Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2023

Новости за 05.12.2023

Муҳлати даъват ба артиш тамом шуд, ҷалби ҷавонон чӣ?

Ozodi.org 

Ҳарчанд, рӯзи 30-юми ноябр муҳлати ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон расман ба анҷом расид, аммо худдории Вазорати дифоъ аз пешниҳоди маълумоти расмӣ дар бораи иҷрои нақша, миёни сокинон ва намояндагони баъзе созмонҳои ҷамъиятӣ ҳадсу гумонҳоеро ба миён овардааст.

Сабаби ба Душанбе наомадани Роналдоро гуфтанд

Ozodi.org 

Шоми 5-уми декабр футболбозони бошгоҳҳои Истиқлол ва Ан- Насри Арабистони Саудӣ, дар Душанбе бо ҳам рақобат мекунанд. Рақобатро дар Тоҷикистон зиёд интизор буданд, зеро умед, доштанд ситораи футбол Роналдоро аз наздик бубинанд. Аммо бозӣ бе ҳузури ин футболбоз хоҳад гузашт. Чаро?

Путин ба Арабистони Саудӣ ва Иморот меравад

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия, 6-уми декабри имсол ба Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хоҳад рафт. Рӯзи дигараш ба Маскав бармегардад, чун мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳурии Эрон дар назар аст.



"Таърихчаи Озодӣ" (Филми мустанад)

Ozodi.org 

Имсол Радиои Озодӣ ҳафтодсола шуд. Ба ин муносибат филме пешкаши бинандагон мешавад, ки аз тарафи ҳамкорамон Барот Юсуфӣ таҳия шудааст.

Медали нуқраи Фариноз дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон

Ozodi.org 

​Фариноз Абдуллоева, варзишгари тоҷик,  дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни наврасони то 16-сола медали нуқра ба даст овард. Мусобиқа аз 24-уми ноябр то 4-уми декабр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор шуд.

24 километри дигар. Созиши нави Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи марз

Ozodi.org 

​Гурӯҳҳои топографӣ ё маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари таъйини 24 километри дигари сарҳад мувофиқа кардаанд. Мулоқоти ҷонибҳо аз 29-уми ноябр то 5-уми декабри имсол дар шаҳри Бӯстони Тоҷикистон гузашт.

Сафири пешини Амрико дар Боливия ба 40 сол ҷосусӣ барои Куба муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Як дипломати пешини Амрико муттаҳам шуд, ки даҳсолаҳо барои ҳукумати коммунистии Куба ҷосусӣ кардааст. Додситонҳои амрикоӣ аз ин парванда ба унвони яке аз густохонатарин мавриди хиёнат ба ин кишвар ном бурдаанд.

Дар Қазоқистон ду хабарнигор ба зиндон маҳкум шуданд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзноманигорон Владимир ва Наргис Северниҳоро, ки ба "тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми калон" айбдор мешуданд, мутаносибан 7 ва 8 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои рӯзноманигорон 11 соли зиндон талаб карда буд. Вакилони дифоъ ва худи гумонбарон аз додгоҳ хоста буданд, ки онҳоро озод намояд, зеро дар "кирдорашон таркиби ҷиноят вуҷуд надорад". Тибқи маводи парванда, Северниҳо соли 2019 аз молики як шабакаи тарабхонаҳо Дмитрий Дремасов... Читать дальше...

Русия ҷазо барои ифшои маълумоти шахсиро сахттар мекунад

Ozodi.org 

Бастаи қонунҳое ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шуда, ки барои истифодаи пойгоҳи маълумоти шахсии рахнашуда ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ карда, ҷазоро барои худи рахнакунӣ сангинтар менамоянд. Лоиҳаи қонунҳоро сенаторҳо аз Ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" Андрей Турчак, Андрей Клишас, Ирина Рукавишникова, Константин Долгову Артем Шейкин, вакилони Думаи давлатӣ Александр Хинштейн, Ирина Панкина, Дмитрий Вяткин ва Антон Немкин пешниҳод кардаанд. Муаллифон хостаанд, барои истифода, пешниҳод ва ҷамъоварии маълумоти шахсӣ... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *