Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2023

Новости за 25.12.2023

Бозори панҷум бо Афғонистон: ҳамкории нарм бо Толибон ё ғамхорӣ ба мардум?

Ozodi.org 

Тоҷикистон бозори панҷуми муштарак бо Афғонистонро бозкушоӣ кард. Ин бозор бо номи "Шоҳон" дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва вулусволӣ (ноҳия)-и Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон дар аввали моҳи декабр фаъолияташро аз сар гирифт.

Чаро тоҷикон ба омӯзиши забони англисӣ таваҷҷуҳ нишон намедиҳанд?

Ozodi.org 

Бар пояи назархоҳии як созмони хориҷӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳое ҷойгир аст, ки ба омӯзиши забони англисӣ зиёд таваҷҷуҳ надоранд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ Алишер Зарифӣ ва Шаҳлои Абдуллоҳ дар ин бора гузориш медиҳанд.

Роҳҳои Кӯлоб вайрон мешаванд. Кӣ таъмир мекунад?

Ozodi.org 

Бо вуҷуди он, ки дар Кӯлоб як солро соли роҳҳои обод эълон карданд, ба гуфтаи сокинон роҳҳо ободу ҳамвор нашуданд. Шикояти мусофирону ронандаҳо аз роҳҳои валангор дар яке аз калонтарин шаҳрҳои кишвар зиёд аст.

Шикоят аз роҳҳои Кӯлоб. Ронандаҳо: худамон таъмир мекунем. АКС

Ozodi.org 

Дар шаҳри Кӯлоб баъзе роҳҳое, ки ҳамагӣ ду-се сол пеш мумфарш шуда буданд, дубора хароб мешаванд. Аз ҷумла роҳи марказии шаҳр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ. Ҳар рӯз садҳо мошин аз бару болои ин роҳи нимавайрона равуо мекунанд. Чунин аҳволро метавон дар дигар гӯшаҳои шаҳр низ дид.



Пулиси Покистон 290 фаъоли балуҷро озод кард

Ozodi.org 

Пулиси Покистон рӯзи 25-уми декабр 290 фаъоли балуҷро раҳо кард. Онҳо ҳафтаи гузашта ҳангоми талош барои баргузории тазоҳурот дар шаҳри Исломобод, пойтахти ин кишвар боздошт шуда буданд.

Иззат Амонро дар зиндон ҷарроҳӣ мекунанд  

Ozodi.org 

Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷиронро дар яке аз маҳбасҳои Душанбе ҷарроҳӣ мекунанд. Наздиконаш бо нигаронӣ мегӯянд, Иззат Амон бештар аз як моҳ аст, ки аз дарди дандон ранҷ мебарад ва хатари гузаштани зардоби дандон ба майнаи сар зиёд шудааст.

Тоҷикистон аз Фонди саудии рушд 20 миллион доллар қарз мегирад

Ozodi.org 

Тоҷикистон барои сохтани мактабҳои нав аз Фонди саудии рушд 20 миллион доллар қарз мегирад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон 22-юми декабр дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, ин қарз ба муддати 25 сол ва бо 1,5 фоизи солона гирифта мешавад.

ИМА аз сарнавишти Алексей Навалний "амиқан нигарон аст"

Ozodi.org 

ИМА аз сарнавишти мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний амиқан нигарон аст, ки 20 рӯз аст маълум нест дар куҷост. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар саҳифаҳои иҷтимоии X (Твиттер) хабар дод.

Вазорати корҳои дохилӣ садама дар ноҳияи Рӯдакиро шарҳ дод

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилӣ садамаеро шарҳ дод, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Ҳодиса 23-юми декабр дар роҳ аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба сӯи Душанбе рух дод. Масъулини Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, дар ин ҳодиса як зан ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷруҳ шудаанд.

WSJ: Қатли роҳбари "Вагнер" кори Патрушев буд

Ozodi.org 

Қатли муассиси Ширкати хусусии низомии "Вагнер", соҳибкор Евгений Пригожинро котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ташкил кардааст, менависад нашрияи амрикоии The Wall Street Journal.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *