Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2023

Новости за 12.12.2023

"Сӯзанро аз тани сарбоз баровардем." Ба Асламҷон дар қисми ҳарбӣ чӣ шуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Пизишкони “Қарияи Боло”-и Душанбе аз бадани сарбози Вазорати корҳои дохилӣ, Асламҷони Амирбек, сӯзанеро берун овардаанд. Баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ онро “эҳтимол кори куҳнасарбозон” гуфтанд. Сухангӯйи вазорат рад кард. Худаш дар бемористони касалиҳои равонӣ аст. Дар асл чӣ иттифоқ уфтод?

Таъсири мусбати музокирот ба вазъи деҳоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Ozodi.org 

Тоҷикистону Қирғизистон дар се моҳи ахир дастикам панҷ бор аз музокирот хабар доданд, ки дар он як бахши бузурги марзи муштарак ташхису аломатгузорӣ шудааст. Ин раванд ба зиндагонии сокинони деҳоти марзӣ ҳам таъсири мусбат расонидааст. Гузориши Фарзон Муҳаммадӣ дар ин бора аст.

Ахбори Озодӣ аз 12-уми декабри соли 2023

Ozodi.org 

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғистон ба музокироти марзӣ идома доданд; табибон муайян хоҳанд кард, ки аз куҷо дар тани наваскар сӯзан пайдо шуд; маҳви боғе дар шаҳри Кӯлоб ва матолиби дигар.

Сӯзан дар тани сарбози тоҷик аз куҷо пайдо шуд?

Ozodi.org 

Дар тани як наваскари тоҷик, ки бо бад шудани вазъи саломатӣ ба беморхона интиқол ёфт, табибон сӯзан пайдо кардаанд. Сарбоз ҳоло дар беморхонаи рӯҳӣ будааст. Чаро ё чӣ тавр сӯзан ба тани сарбоз ворид карда шудааст?

Маҳви боғи баҳсбарангез дар шаҳри Кӯлоб

Ozodi.org 

Соҳибони норозии як боғ дар Кӯлоб аз он шикоят доранд, ки заҳмати чандинсолаашон дар заминро як амри мақомот ба хок яксон кард. Бо ин амр беш аз сад дарахти мевадиҳандаи боғро, ки як манбаи даромади чандин хонавода буд, решакан кардаанд.



Ҳавопаймои Uzbekistan Airways дар нимароҳ нишаст

Ozodi.org 

Ҳавопаймои Uzbekistan Airways, ки рӯзи 11-уми декабр аз шаҳри Ню-Йорк ба Тошканд парвоз мекард, ночор дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербурги Русия фуруд омадааст.

"Пиряхҳои экваторӣ ба зудӣ пурра об мешаванд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Муовини дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ мегӯяд, “солҳои охир гармтарин дар таърихи башарият аст”. Елена Манаенкова бовар дорад, ки “идомаи чунин ҳол боис ба об шудани пиряхҳо дар кӯҳҳо ва болоравии мизони об дар баҳру уқёнусҳо хоҳад шуд.”

Додгоҳи Тотористон хост, Алсу Қурмашева дар боздоштгоҳ монад

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тотористон 12-уми декабр ҳукми ҳабси хабарнигори Бахши тотору бошқирди Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро бетағйир гузошт. Ӯ рӯзи 18-уми октябри имсол дастгир шудааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *