Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2023

Новости за 19.12.2023

Остин аз Исроил хост, монеи талафот дар байни мардум шавад

Ozodi.org 

Вазири дифои Амрико дар сафараш ба Исроил гуфт, "қотеъона" аз давлати яҳудиён пуштибонӣ хоҳанд кард, вале ҳамзамон ба ҳифзи ҷони ғайринизомиён дар Ғазза таъкид намуд. Исроилро барои ҳамла ва куштани ғайринизомиён дар Ғазза танқид мекунанд. Телавив ҳамеша гуфтааст, ҷангҷӯёнро ҳадаф қарор медиҳад.

Хотираи Низом Нурҷононовро гиромӣ доштанд

Ozodi.org 

Дар маҳфиле дар Душанбе аз Низом Нурҷонов, яке аз чеҳраҳои маъруфи фарҳанги тоҷик, ёд карданд. Агар умр вафо мекард ин пажӯҳишгари тоҷик 100-сола мешуд. Низом Нурҷонов дар тӯли умри худ вижагиҳои драма, операву балет, рақс ва фолклору мусиқии тоҷикро таҳқиқ кардааст.

Хоҳараш гуфт, муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик "бегуноҳ аст" ВИДЕО

Ozodi.org 

Пайвандони Сӯҳроб Юсуфов, ронандаи 21-солаи тоҷик, ки дар Маскав дастгир шуд, аз мақомоти Тоҷикистон талаби кумак доранд. Онҳо мегӯянд, ки маъмурони пулиси Русия "муҳоҷирро шиканҷа дода, бегуноҳ дастгир кардаанд". Фарзияи муфаттишон дигар аст. Мақомоти Тоҷикистон вокуниш накардаанд.

Наздиконаш мегӯянд, Сӯҳроб Юсуфов "бегуноҳ аст"

Ozodi.org 

Пайвандони Сӯҳроб Юсуфов, ронандаи 21-солаи таксӣ аз Тоҷикистон, ки дар пайи муноқиша бо пулис дар Маскав боздошт шуд, аз мақомот талаби кумак доранд. Боздошти ин муҳоҷири тоҷик дар бозори "Садовод"-и Маскав норозигии даҳҳо нафарро ба миён овард. Дар пайи он 73 муҳоҷирро ба ҳабси маъмурӣ гирифтаанд.

TikTok дар Қирғизистон ҳанӯз баста нашудааст

Ozodi.org 

Шабакаи иҷтимоии TikTok дар Қирғизистон ҳанӯз баста нашудааст. Дар ин бора рӯзи 19-уми декабр раиси хадамоти танзим ва назорати бахши алоқа Олтинбек Токторбоев хабар дод.



Боздошти ҳашт марзбон ба гумони даст доштан дар қочоқ  

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки дар ноҳияи Ала-Букини вилояти Ҷалалобод ҳашт низомиро ба гумони даст доштан дар қочоқ боздошт кардааст. КДАМ ин хабарро рӯзи 19 декабр нашр кард.

Марги 118 нафар дар заминларзае дар Чин

Ozodi.org 

Дар заминларзае дар Чин камаш 118 нафар ҷон бохта, зиёда аз 600 кас маҷрӯҳ шудаанд. Ба гузориши “Франс Пресс”, ҳодиса шаби 18 ба 19-уми декабр рӯй дод.

"Пул медиҳем, вале оби гарм нест" ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе чаҳор рӯз боз аз кори низоми гармидиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, шабҳои сарди зимистони имсоларо дар хонаҳои сард мегузаронанд. Интиқоли оби гарм ба баъзе аз маҳаллаҳо рӯзи шанбе, 16-уми декабр, бас шудааст.

Шикоятҳо аз низоми гармидиҳии Душанбе

Ozodi.org 

Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе чаҳор рӯз боз аз кори низоми гармидиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, аввалин шабҳои сарди зимистони имсоларо дар хонаҳои сард мегузаронанд. Интиқоли оби гарм ба баъзе маҳаллаҳо рӯзи шанбе, 16-уми декабр, бас шудааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *