Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Декабрь
2023

Новости за 27.12.2023

"Ҷанг дар Ғазза моҳҳои дароз идома мекунад" ВИДЕО

Ozodi.org 

Фармондеҳи артиши Исроил мегӯяд, мумкин аст, ҷанг дар Ғазза моҳҳои зиёд идома кунад. Ӯ дар ин бора замоне сухан гуфт, ки амалиёти низомии Исроил дар ин минтақаи муҳосирашудаи фаластиниён шиддат мегирад ва бино ба гузоришҳо дар онҷо то кунун бештар аз бист ҳазор нафар кушта шудаанд.

Исроил мегӯяд, ҷанг дар Ғазза моҳҳои зиёд давом мекунад

Ozodi.org 

Фармондеҳи артиши Исроил мегӯяд, мумкин аст, ҷанг дар Ғазза моҳҳои зиёд идома кунад. Ӯ дар ин бора замоне сухан гуфт, ки амалиёти низомии Исроил дар ин минтақаи муҳосирашудаи фаластиниён шиддат мегирад ва бино ба гузоришҳо дар онҷо то кунун бештар аз бист ҳазор нафар кушта шудаанд.

Ахбори Озодӣ аз 27-уми декабри соли 2023

Ozodi.org 

Исроил мегӯяд, ҷанг дар Ғазза моҳҳои дароз идома мекунад; Тоҷикистон бо Толибони Афғонистон дар масъалаи содироти нерӯи барқ созиш имзо кард; истифодаи бухориҳои бобоӣ дар баландошёнаҳои шаҳраки Адрасмон ва намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар Душанбе.



Иштироки ду шатранҷбози тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон

Ozodi.org 

Шатранҷбозони тоҷик Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев ва Ҷалолиддин Илҳомӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид (зудбозӣ) ва блитс (бозии барқвор), ки 26-уми декябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон оғоз ёфт, ширкат доранд.

Кушта шудани фармондеҳи Сипоҳ танишро дар Ховари Миёна зиёд кард

Ozodi.org 

Кушта шудани як фармондеҳи Сипоҳи посдорон дар Сурия ва ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба як гуруҳи тарафдори Эрон дар Ироқ, танишро дар Ховари Миёна боло бурдааст. Он ҳам дар шароите, ки ҷанг миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" дар Навори Ғазза ҳамчунон идома дорад.

Қарори нав дар Русия. Омодагӣ ба ҳолати баъди ҷанг? ВИДЕО

Ozodi.org 

Русия додани шаҳрвандиро барои сокинони Қазоқистон осон кард. Тибқи қарори нав аз 18-уми декабри имсол ҳар қазоқистонӣ метавонад пас аз гирифтани иҷозаи иқомати доимӣ, аз забони русӣ имтиҳон супораду шаҳрванди Русия шавад. Супоридани имтиҳони таъриху асосҳои давлатдории он кишвар шарт нест.

Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд

Ozodi.org 

Роҳи Душанбе-Чаноқ барои ҳаракати нақлиётҳо боз шудааст. Дар ин бора ширкати IRS нимарӯзи 27-уми декабр хабар дод.

СММ аз гаронӣ дар Тоҷикистон гуфт, масъулон аз арзонӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба гузориши Барномаи озуқаи Созмони Милал, нархи баъзе аз анвои маҳсулот дар остонаи Соли нави мелодӣ дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст. Аз ҷумла, арзиши биринҷу тухми мурғ, пиёзу картошка, сабзӣ ва карам.

Ду ҷонибдори вакили қирғиз дар харидани овоз айбдор шуданд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкеки Қирғизистон ду ҷонибдори вакили порлумони он кишвар Шайлообек Атазовро маҳкум кард. Ин ду тан дар харидани овозҳои мардум дар интихоботи моҳи феврали соли 2022 айбдор шуданд.

Қарори нав. Омодагии Русия ба ҳолати баъди ҷанг?

Ozodi.org 

Русия додани шаҳрвандиро барои сокинони Қазоқистон осон кард. Тибқи қарори нав аз 18-уми декабри имсол ҳар қазоқистонӣ метавонад пас аз гирифтани иҷозаи иқомати доимӣ аз забони русӣ имтиҳон супораду шаҳрванди Русия шавад. Супоридани имтиҳони таъриху асосҳои давлатдории он кишвар шарт нест. Чаро?





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *