Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2023

Новости за 11.12.2023

Блогер Отабек Сатториро аз зиндон ба маҳбаси сукунатӣ бурданд

Ozodi.org 

Блогери узбекистонӣ Отабек Сатторӣ, ки ду сол пеш 6,5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, аз зиндон ба маҳбаси сукунатӣ интиқол дода шудааст. Дар ин бора Ташкилоти ҷамъиятии узбекистонии "Эзгулик" иттилоъ додааст. Додгоҳи Музробод Отабек Сатториро 10 майи соли 2021 бар пояи бандҳои "Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон" ва "Туҳмат" айбдор дониста, 6,5 сол зиндонӣ кард. Додситон барои вай 11 соли зиндон талаб карда буд. Сатторӣ 29 январи ҳамон сол дар шаҳри Термиз боздошт шуда буд. Дертар ӯро ба тамаъҷӯӣ айбдор карданд. Читать дальше...

Даҳҳо мансабдори қирғиз барои робита бо Матраимов ва Колбоев барканор шудаанд

Ozodi.org 

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки беш аз 180 корманди ниҳодҳои гуногуни давлатӣ барои робита бо муовини пешини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Раимбек Матраимов ва соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев аз кор ронда шуданд.

Ахбори Озодӣ аз 11-уми декабри соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Мухолифини ҳукумат аз истирдоди Билол Қурбоналиев ба Тоҷикистон нигарон будаанд, созмонҳои байналмилалӣ ба зарурати таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунанд, рубли русӣ дар муқобили доллару сомонӣ таҳким ёфтааст ва матолиби дигар.

Дар чанд соли оянда аз пиряхҳои экваторӣ нишоне нахоҳад монд

Ozodi.org 

Аз 30-уми ноябр то 12 декабр дар Дубай нишасти сарони кишваҳои олам бахшида ба мубориза бо тағйири иқлим ҷараён хоҳад дошт. Тағйири иқлим яке аз масъалаҳои дарднок барои Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро солҳои ахир пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда истодаанд.



СҶТ: Беҳсозии вазъи "фоҷеабор"-и беҳдоштӣ дар Ғазза амалан номумкин аст

Ozodi.org 

Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 10 декабр гуфт, беҳбуди вазъи "фоҷеавӣ"-и беҳдоштӣ дар навори Ғазза бо вуҷуди қабули пешниҳоди изтирории созмон дар мавриди дастрасии бештар ба хадамоти тиббӣ, амалан ғайриимкон хоҳад буд.

Қазоқистон 20 обанбори нав месозад

Ozodi.org 

Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки бунёди 20 обанбори навро дар солҳои 2024-2026 оғоз кунад. Хадамоти матбуотии ҳукумати Қазоқистон 11 декабр хабар дод, ки обанборҳои нав имкони захираи 24 километри мукааб обро хоҳанд дошт ва дар ҳудуди 9 вилояти он кишвар бунёд мешаванд. Ҳамзамон 15 обанбори кунунӣ дар 9 вилояти Қазоқистон, ки имкони захираи 1,9 километри мукааб обро доранд, таъмир хоҳанд шуд. Ба иттилои манбаъ, анҷоми ин корҳо дар "Маҷмуаи нақшаҳо барои рушди соҳаи обёрӣ дар Қазоқистон барои солҳои 2024-2030" пешбинӣ шудааст. Читать дальше...

Дар Қазон ба ҷонибдорӣ аз Алсу Қурмашева шиор доданд

Ozodi.org 

Рӯзи якшанбе дар шаҳри Қазони Русия бо ҳимоят аз озодии расонаҳо ва зидди таъқиби рӯзноманигорон гирдиҳамоӣ ташкил шуд. Гирдиҳамомадагон аз ҷумла аз рӯзноманигори зиндонии бахши тотору бошқирди Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева ҳимоят карданд. Рӯзноманигорон дар Қазон бо шиорҳои зидди фишор ба кормандони расонаҳо гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Дар бисёре аз шиорҳои гирдиҳамомадагон номи рӯзноманигороне навишта шуда буд, ки ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ кушта ва ё мавриди таъқибу фишор қарор гирифтаанд. Пулис аз гирдиҳамомадагон талаб кард... Читать дальше...

Гуфтугӯи Путин ва Нетаняҳу. Телавив аз робитаҳои Маскав бо Эрон ва "Ҳамос" нохушнуд аст

Ozodi.org 

Расонаҳои Исроил гузориш доданд, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин кишвар рӯзи якшанбе ночор шуд дар миёнаи нишасти ҳафтагии ҳукумати худ, ҷаласаро тарк кунад, то бо Владимир Путин телефонӣ сӯҳбат намояд. Дафтари матбуоти нахуствазири Исроил гуфтааст, ки ин гуфтугӯи телефонӣ 50 дақиқа давом кардааст. Ин дувумин гуфтугӯи телефонии раҳбарони Русия ва Исроил аз замони оғози ҷанг дар Ғазза аст.

Боздошти 7 кас дар Қарағанда дар пайванд ба марги 46 тан дар як нақб

Ozodi.org 

Мақомоти қудратии Қазоқистон дар доираи парвандаи таркиш дар нақби ба номи Костенко, ки боиси марги 46 тан шуд, 7 касро боздошт кардаанд. Ному насаби боздоштшудаҳо нашр нагардидааст, танҳо гуфта мешавад, ки онҳо роҳбарон ва муҳандисони нақб ҳастанд. Боздоштшудаҳо дар "Вайрон кардани талаботи бехатарӣ ҳангоми анҷоми корҳои куҳӣ" гумонбар мешаванд. Таркиш дар нақби ба номи Костенко дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон 28 октябр рух дод. Ҳангоми рух додани таркиш дар дохили нақб 252 кас қарор дошт. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *