Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2019

Новости за 06.09.2019

Ҳарбиёни Тоҷикистону Узбекистон дар як амалиёт "террористонро нобуд" мекунанд

Ozodi.org 

Неруҳои ҳарбии Тоҷикистону Узбекистон бо гузаронидани машқҳои низомӣ “аз байн бурдани террористон”-ро тамрин мекунанд. Вазорати дифои Узбекистон хабар додааст, ки машқи муштарак аз 16 то 21-уми сентябри соли равон дар размоишгоҳи шаҳри Намангон баргузор мешавад.

Дар Ӯзбекистон навраси 14-сола ба донишгоҳ дохил шуд

Ozodi.org 

Сокини 14-солаи ноҳияи Китоби Узбекистон Ҷасурбек Ғуломов бо касби 120,9 хол донишҷӯи Донишгоҳи давлатии вилояти Қашқадарё шуд. Ба иттилои сомонаи донишгоҳ, наврас аз ҳисоби будҷаи давлат таҳсил хоҳад кард. Ёдрас мешавем, имсол дар Узбекистон маҳдудияти синни дохил шудан ба донишгоҳҳои ин кишварро бекор карданд. Пештар хабар дода шуд, ки Маматқул Бердиалиеви 78-сола, Тухтамиш Султонови 80-сола ва як зани дигари 72-сола низ барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Узбекистон ҳуҷҷат супоридаанд. Маркази давлатии тестии Узбекистон гуфт... Читать дальше...

Президенти Қазоқистон "эътирозҳои зиддичинӣ"-ро ҳангома номид

Ozodi.org 

Президент Қосимҷомарт Тоқаев имрӯз, 6-уми сентябр дар ҷаласаи Шӯрои миллии боварии ҷомеа дар шаҳри Нурсултон дар бораи "эътирозҳои зиддичинӣ", ки ахиран панҷ шаҳри Қазоқистонро фаро гирифтанд, суҳбат карда, гуфт, бархеҳо ҳадафи "ноором" кардани ин кишварро доранд. Эътирозгарони қазоқ аз мақомот талаб доранд, ки иҷрои тарҳҳои муштарак бо Чин қатъ ва сафари президенти ин кишвар Тоқаев ба шаҳри Пекин дар рӯзҳои 11-12-уми сентябр бекор карда шавад. Тоқаев гуфт, дар ҷомеаи Қазоқистон дар бораи "55... Читать дальше...

Дар Узбекистон муҳлати хизмати сарбозиро барои ҳама баробар мекунанд

Ozodi.org 

Муҳлати хизмати сарбозӣ дар Узбекистон расман 12 моҳро ташкил медиҳад. Қонуни мазкурро президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев рӯзи 5-уми сентябр имзо кард. Тағйиру иловаҳо ба Қонун "Дар бораи уҳдадориҳои умумии низомӣ ва хизмати сарбозӣ" муҳлати адои хизмати сарбозиро 12 моҳ таъйин кард. То ин замон дар Узбекистон хизмати низомӣ барои сарбозони қаторӣ ва ҳайати сержантҳо 12 моҳ ва барои афроди дорои маълумоти олӣ 9 моҳро ташкил медод. Ба ҷуз ин, тибқи қонун, сабти шаҳрвандон дар қитъаҳои низомӣ моҳҳои апрел-май сурат мегирад. Читать дальше...



Дар шарқи Туркманистон нафақахӯрон барои дарёфти нафақа навбатпоӣ мекунанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Туркманободи вилояти Лебапи Туркманистон нафақахӯроне, ки ҳанӯз нафақаашон ба кортҳои плостикии бонкӣ нагузаштааст, аз қабл барои дарёфти нафақа дар рӯйхати навбатпойӣ сабти ном кардаанд. "Моҳи ҷорӣ дар Туркманобод нафақахӯроне, ки ҳанӯз нафақаашон нагузаштааст, рӯйхат тартиб дода, аз қабл пушти банкоматҳо навбат гирифтаанд. То имрӯз шумори навбатпоён ба 2 ҳазор расидааст", - гуфт як сокини Туркманобод. Дар Туркманистон, маъмулан, нафақа санаҳои 1 то 5-уми ҳар моҳ ба кортҳои бонкӣ интиқол дода мешавад. Читать дальше...

Пас аз сӯхтор 16 соҳибкорро ба дигар ҷо кӯчониданд

Ozodi.org 

Пас аз оташ гирифтани зарфи гази моеъ дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб маъмурияти бозор 16 фурӯшандаро маҷбур карданд, ки ҷояшонро иваз кунанд. Рӯзи 5-уми сентябр зарфи гази моеъ дар ин нуктаи фуруши ғизо оташ гирифт, вале алангаи оташ зуд хомӯш карда шуд. Ин фурушандаҳо, ки маъмурияти бозор онҳоро ба беаҳамияти гунаҳкор мекунад, дар дохили толори пушидаи бозори марказии шаҳр хуроки саридастӣ мепухтанд.     Бобоҷон Нуров, директори бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб рӯзи 6-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Муҳлати зиндони корманди фасодкори додситонии кулли Қирғизистонро кам карданд

Ozodi.org 

Муҳлати зиндони сардори пешини раёсати тафтишоти Додситонии кулли Қирғизистон Қиличбек Арпачиевро кам карданд. Арпачиев, ки соли 2016 барои порахӯрӣ 14 сол зиндонӣ шуда буд, ҳамакнун ба зиндони сукунтӣ интиқол ёфт. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, муҳлати зиндони корманди пешини додситонӣ дар робита ба тағйироти кодексҳои нав кам шудааст. Моҳи феврали соли ҷорӣ додгоҳ муҳлати зиндони Арпачиевро ба 10 сол расонд. Арпачиев ҳамчунин 15-уми июл ба маҳбаси сукунатӣ интиқол ёфтааст. Баҳори соли 2015 як тоҷир ба КДАМ хабар дод... Читать дальше...

Бонки миллӣ: 1 доллар аз 9,65 то 9, 70 сомонӣ фурӯхта шавад

Ozodi.org 

Қурбии расмии доллар дар Тоҷикистон пас аз ҷаҳиши якбора каме коҳиш ёфтааст. Бонки миллии Тоҷикистон санаи 6-уми сентябр қурби 1 доллари амрикоиро 9 сомониву 68 дирам таъйин кардааст. Аммо бо ин вуҷуд, Бонки миллӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ иҷозат додааст, ки долларро дар доираи 9 сомониву 65 дирам ва 9 сомониву 70 дирам хариду фурӯш кунанд. Чунин иқдоми Бонки миллӣ, ки ба ташкилотҳои моливӣ ҳақ додааст, ки дар доираи муайян мувофиқи салоҳдиди худ долларро хариду фурӯш кунанд, собиқа надошт. Каме поён рафтани қурби доллар дар ҳолест... Читать дальше...

Омодагиҳо ба Ҷашни Истиқлол. Машқи донишҷӯён ва таҳкими чораҳои амниятӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Садҳо корманди пулис барои назорати тартибот дар рӯзи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон сафарбар шудаанд. Ҳазорон донишҷӯи дигар дар гушаҳои мухталифи кишвар барои ширкат дар барномаҳои ҷашнӣ тамрин мекунанд.

Озодӣ Онлайн: "Гӯштро қимат карданд, ки ба саломатӣ зарар доштааст. Орд чӣ?" ВИДЕО

Ozodi.org 

Бешак дар бораи болоравии нархи орд дар Тоҷикистон хабар доред. Баҳси зиёд дар ин бора идома дорад ва ин мавзӯъ бахше аз барномаи имрӯзаи мост. Сабабҳои сустии Интернет дар Тоҷикистон ва вокунишҳои шумо низ ҳаст. Аммо нахуст дар бораи тамрини донишҷӯён дар шаҳри Кӯлоб мегӯем.

Вакилони амрикоӣ гуфтанд, русҳо аз Путин хаста шуданд

Ozodi.org 

Ду вакили мардумии баландпояи Амрико, Русияро барои баргузор накардани “интихоботи озоди маҷлисҳои маҳаллӣ” танқид карданд. Дар баёнияи муштараки Элиот Эгел, вакили Ҳизби демократ ва Майкл Маккаул, вакили Ҳизби Ҷумҳурихоҳ омадааст, раҳпаймоиҳо бо талаби интихоботи озод “ҳамроҳ бо вокуниши Кремл ба он, далели дигарест, ки мардуми Русия аз шеваҳои истибдодии ҳукуматдории Владимир Путин хаста шудаанд”. Дар шаҳрҳои гуногуни Русия аз моҳи июл ба ин тараф ҳазорон нафар бо талаби интихоботи озоду одилона... Читать дальше...

Ҳабси абади се мард дар Покистон барои "қатли номусӣ"

Ozodi.org 

Додгоҳе дар вилояти шимолуғарбии Хайбар Пахтунхоҳ дар Покистон се мардро барои “қатли номусӣ” ба зиндони якумрӣ маҳкум кардааст. Ҳарсеро барои он ҷазо доданд, ки соли 2012 се занро барои рақсидан дар як ҷашни арӯсӣ дар минтақаи дурафтодаи Куҳистон куштаанд. Додгоҳи шаҳри Бешом рӯзи 5 -уми сентябр ҳангоми мурофиа панҷ марди дигарро бегуноҳ донист. Онҳое, ки зиндонӣ шуданд, бародар ва падарони занони кушташуда ҳастанд. Ҳодисаи ваҳшатангез 9 сол пеш дар ин минтақаи муҳофизакори Покистон рух дод. Мардони хонаводаи се духтар... Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон ба 42 корманди "Роғун" мукофотҳои давлатӣ дод

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати ба истифода додани чархаи дуввуми нерӯгоҳи “Роғун” ба 42 нафар мутахассисони ин иншоот мукофотҳои давлатӣ супоридааст. Дафтари матбуоти Президент рӯзи 6-уми сентябр хабар дод, ки “барои саҳми муҳим дар сохтмони нерӯгоҳ коргарон бо ордени “Шараф дараҷаи II”, медали “Хизмати шоиста” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр карда шуданд.” Ба гуфтаи манбаъ, Президенти Тоҷикистон дар ин маросим таъкид кардааст, ки бунёди “Роғун” кишварро ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасонад. Читать дальше...

Омбудсмени Қирғизистон: мактаби "контейнерӣ" ба меъёрҳо ҷавобгӯ нест

Ozodi.org 

Намояндагони Омбудсмени Қирғизистон бо шароити таҳсили хонандагони деҳаи Кенеши вилояти Норин ошно шуданд, ки ба далели садамавӣ будани бинои мактабашон дар контейнерҳо дарс мехонанд. Ба гуфтаи онҳо, шароити таҳсили хонандагони мазкур ба талаботи меъёрҳои раванди омӯзиш ҷавобгӯ набуда, бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил, саломатӣ ва бехатарии шахсӣ аст. "Контейнерҳо наметавонанд ҷои синфхонаҳоро иваз кунанд. Дар як контейнер танҳо 15-16 хонандаи синфҳои ибтидоӣ метавонанд ҷойгир шаванд... Читать дальше...

Президенти Узбекистон омодагиҳо ба "Олимпиада-2020"-ро танқид кард

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон 4-уми сентябр бо баргузории як ҷаласа дар шаҳри Тошканд масъалаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар ин кишвар баррасӣ кард. Ба огаҳии Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, Мирзиёев сатҳи омодагиҳоро ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио ғайриқаноатбахш номида, сахт танқид кардааст. Шавкат Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, ки федератсияҳои варзишӣ ва маъмуриятҳои Узбекистон барои варзишкорон шароити лозимиро фароҳам намекунанд. Дар ҷаласа ҳамчунин қайд карда шудааст... Читать дальше...

Путин табодули зиндониёнро бо Украина шарҳ дод

Ozodi.org 

Гуфтугуҳо барои табодули зиндониён ва шахсоне, ки дар Русия ва Украина нигаҳдорӣ мешаванд, дар ҳоли анҷомёбӣ ҳастанд. Ин нуктаро президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи умумии Анҷумани иқтисодии Шарқ баён дошт. Ба гуфтаи президенти Русия, табодул "дастаҷамъӣ" ва барои муътадил шудани муносибатҳои Маскав ва Киев "қадами хуб" хоҳад шуд. Путин санаи дақиқи табодули зиндониёнро эълом накард. Вале манбаи хабаргузории русии Интерфакс дар доираҳои дипломатӣ дирӯз гуфта буд, ки он 7-уми сентябр баргузор мешавад. Читать дальше...

Тоҷикистон "назорати халқӣ" бар ширкатҳои бузургро эҳё мекунад

Ozodi.org 

Дар ширкату корхонаҳои давлатии Тоҷикистон низоми "назорати халқӣ" дар шакли "шӯрои нозирон" эҳё хоҳад шуд. Бо ин ҳадаф лоиҳае дар палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон барои тасвиб пешниҳод шудааст.

Вокуниши Иттиҳоди Аврупо ба "қадами севум"-и Эрон

Ozodi.org 

Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 6-уми сентябр қадами севуми коҳиши уҳдадориҳояш дар доираи созишномаи ҳастаиро ниҳод. Ин тасмим ба вокунишҳои тунди байналмилалӣ рубарӯ шуд. Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Фаронса аз ин гоми Эрон изҳори нигаронӣ карда, онро “носозгор” ба созиши ҳастаӣ хонданд.

Ноиб-сарвазири Қазоқистон: 15 тарҳи муштарак бо Чин иҷро шуд

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон 15 тарҳи муштарак бо Чин анҷом шуда, дар ҳоли фаъолият ҳастанд. Дар ин бора рӯзи 5-уми сентябр Женис Қосимбек, муовини сарвазири он кишвар хабар дод. Иттилои Қосимбек дар ҳолест, ки дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон зидди тарҳҳои муштарак бо Чин эътироз баргузор мешавад. Вале ноиб-сарвазир мегӯяд, дар доираи барномаи саноатсозӣ интизор меравад, 55 тарҳи дигар амалӣ шавад. "Барои иҷрои 15 тарҳи анҷомшуда 3,9 миллиард доллар харҷ гардид. Ин тарҳҳо бахшҳои мухталифи иқтисодро дар бар мегиранд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *