Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2023

Новости за 22.12.2023

Эътирози шадиди Узбекистон ба изҳороти Прилепин

Ozodi.org 

Як изҳороти сиёсатмадори Русия Захар Прилепин баҳсбарангез шудааст. Ӯ гуфта, ки қаламрави Узбекистон ва сарзаминҳои дигари муҳоҷирфирист ба ҳайати Русия ҳамроҳ карда шаванд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ба ин изҳорот вокуниши сахт нишон дод ва сафири Русияро дар Тошканд ба суҳбат даъват кард.

Ахбори Озодӣ аз 22-уми декабри соли 2023

Ozodi.org 

Таҳаввулоти охири Прага баъд аз ҳамлаи хунин, эътирози шадиди Узбекистон ба изҳороти баҳсбарангези Прилепин дар бораи аннексияи кишварҳои муҳоҷирфирист, ҷашни Шаби Ялдо дар Душанбе.



Эрон: Барои "мубаллиғони бадҳиҷобӣ" додгоҳҳои сайёр таъсис медиҳанд

Ozodi.org 

Мақомоти Эрон мехоҳанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили марказҳои тиҷорӣ додгоҳҳои сайёр таъсис диҳанд ва ба ин тартиб занону духтаронеро ҷазо диҳанд, ки ҳиҷоб намепӯшанд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба санадҳои махфӣ хабар медиҳанд.

Пешниҳоди "ҷазо"-и нав дар Қирғизистон  

Ozodi.org 

Вакили порлумони Қирғизистон Тазабек Икромов лоиҳаи қонуни пешниҳодии худро, ки барои иштирок накардан дар интихобот ва раъйпурсӣ ҷарима пешбинӣ мекард, бозбинӣ ва аз нав таҳия кардааст.

Тоҷикистон соли 2023 дар радабандии FIFA ду зина боло шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар радабандии FIFA  (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 21-уми декбр нашр шудааст, аз рӯи натиҷагирии соли 2023 бо 1195 имтиёз дар  ҷойгоҳи 106-ум қарор гирифт, ки ин нисбат ба соли гузашта ду зина болост.

“Ҳама ҷо пури хун буд.” Рӯзи мотами миллӣ дар Чехия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Чехия дар пайванд ба куштори 14 нафар дар Донишгоҳи Прага, ки аз ҷониби як донишҷӯи 24-сола сурат гирифт ва ин кишвари аврупоиро ба изтироб овард, 23-юми декабрро Рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Дар тирандозии шоми 21-уми декабр инчунин 25 кас маҷрӯҳ шуда, вазъи даҳ нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Соли 2023 барои муҳоҷирон чӣ гуна сол буд?

Ozodi.org 

Соли 2023 барои муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна сол буд? Он ҳам дар пасманзари афзоиши амалиёти боздошту тафтиш ва шиканҷаҳо. Баъзе аз роҳгузарон дар маркази вилояти Хатлон ҳамчунин орзуи солинавии худро ба муҳоҷирон баён карданд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *