Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2023

Новости за 08.05.2023

Мушкили нави ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ

Ozodi.org 

Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ фишор овардаанд, ки ихтиёрӣ созмонҳои иҷтимоии худро барҳам диҳанд. Як масъули ҳукумати маҳаллӣ ин иддаоро рад кард ва гуфт, “танҳо фаъолияти созмонҳое бас шуд, ки бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд”.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русия рафт

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8-уми май ба Русия рафтааст, то дар маъракаи бахшида ба 78-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ иштирок кунад.

"Писарамро аз назди донишгоҳ бурдаанд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Нуқра Назарова, сокини ноҳияи Нуробод, шикоят дорад, ки писари донишҷӯяшро маҷбурӣ ба артиш бурдаанд. Масъулони комиссариати ҳарбӣ рафтори худро қонунӣ донистанд, чун ба иддаои онҳо "ҷавон аз донишгоҳ ронда шуда буд".

Ду нафарро барои куфргӯӣ дар Эрон қатл кардаанд

Ozodi.org 

Вебсайти хабарии “Мизон”, ки минбари Вазорати адлияи Эрон аст, рӯзи 8-уми май хабар дод, ки Юсуф Меҳрдод ва Садруллоҳ Фозили Зориро барои таҳвин ба дини ислом, пайғамбари он ва дигар муқаддасоти динӣ қатл карданд.



“Мардум қашшоқ ҳастанд, тавони хариданашро надоранд” ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Нангарҳор, яке аз вилоятҳои ноамни Афғонистон, гуруҳе аз муаллимон ҳар рӯз бояд аз роҳи хатарноке бигзаранд, то ба шогирдонашон дарс бигӯянд. Роҳашон ҳам аз як рӯдхонае мегузарад, ки на пул дорад ва на ҷойи камоб.

Роҳи хатарноки муаллимони афғон ба мактаб

Ozodi.org 

Дар вилояти Нангарҳори Афғонистон, яке аз вилоятҳои ноамни кишвар гуруҳе аз муаллимон ҳар руз бояд аз роҳи хатарноке бигзаранд, то ба шогирдонашон дарс бигуянд. Роҳашон ҳам аз як рӯдхонае мегузарад, ки на пуле дорад ва на ҷойи камобе, то аз онҷо убур карда ба мактаб бирасанд.

Додситонии Узбекистон парванда алайҳи як ҷавонро ғайриқонунӣ номид

Ozodi.org 

Парвандаи маъмурӣ зидди ҷавоне, ки "лента"-еро бо ранги парчами Узбекистон ва навиштаи "Хатмкунанда" ба гардан овехта буд, баъди дахолати Додситонии кулли он кишвар қатъ карда шудааст. Тибқи иттилои додситонӣ, ҷавон дар яке аз бозорҳои вилояти Қашқадарёи Узбекистон боздошт шуда буд. "Ин қарори ғайриқонунӣ зидди ҷавон бо дахолати Додситонии кулли Узбекистон бекор карда шуд", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии додситонӣ. Дар Кодекси маъмурии Узбекистон барои нақзи қонун дар бораи парчами давлатӣ... Читать дальше...

"Россотрудничество" 10 мактабхони қазоқро ба Қрим фиристодааст

Ozodi.org 

Идораи "Россотрудничество" 10 хонандаи қазоқистониро ба нимҷазираи Қрим фиристодааст. Саҳифаи намояндагии "Россотрудничество" дар шаҳри Остона дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук иттилоъ дода, ки ғолибони даври қазоқистонии озмуни хонандагони ҷавони "Классикаи зинда" аз шаҳрҳои Остона, Тараз ва Чимкент барои 24 шабонарӯз ба маркази кудакони "Артек" фиристода шуданд. Дар аксе, ки дар саҳифаи идора нашр шудааст, ҳафт кӯдак ва як зан дида мешавад. Аммо дақиқ гуфта нашудааст, ки ин акс кай ва дар куҷо гирифта шудааст. Читать дальше...

“Деҳаи Бибиширин ва зодагони сарбаланди он"

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Узбекистон китобе рӯнамоӣ гардид, ки ба деҳаи қадимаи тоҷикнишин бо номи Бибиширин бахшида шудааст. Муаллифи ин китоб ҳам зодаи ин минтақа аст ва мақсад аз таълифи китобро шиносоии сокинони деҳ бо аслу шаҷараи хеш мегӯяд.

"Фишор бисёр буд." Рӯзгори тоҷикони Бибиширин. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тоҷикон дар ноҳияи Бойсун дар Узбекистон чӣ ҳол доранд? Оё мактабу кӯдакистонашон мерасад? Хабарнигори Радиои Озодӣ барои посух гирифтан ба ин ва суолҳои дигар ба маркази вилояти Сурхондарё рафт ва ин гузоришро овард.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *