистон, дороиҳои захиравии расмии Узбекистон то 1 майи имсол 35,2 миллиард долларро ташкил дода, дар моҳи апрел 230 миллион доллар камтар шудааст. Коҳиши захираи асъори хориҷии Узбекистон, ки 9,93 миллиард долларро ташкил медиҳад, идома дошта, аз аввали соли равон 1,71 миллиард доллар кам шудааст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *