Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2019

Новости за 13.09.2019

Деҳи "Гулистон" "Хористон" шуд. Чаро? ВИДЕО

Ozodi.org 

Деҳаи Гулистонро ғайрирасмӣ “Хористон” меноманд. Дар ин деҳаи ноҳияи Фархор кишти кишоварзон аз беобӣ дар заминҳои зироат норасида хушк мешавад. Мақомот дар ноҳияи Фархор мегӯянд, арзи сокинони деҳа то гуши онҳо низ расидааст, вале мушкилотро “дар як рӯз ҳал кардан имкон надорад”. Сокинон мегӯянд, манзараи беобӣ ва хушк шудани зироат ба чашм хор халиданро мемонад. Дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва об барои обёрии заминҳо мушкили рақами аввали сокинони ин деҳа аст. Аз пеши манзили Гулбаҳор Сафарова... Читать дальше...

Қазоқистон 7 тоҷикро барои "терроризм" ба зиндон андохт

Ozodi.org 

Ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо иттиҳоми "омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ" аз 12 то 18 сол зиндонӣ шуданд. Дар ин бора маркази матбуотии додгоҳи Алмаато рӯзи 13-уми сентябр хабар дод. Шаҳрвандони Тоҷикистонро додгоҳ ба ташкилу узвият дар гурӯҳи тундрав, омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ, сохтани маводи тарканда ва нигаҳ доштани силоҳи оташфишон айбдор кардааст. Мавқеи ин ҳафт нафар ва вакили дифои онҳо ҳанӯз маълум нест. Маълум нест, ки онҳо дар додгоҳ ба иттиҳом эътироф кардаанд, ё на. Читать дальше...

Лавров гуфт, ҷанг дар Сурия ба поён расид

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ҷанг дар Сурия ба поён расид. "Ҷанг дар Сурия воқеан поён ёфт. Ин кишвар тадриҷан ба ҳаёти осоишта ва муътадил бармегардад. Даргириҳо танҳо дар минтақаҳои берун аз идораи артиши ҳукумати Сурия, ба монанди вилояти Идлиб ва соҳили шарқии рудхонаи Фурот боқӣ мондаанд", - гуфт вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо нашрияи ​"Труд". Ба гуфтаи ӯ, ҳоло акнун вазифаи асосӣ ироаи кумаки башардӯстона ва ҳалли буҳрони сиёсӣ дар ин кишвар аст. Расонаҳо ибтидои... Читать дальше...

Эътирофи "ҷодугар" дар телевизиони Чеченистон: "аз шайтон бадтарам"

Ozodi.org 

Сардухтури маркази тибби исломӣ дар Чеченистон Адам Элжуркаев бо зане суҳбат кард, ки мақомоти Чеченистон ӯро дар "ҷодугарӣ" айбдор мекунанд. Навори суҳбати сардухтурро бо зан рӯзи 11-уми сентябр дар шабакаи телевизионии "Грозний" нишон доданд. Секинат Иброҳимоваро ҳамроҳ бо келинаш Зулай Эскерханова дар яке аз минтақаҳои Чеченистон боздошт карданд. Дар гузориши телевизион хабар дода шуд, ки зане бо номи Мария ӯро барои ҷодугарӣ даъват карда буд. Аз Иброҳимова қулфу калид, хок аз қабри нав, коғазҳо... Читать дальше...

Дар Қазоқистон ҳашт хонанда заҳролуд шуданд

Ozodi.org 

Дар мактаби №7 шаҳри Ленгери Қазоқистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз моддаи номушаххасе ҳашт хонанда дар бемористон бистарӣ шуданд. Ба иттилои мақомоти маорифи шаҳри Ленгер, соати тақрибан 11 рӯзи 12-уми сентябр як хонанда дар долони мактаб қуттии дорои маводи ношинохтаеро кушод. Дар натиҷа бо нишонаҳои заҳролудшавӣ 23 хонанда, 2 омӯзгор ва як корманди дигари мактаб ба беморхона муроҷиат карданд. "Аксари зарардидаҳо баъди гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ рухсат ёфтанд. Ҳашт хонанда барои идомаи табобат дар беморхона хобонида шуданд. Читать дальше...

Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон аз рӯзи 13-уми сентябри соли 2019

Ozodi.org 

«Фароз» гуфт, моликияташро мефурӯшад ва барҳам мехӯрад, Духтари вахшӣ иддао дорад, ки таҷовуз шудааст, Даъвои хона бо ширкати “Ғаюр семент” Сокинонаш мегӯянд, аз рустои Гулистон мераванд Созиш барои таълими тоҷикӣ дар Узбекистон ва баръакс



Се қирғизистонӣ дар доираи парвандаи таҷовуз дар Ёқутистон зиндонӣ шуданд

Ozodi.org 

Се шаҳрванди Қирғизистон дар доираи парвандаи пурсарусадои таҷовузе зиндонӣ шуданд, ки моҳи марти соли ҷорӣ эътирозҳои зидди муҳоҷиронро дар минтақаи Шарқи Дури Русия ба бор оварда буд. Рӯзи 11-уми сентябр яке аз муҳоҷирон аз Қирғизистон бо айби рабудан ва таҷовуз кардани зани маҳаллӣ 14 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ду марди дигар дар иҷборан нигаҳ доштани зан айбдор шуданд. Яке дигар аз онҳо низ дар таҷовузи зан айбдор шуд. Онҳо мутаносибан ба 4 ва 6 сол зиндонӣ шуданд. Таҷовузи зан дар пойтахти... Читать дальше...

Донишҷӯёни туркман ба хабаркашӣ ҷалб мешаванд

Ozodi.org 

Кормандони Хадамоти махсуси Туркманистон дар тамоми донишгоҳҳои кишвар донишҷӯёнро ба ҳамкории махфӣ ҷалб мекунанд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ бо чанд донишҷӯе, ки ба ҳамкории пинҳонӣ ташвиқ шудаанд, сӯҳбат кардааст. "Ба ман гуфтанд, ки агар ягон ҳамсабақам аз вазъият дар кишвар норозигӣ кард, ба онҳо хабар диҳам",--гуфтааст, яке аз донишҷӯён. Ба қавли ин донишҷӯ, ба ӯ гуфтаанд, дар бораи ҳамсабақонаш, ки аз барномаҳои садшикан барои ворид шудан ба сомонаҳои мамнӯъ истифода мекунанд, хабар диҳад. Читать дальше...

Соли 2020 чиниҳо метавонанд бе раводид ба Узбекистон раванд

Ozodi.org 

Узбекистон аз соли 2020 ба шаҳрвандони Чин иҷоза медиҳад, ки бераводид, ҳафт рӯз, дар ин кишвар бимонанд. Ҳукумати Узбекистон эълон кард, ки ин тасмим ба хотири рушди соҳаи туризм гирифта шудааст. Қарорро рӯзи 12-уми сентябр Шавкат Мирзиёев имзо кард. Коршиносон мегӯянд, Шавкат Мирзиёев дар беш аз се соли раҳбариаш дар Узбекистон ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон низоми раводидро барҳам дод ва роҳҳои сафар ба ин кишварро осонтар кард. Натиҷа ин буд, ки соли гузашта 5,3 миллион хориҷӣ ба Узбекистон сафар кардаанд... Читать дальше...

ВАО: Мансабдорони рус барои фирори ҷосуси эҳтимолӣ ҷазо гирифтанд

Ozodi.org 

Дастгоҳи президенти Русия чанд мансабдореро, ки дар соли 2017 барои аз кишвар хориҷ шудани Олег Смоленков роҳ додаанд, ҷазо додааст. Дар ин бораи "Интерфакс" бо такя ба манбаҳои худ хабар дод. Матбуот Олег Смоленковро хабаррасони Идораи иктишофии Амрико номиданд. Ҳамсӯҳбатони "Интерфакс"  тасдиқ кардаанд, ки ду сол пеш Олег Смоленков  бо хонаводааш барои истироҳат ба Черногория рафт, бо вуҷуде, ки барои мансабдорони рус сафар ба он ҷо манъ аст. Сафар ба Черногория вақте мамнӯъ шуд, ки мақомоти... Читать дальше...

"Ҳеҷ коре накардаанд, ки ба нафъи халқ бошад"

Ozodi.org 

Азбаски видеои зиёде гирифтем, дар барномаи имрӯз қисми зиёдро ба худи шумо додем. Баъдан дар бораи он баҳс мекунем, ки оё Тахти Сангин созем ё хиёбони Париж? Ҳамчунин порлумон воқеан як шохаи ҳокимият аст ё тарҳи намоишӣ?

Twitter саҳифаи раҳбари Кубаро баст

Ozodi.org 

Шабакаи иҷтимоии Twitter саҳифаи расмии ҳизби Коммунистии Куба, раҳбари кишвар Раул Кастро ва духтари ӯро баст. Дар ин бора оҷонсии Рейтерс хабар дод. Ҳамчунин, саҳифаи Вазорати алоқа ва чанд расонаи маҳаллӣ низ дар Twitter дастнорас аст. Иттиҳоди журналистони Куба ин иқдомро “сензураи оммавӣ” унвон кард. Бастани саҳифаҳо 11-уми сентябр, замоне сар шуд, ки Мигел Диас-Канел, намояндаи Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои вазирони Куба ба мардум муроҷиат кард, ки кишварро бар асари таҳримҳои ИМА бӯҳрони барқӣ таҳдид мекунад. Читать дальше...

"Фароз" худро нобуд мекунад, вале рушан нест, ба чӣ шакл

Ozodi.org 

Ширкати “Фароз”, яке аз ниҳодҳои овозадори Тоҷикистон эълон кард, ки ба фаъолияташ хотима мегузорад. Дар номаи он ба Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта мешавад, ки “Фароз” бино бар шикаст хӯрданаш дар рақобатҳои бозори маводи сӯхт барҳам дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки ширкат дар солҳои охир дар чандин ришта, аз маорифу тандурустӣ гирифта, то сохтмону молия, саноати куҳӣ, сайёҳӣ ва ғайра пештоз буда, монеае дар рушди худ надоштааст. Азамат Қосимов, директори генералии ширкати “Фароз” дар нома ба Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтааст... Читать дальше...

Бозии "Хуҷанд" бо "Қӯқанд-1912" мусовӣ ва дӯстона анҷом ёфт

Ozodi.org 

Бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои "Қӯқанд-1912"-и Узбекистон ва "Хуҷанд"-и Тоҷикистон, ки рӯзи 11-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯқанд баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи футболи "Хуҷанд" хабар додааст. Аз тамошои ин бозии пургол, ки пуршиддату шавқовар сурат гирифт, мухлисон лаззат бурданд. Голи охирин, ки онро дар дақиқаи 90-уми дидор ҳамлагари меҳмонон Дилшод Каримов зад ва натиҷаи бозиро мусовӣ кард. Ду голи дигари "Хуҷанд"-ро дар... Читать дальше...

Даҳ коршинос созмони "Ояндаи бузург"-и Узбекистонро тарк карданд

Ozodi.org 

Созмони байналхалқии ғайритиҷории "Ояндаи бузург" эълом кард, ки даҳ тан аз аъзои Шӯрои коршиносон тарки ин созмон кардаанд. Коршиносон тасмими худро ба беэҳтиромӣ нисбаташон рабт доданд. Иттилоъ дар бораи тарки созмон кардани коршиносонро яке аз аъзои пешини Шӯро Дилмурод Юсупов хабар дод. "Ҳангоми таъсиси ин созмон мо хушҳол будем, ки барои амалисозии ислоҳот дар кишвар саҳм мегузорем. Ҳамаи мо дар ташаккули тарҳҳои созмон саҳм доштем. Вале мутаассифона, чанд омилу далелҳои дохилӣ моро водор кард... Читать дальше...

Кӣ навори маҳрамонаи фаъоли ҷамъиятиро дар Интернет нашр кард?

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи навори маҳрамонаи як фаъоли маданӣ оғоз кард. Рӯзи 5-уми сентябри имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он робитаи маҳрамонаи М.Д. бо як марди ношинос тасвир ёфтааст. Дар навор чеҳраи мардро пӯшондаанд, аммо рӯю бадани зан кушода аст.

Аз Туркманистон хостанд, мушкили бедаракшавии иҷбории сокинонро решакан кунад

Ozodi.org 

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи 5-уми сентябр дар ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Вена аз мақомоти Туркманистон даъват карданд, ки таҷрибаи бедаракшавии иҷбории сокинонро решакан намоянд. "Мо ба монанди пешин аз тақдири шаҳрвандоне, ки дар маҳбасҳои Туркманистон бедарак мешаванд сахт нигаронем. Бино ба иттилои Маъракаи байналмилалии "Онҳоро зинда нишон диҳед!", 120 ҳолате ба қайд гирифта шудааст, ки дар зиндонҳои ин кишвар маҳбусонро комилан алоҳида нигаҳ медоранд. Читать дальше...

Халилзод барои шарҳи гуфтугӯ бо Толибон ба Конгресс даъват шуд

Ozodi.org 

Кумитаи равобити хориҷаи Маҷлиси намояндагони Амрико ё Конгресс Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Иёлоти муттаҳида дар умури Афғонистонро ба маҷлис даъват кардааст. Халилзод дар бораи музокироти чандмоҳааш бо Толибон бояд ба суолҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Амрико посух диҳад. Дар ин бора хабаргузории Рейтерс гузориш додааст. Олют Онгел, раиси демократи Кумитаи равобити хориҷаи Маҷлиси намояндагони Амрико гуфтааст, пас аз онки Вазорати умури хориҷа дархости ин Кумита барои ҳузури Залмай Халилзод ҷиҳати додани шарҳро нодида гирифт... Читать дальше...

Қасди худкушии сокини Қазоқистон дар эътироз ба мушкили манзили зист

Ozodi.org 

Як сокини шаҳри Нурсултон рӯзи 12-уми сентябр дар эътироз ба мушкили норасоии манзили зист дар пойтахти Қазоқистон ба болои пули мошингузар баромада, таҳдид кард, ки худро ба замин хоҳад партофт. Бино ба маълумоти пешакӣ, ин мард ба навбатпоиҳои тӯлонӣ барои дарёфти манзили зист эътироз баён карда, дархости мулоқот бо шаҳрдори пойтахти Қазоқистонро кардааст. Пуле, ки сокини Нурсултон ба он баромада буд, дар наздикии бинои маъмурияти президенти Қазоқистон ҷойгир аст. Ба маҳалли ҳодиса муовини... Читать дальше...

Текебоев дар мулоқот бо президенти Қирғизистон парвандаашро баррасӣ карданӣ нест

Ozodi.org 

Раиси Ҳизби мухолифи "Ота Макон"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев 12-уми сентябр, баъди берун шудан аз додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба рӯзноманигорон гуфт, хабар дорад, ки президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков бо аъзои ҳукумати муваққатии пешин мулоқот карданист. "Ман ҳоло даъватномаро дарёфт накардаам. Агар даъват кунанд, дар мулоқот иштирок хоҳам кард. Ба эҳтимоли зиёд, дар он вазъи кишвар ва ҷаҳон баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин эҳтимол дорад, парвандаи ҷиноии худро матраҳ накунам", - изҳор дошт Текебоев. Читать дальше...

Ширкати мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қаҳрамонии футболи Осиё

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон (U-16) барои ширкат дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "А", ки аз 14-ум то 22-юми сентябр дар Урдун баргузор мешавад, ба Уммон расид. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони кишвар Аҳлиддин Турдиев бо худ ба Уммон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – овардааст. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои Урдун... Читать дальше...

Дар Узбекистон як сармуҳаррир баъди нашри хабари "истеъфо"-и муфтӣ барканор шуд

Ozodi.org 

Сармуҳаррири сомонаи Azon.uz-ро баъди он аз кор ронданд, ки хабари носаҳеҳе дар бораи истеъфои раиси Идораи мусалмонони Узбекистон муфтӣ Усмонхон Олимов нашр кард. "10-уми сентябри соли ҷорӣ дар идораи "Azon New Media" ҷаласаи фаврӣ доир ва сармуҳаррири сомонаи Azon.uz барои бемасъулиятӣ ҳангоми таҳияи хабар аз кор ронда шуд", - омадааст дар хабари идораи ин расона. 10-уми сентябри соли ҷорӣ бархе аз расонаҳои маҳаллии Узбекистон иттилоъ доданд, ки муфтии Узбекистон аз мақом барканор шудааст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *