Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2019

Новости за 21.09.2019

Навори муҳоҷирон аз боздоштгоҳи номаълум дар Русия таҳқиқ мешавад

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, навореро таҳқиқ доранд, ки зоҳиран шароити сахти буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар як боздоштгоҳи Русияро намоиш медиҳад. Дар як наворе, ки ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, марде бо навор бардоштани ҳамроҳонаш иддао мекунад, ки дар боздоштгоҳи махсус дар Русия ҳастанд. Ӯ ҷойи хоб ва шароити зисти муҳоҷиронро нишон медиҳад ва аз раҳбарони Тоҷикистон кӯмак мепурсад. Иброҳим Аҳмадӣ, сухангуи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дастрасӣ ба иттилоъ, озодии баён ва маблағгузории нокофӣ аз мушкилотест, ки хабарнигорон дар кишварҳои пасошӯравӣ бештар рӯ ба рӯ мешаванд.   Созмонҳои байналмилалӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро барои риоя накардани озодии баён ва фишор ба расонаҳо танқид мекунанд. Ҳудуди 150 журналист дар шаҳри Душанбе дар доираи аввалин фестивали "Media Camp Fest" мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ карданд. Оля Кавалёва аз Қирғизистон ба ин фестивал омада буд. Ӯ таҷрибаи панҷсолаи хабарнигорӣ дорад. Читать дальше...

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Ozodi.org 

Дастрасӣ ба иттилоъ, озодии баён ва маблағгузории нокофӣ аз мушкилотест, ки хабарнигорон дар кишварҳои пасошӯравӣ бештар рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳудуди 150 журналист дар шаҳри Душанбе дар доираи аввалин фестивали “Media Camp Fest” мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ карданд.

Мир Мафтун: "Ҷанг таронаро низ мекушад"

Ozodi.org 

Мир Мафтун, ҳунарманди шинохтаи Афғонистон мегӯяд, аз гуруҳи Толибон ҳеҷ хатаре ба ҷони худ эҳсос намекунад. То ним моҳи пеш Амрико бо гуруҳи Толибон барои сулҳ дар Афғонистон музокира мекард. Қарор буд, пас аз имзои созишномаи сулҳ ин гуруҳ ба ҳукумати Афғонистон бипайванданд. Бархе ҳунармандони Афғонистон аз он нигарон буданд, ки гуруҳи Толибон эҳтимолан ба сурудхонӣ дар ин кишвар иҷозат надиҳад. Ҳоло музокира бо ин гуруҳ қатъ шуда, ҷангҳо шадидтар шудаанд. Мир Мафтун мегӯяд, барои ӯ муҳим гузоштани силоҳ дар замин... Читать дальше...

Вазъи афсароне, ки дар марз захмӣ шуданд, вахим гузориш мешавад

Ozodi.org 

Вазъи сиҳатии ду афсари тоҷик, ки 16-уми сентябр дар марз бо Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд, вазнин арзёбӣ мешавад. Дар беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се сарбози марзбон, афсари дастаи “Алфа”-и КДАМ-и Тоҷикистон ва як масъули ШВКД-и ин ноҳия  дармон мешаванд. Масъулони ин беморхона мегӯянд, вазъи саломатии  се сарбози қушунҳои сарҳадӣ муътадил аст, вале ду афсар чандон ҳоли хуб надоранд. Муродҷон Алиев, муовини сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 20 уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Доналд Трамп: "Толибонро ба ҳадди бесобиқа кӯбидем"

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки Толибони мусаллаҳ иштибоҳи бузургеро анҷом доданд ва дар натиҷа, акнун ба гунаи бесобиқае ҳадаф қарор гирифтаанд. Трамп афзуд, ки Толибон ҳоло ба натиҷае расидаанд, ки дар муомила бо ӯ иштибоҳ кардаанд. Ӯ ин суханро рӯзи 20-уми сентябр дар ҷараёни дидор бо сарвазири Австралия дар Қасри Сафед ба хабарнигорон гуфт. Президент Трамп гуфт, ки ба далели ҳозир нашудани Толибон ба барқарории оташбас ӯ музокирот бо ин гуруҳро лағв кард. ... Читать дальше...

Ду кушта дар таркиши боми канори роҳ дар Афғонистон

Ozodi.org 

Рӯзи 21-уми сентябр ду ғайринизомӣ дар ҷануби Афғонистон дар таркиши бомби ҷошуда дар канори роҳ кушта шуданд. Панҷ тани дигар рӯзе пеш дар як ҳамла дар вилояти Қандаҳор ҷароҳат бардоштанд. Ҳеҷ гурӯҳе ҳанӯз бомгузорӣ дар ноҳияи Спин Болдакро бар душ нагирифтааст, аммо гуфта мешавад, ки ин ноҳия зери назорати гурӯҳи Толибон қарор дорад. Вазорати корҳои дохилии Афғонистон мегӯяд, бегоҳи рӯзи 20-уми сентябр ду таркиш дар Кобул рух дод, вале талафоти ҷонӣ нест. Толибон гуфтанд, ду таркиш дар Кобул кори дасти онҳо буд. Читать дальше...

Дар ҳавопаймои самти Маскав-Душанбе ба муҳоҷирон ҷой нарасид

Ozodi.org 

Ҳудуди 30 нафар аз муҳоҷирони тоҷик, ки ҳафтаи гузашта барои парвоз бо “Ютэйр” аз фурудгоҳи Внуковои Маскав ба Душанбе чипта доштанд,  ба ҳавопаймо роҳ наёфтанд. Масъулони ширкат ба мусофирон гуфтаанд “дар ҳавопаймо ба онҳо ҷой нарасид!”. Ширкати “Ютэйр” мегӯяд, “мушкил фаннӣ буд ва онро ислоҳ мекунанд”. Мусофирон мегӯянд, бори аввал ба чунин бархурд рӯ ба рӯ шуданд ва бинобар таъхири сафар нақшаҳояшон барбод рафт, зиёни молӣ диданд ва ба бархеҳо “хатари мамнӯъулвурд шудан ба Русия” таҳдид мекунад. Читать дальше...

Падари Ҳувайдо ба сафорати Тоҷикистон дар Русия даъват шуд

Ozodi.org 

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ба падари Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки панҷсолаи тоҷик, ки соли гузашта дар Русия кушта шуд, дар таҳияи санад ва ҳимояи ҳуқуқҳояш дар додгоҳ кӯмак мекунад. Ҳафтаи гузашта, 17-уми сентябр, Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдоро барои сӯҳбат ба сафорат даъват кардааст.   Ду ҳафта пеш, Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо дар муроҷиатномае аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки барои муҷозоти гумонбар дар қатли духтараш ба кумак ниёз дорад. Читать дальше...

"На рубл медиҳанд, на сомонӣ". Норизоии сокинони Кӯлоб аз кори бонкҳо. ВИДЕО

Ozodi.org 

Даҳҳо сокини минтақаи Кӯлоб шикоят доранд, ки чанд рӯз ба ин тараф наметавонанд пулҳои интиқолдодаи фарзандонашонро аз бонкҳо бигиранд. Баъзе бонкҳои тиҷоратӣ ин мушкилро дар нарасидани пули нақди сомонӣ арзёбӣ кардаанд. Додани пули интиқолӣ бо рубли русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон манъ аст. Қурбоналӣ Маҳмадалиев, сокини ноҳияи Восеъ се рӯз аст, ки  25 ҳазор рубли фиристодаи писарашро аз бонкҳо дастрас карда наметавонад. Маҳмадалиев, аз ҷумла ба филиалҳои бонки "Эсхата", "Ориёнбонк" ва ташкилоти қарзии "Имон интернешнл" муроҷиат кард. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *