Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Май
2023

Новости за 14.05.2023

Баррасии парвандаи се милисаи гумонбар дар марги сокини Кӯлоб оғоз шудааст.

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба баррасиии парвандаи се корманди милиса оғоз кардааст, ки дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини ин шаҳр гумонбаранд. Ҷузъиёти нав дар парванда ин аст, ки Зафар Холов, Шамшод Шарифов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони милисаи Кӯлоб ба он айбдор мешаванд, ки бо "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" Абдуқаҳҳор Розиқовро худсарона боздошт ва шиканҷа кардаанд. Қаблан мақомоти расмӣ гуфта буданд, се маъмури милиса ба “бесалоҳиятӣ” гумонбар ҳастанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон... Читать дальше...

Сабти нахустин ҳолати гирифторӣ ба фалаҷи атфол дар Афғонистон дар соли 2023

Ozodi.org 

Дар Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон нахустин мавриди гирифторӣ ба фалаҷи атфол дар соли 2023 сабт шудааст. Ташхис дар ҷисми як тифли чаҳор сола дар Афғонистон ин вирусро ошкор кардааст. Бино ба иттилои Камол Шоҳ, як масъули лоиҳаи ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли СММ оид ба маҳви полиомиелит дар Афғонистон, нахустин мавриди гирифторӣ, имсол дар ноҳияи Боти-Коти вилояти Нангарҳор сабт шудааст. “Эҳтимоли паҳншавии вируси фалаҷи атфол аз вилояти Нангарҳор ё минтақаи шарқӣ ба манотиқи дигари кишвар вуҷуд дорад. Читать дальше...

7 корманди хоҷагии оби шаҳри Панҷакент ба ҳалокат расидаанд

Ozodi.org 

Ҳафт корманди идораи хоҷагии оби шаҳри Панҷакент ҳангоми кор заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса шоми 13-уми май дар кӯчаи “50-солагии Тоҷикистон”-и шаҳри Панҷакент рух додааст. Диловар Ҳамдамов, сухангӯи Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафт корманди корхонаи “обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Панҷакент” ва як шаҳрванд ба таъмири хати оби партов оғоз мекунанд. “Ҳангоми таъмиркунӣ 8 нафар беҳуш мешаванд ва аз тарафи мақомотҳои ноҳия онҳоро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона мебаранд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *