Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2023

Новости за 01.12.2023

Дар занозание бо ҳузури писари Шералӣ Гул чор кас маҷрӯҳ шудааст

Ozodi.org 

Дар занозание миёни Алишер Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири собиқи саноат ва энергетика ва Шердил Сироҷов, писари соҳибкор ва молики бозори собиқи “Ҷал-Ҷам” панҷ нафар аз ду тараф маҷрӯҳ шудаанд.

«Истиқлол» бори дувоздаҳум қаҳрамони Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии мавқуфмондаи даври сеюми марҳилаи сеюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон тими «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод, пешакӣ соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот гардид. Бозии марҳилаи сеюми мусобиқоти лигаи олӣ дар гурӯҳи “А” миёнидастаҳои «Истиқлол» ва «Кӯктош» шоми имрӯз, 1-уми декабр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба поён расид. Нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов, сарвони дастаи “Истиқлол”, дар охири нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 40-ум, ҳисобро боз кард. Читать дальше...

Табибон мегӯянд, бо ВИЧ СПИД ҳам метавон фарзанди солим ба дунё овард

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор нафар бо вируси заъфи масунияти бадан зиндагӣ мекунанд. Дар рӯзи 1-уми декабр, ки Рӯзи мубориза бо СПИД аст, Радиои Озодӣ аз вазъи гирифторон ба ин вирус ва ёрие, ки дастрас мекунанд, гузорише таҳия кард

Устоди "Шашмақом" Абдуҷалил Ҳошимов даргузашт

Ozodi.org 

Ҳунарпешаи мардумӣ ва сарояндаи маъруфи “Шашмақом” Абдуҷалил Ҳошимов дар сини 79-солагӣ даргузашт. Дар ин бора Фурқат Саидзода, овозхони маъруфи тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод ва навишт, ки Абдуҷалили Ҳошимов дар шаҳри Бустон (Чкаловски пешин) аз олам чашм пӯшид. Сабаби марги Абдуҷалил Ҳошимов рушан нест. Чанде аз оҳангу таронаҳои иҷрокардаи ӯ, ба мисли "Насри Уззол", "Талқинчаи Ироқи Бухоро", "Мустазоди Наво", "Талқини Баёт", "Уфари Ушшоқ", "Дустонро гум макун", "Муждаи завқи умед", "Тоҷикистон"... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 1-уми декабри соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Сӯхтор дар бозори Ростов ба тоҷирони тоҷик зиён расонд, табибон мегӯянд, бо Вич-Спид ҳам метавон соҳиби фарзанди солим шуд, вазъи ногувори масҷиди Ҳирот ва дастури аз байн бурдани фоҳишахонаҳо дар Қирғизистон.



Департаменти давлатӣ дар бораи нақши Шохаи Хуросони ДОИШ ва Эрон дар амалҳои террористӣ

Ozodi.org 

Гузориши нави Департаменти давлатӣ, ки 1-уми декабр нашр шуд, мегӯяд, соли 2022 Эрон ҳамоно кишвари пешбарандаи терроризми ҷаҳонӣ боқӣ монда чандин ҳодисаи террористиро дар Африқо, Осиё, Аврупо ва  Амрико маблағгузорӣ кардааст.  “Гузориш оид ба терроризм”  мегӯяд, дар Ховари Миёна Эрон ҳамоно аз “Ҳизбуллоҳ” - як гурӯҳе, ки онро Вашингтон соли 1997 террористӣ номидааст, пуштибонӣ мекунад. Эрон инчунин ба “Ҳамос”  ва  гурӯҳҳои дигари террористии фаластинии мисли “Ҷиҳоди исломӣ” ва “Ситоди кулли Ҷабҳаи мардуми озодии Фаластин” силоҳ медиҳад... Читать дальше...

Ду сӯхтор дар бозорҳои калони Русия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар давоми камтар аз 24 соати гузашта дар Русия ду сӯхтори азиме бозорҳои калони ин кишварро осеб расонид. Сӯхтори аввал шоми 30 ноябр дар бозори либоси "Темерник"-и шаҳри Ростови лаби Дон сар зада то соати 6-и субҳ давом кард;   сӯхтори дигар субҳи 1 декабр дар бозори "Садовод"-и Маскав рух дод.    Сабаби ин ду сӯхтор феълан маълум нест. Сӯхторнишонҳо ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуданд.    Иттилое дар бораи талаҷоти ҷонӣ нест, бархе расонаҳо аз ҷароҳати як нафар дар Ростови лаби Дон хабар медиҳанд. Читать дальше...

Боздошти чанд узбекистонӣ бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии одамон ба Амрико

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Узбекистон мегӯянд, аз чанд кушиши интиқоли ғайриқонунии шаҳрвандони ин кишвар ба Амрико пешгирӣ кардаанд. Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон иттилоъ додаанд, ки сокини шаҳри Самарқанд, соли таваллудаш 1979 аз як сокини маҳаллӣ бар ивази интиқоли ӯ тавассути Мексика ба Амрико 25 ҳазор доллар талаб кардааст. Ӯ ҳангоми гирифтани 15 000 доллар боздошт шудааст. Ду сокини ноҳияҳои Пастдарғом ва Каттақӯрғони Самарқанд низ бо иттиҳоми ҳамсон дастгир шудаанд. Читать дальше...

Дар қисмҳои ҳарбӣ дурбин мегузоранд. "Дедовшина" аз байн меравад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Гузоштани камераҳои назоратӣ дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон ҳатмӣ шуд. Бар асоси илова ба қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, минбаъд дар ҷойҳои будубоши сарбозон бояд камераҳои назоратӣ насб карда шаванд.

Тасаллияти мақомоти тоҷик ва ҷузъиёти сӯхтори пурқурбонӣ дар Алмато

Ozodi.org 

Мақомоти давлатии Қазоқистон аз мавҷудияти ҳостеле дар шаҳри Алмато хабар надоштаанд, ки дар сӯхтори рӯзи 30 ноябр онҷо 13 кас фавтид ва 5 тани дигар захм бардошт. Дар ин бора Сирим Шарифхонов, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод. Шарифхонов гуфт, ин ҳостел дар қайди мақомот набуд ва тафтиш низ намешуд. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо истинод ба пулиси Алмато хабар дод, ки дар миёни ҳалокшудагон ду русиягӣ ва ду узбекистонӣ низ ҳастанд. Ин хобгоҳ як моҳ пеш дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бинои сеошёна ташкил шудааст. Читать дальше...

Ҷоми AFC: "Абдиш -Ота" ба даври баъдӣ роҳ ёфт, "Равшан" ноумед шуд

Ozodi.org 

Дастаи «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон, ки дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар меҳмонӣ тими «Алтин Асир»-и Туркманистонро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, ғолиби гурӯҳи “Е” шуда, пешакӣ ба даври баъдии мусобиқот роҳ ёфт. Бозӣ миёни “Алтин Асир” ва “Абдиш-Ота” шаби панҷшанбеи 30-юми ноябр дар варзишгоҳи “Ашқобод”-и шаҳри Ишқобод доир гардид. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Голҳоро Нурмуродов дар дақиқаи 8-ум... Читать дальше...

Гузоришҳо: Тошиев ба Тоҷикистон рафт 

Ozodi.org 

Чанд расонаи Қирғизистон хабар дод, ки раҳбари КДАМ-и ин кишвар Қамчибек Тошиев ба Тоҷикистон парвоз кардааст.   Дастикам ду расона (Вести.кг ва “Вечерний Бишкек”) бо такя ба навиштаи раиси телевизиони “Регион” Ӯткурбек Раҳмонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, Тошиев, ки ҳамзамон муовини раиси кабинаи вазирони ҳукумати Қирғизистон аст, барои иштирок дар ҷаласаҳои аломатгузории марзи ду кишвар ба Тоҷикистон рафтааст.   Мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабаре нашр намекунанд. Читать дальше...

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Tokyo Grand Slam 2023 маълум шуданд

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург”  (Tokyo Grand  Slam 2023), ки рӯзҳои 2-3-юми декабр дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио - баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад.

Тамдиди мӯҳлати боздошти хабарнигори РАО/РО Алсу Қурмашева

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Қазони Русия мӯҳлати боздошти хабарнигори собиқадори Бахши тотору бошқирди Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро, ки 18 октябр дастгир шуд, то 5 феврали соли 2024 тамдид кард. Алсу Қурмашева, ки дар қароргоҳи РАО/РО дар шаҳри Прага кор карда соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва ИМА мебошад, моҳи маи имсол бо зарурати оҷили оилавиаш ба Қазон сафар  кард.  2-юми июн, замоне, ки мехост дубора ба Прага баргардад, дар фурудгоҳи шаҳри Қазони Тотористон боздошт шуд ва ҳарду шиносномаашро мусодира карданд. Читать дальше...

Поёни оташбас дар Ғазза ва оғози дигарбораи ҷанг миёни Исроил ва "Ҳамос"

Ozodi.org 

Пас аз ҳафт рӯзи оташбаси муваққатӣ, ҷанг миёни Исроил ва гуруҳи фаластинии "Ҳамос" дигарбора оғоз шудааст. Радиои артиши Исроил гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар субҳи ҷумъа минтақаҳои гуногуни Ғаззаро бомбаборон кардаанд.

"Мемориал" Алсу Курмашеваро зиндонии сиёсӣ эътироф кард

Ozodi.org 

Тарҳи ҳомии ҳуқуқи "Ҳимояти зиндониёни сиёсӣ. Мемориал" рӯзноманигори бахши тотору бошқирди Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро маҳбуси сиёсӣ эътироф кард. Қурмашева, ки шаҳрвандии ИМА ва Русияро дорад, аз охири моҳи октябри соли ҷорӣ бо айби вайрон кардани қонуни "агенти хориҷӣ" дар боздоштгоҳи Қазон нигаҳдорӣ мешавад. Рӯзноманигорро дар он айбдор мекунанд, ки ба мақомоти Русия барои шомил шуданаш ба феҳристи "агентҳои хориҷӣ" санад пешниҳод накардааст. Дар Русия ин нахустин чунин парванда аст, ки зидди рӯзноманигор боз кардаанд. Читать дальше...

Раиси КДАМ Қирғизистон гуфт, ҳамаи фоҳишахонаҳоро мебанданд

Ozodi.org 

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 30 ноябр гуфт, тасмим дорад то рӯзи 1 декабр ҳамаи фоҳишахонаҳоро ошкор ва бандад. Ин масъулиятро вай бар дӯши ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон гузошт. Тошиев гуфт, дар сурати иҷро накардани ин супориш мансабдорон сабукдӯш хоҳанд шуд. Тошиев ҳамчунин афзуд, ҳамаи маълумоти хусусии духтароне оммавӣ гардонида мешавад, ки хадамоти шаҳвонӣ мерасонанд. Аз ҷумла чеҳра ва маълумоти шиносномавии онҳо. Дар Қирғизистон дар гузашта низ талош доштанд... Читать дальше...

"Ба мо об даркор аст, об, об..." Шикояти сокинони Адрасмон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони як шаҳраки саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон аз норасоии об шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, то замони фаъол будани корхонаи маъдантозакунии Адрасмон шароити зиндагӣ дар ин ҷо хуб буд, аммо баъди қатъи кори он вазъият душвортар шуд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *