Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2019

Новости за 19.09.2019

Тоҷикистон дар раддабандии FIFA чаҳор зина боло шуд

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федеросияи байналмилалии футбол, ки 19-уми сентябр дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, чор зина боло шуд ва дар байни 211 кишвар бо 1174 имтиёз дар ҷойгоҳи 115-ум қарор гирифтааст. Дар феҳристи нави FIFA Белгия бо 1752 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1725 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1719 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Англия – 1662 имтиёз, Португалия – 1643 имтиёз,Уругвай – 1639 имтиёз, Испания – 1631 имтиёз... Читать дальше...

"Хушунат дар ҳар сари қадам" Гуфтугӯ бо Стив Свердлов

Ozodi.org 

Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 19-уми сентябр гузоришеро дар бораи зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон муаррифӣ кард, ки "Хушунат сари ҳар қадам" унвон гирифтааст ва арзёбие аз ин масъалаи муҳим дар кишвар аст. Радиои Озодӣ бо яке аз муаллифони гузориш Стив Свердлов сӯҳбат кард ва аввал дар бораи нукоти муҳимтарини гузориш пурсид.

"Деҳи ман як пораи хоки Ватан". Эълони ғолибони озмуни Радиои Озодӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷоизаҳои озмуни Радиои Озодӣ барои беҳтарин видеои корбарон зери унвони “Деҳи ман як пораи хоки Ватан” соҳибони худро пайдо кард. Корбарони Радиои Озодӣ ба ин озмун видеоҳои зиёде фиристоданд, вале танҳо 24 навор ба озмун роҳ ёфт.  Дар маросими натиҷагирӣ аз ин озмун, ки рӯзи 19-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд, се навори беҳтарин эълон ва ба муаллифони онҳо ҷоизаҳои арзишманд тақдим шуд. Ҷоизаҳоро ба пирӯзмандон Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, Орзу Исоев, рӯзноманигор... Читать дальше...

Эълони ғолибони озмуни Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Ҷоизаҳои озмуни Радиои Озодӣ барои беҳтарин видеои корбарон зери унвони “Деҳи ман як пораи хоки Ватан” соҳибони худро пайдо кард. Корбарони Радиои Озодӣ ба ин озмун видеоҳои зиёде фиристоданд, вале танҳо 24 навор ба озмун роҳ ёфт.

Хушунат ва шиканҷаи занони тоҷик дар хона

Ozodi.org 

"Таҷовуз мекунанд, бо хишт мезананд, аз обу ғизо маҳрум мекунанд ва ё ҳатто бо дарзмол ба рӯи онҳо мезананд.” Намунаҳое аз зӯроварӣ ба занони тоҷикро Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар гузориши калоне овардааст, ки рӯзи 19-уми сентябр нашр шуд.

Хушунат ва шиканҷаи занон дар хона

Ozodi.org 

"Таҷовуз мекунанд, бо хишт мезананд, аз обу ғизо маҳрум мекунанд ва ё ҳатто бо дарзмол ба рӯи онҳо мезананд.” Намунаҳое аз зӯроварӣ ба занони тоҷикро Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар гузориши калоне овардааст, ки рӯзи 19-уми сентябр нашр шуд.



Помпео: “Ба рафтори таҳдидомези Эрон намешавад тоқат кард”

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида “ҳуқуқи Риёзро барои худдифоӣ” пас аз як ҳамла ба саноати нафтиаш, ки Вашингтон Эронро ба он айбдор кардааст, дастгирӣ мекунад. Помпео рӯзи 19-уми сентябр пас аз вохӯрӣ бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ дар Твиттер навишт, “ба рафтори таҳдидомези Эрон намешавад тоқат кард”. Изҳороти Помпео ва мулоқоти ӯ бо шоҳзода Муҳаммад бин Салмон ҳангоме рӯй медиҳад, ки кашмакашҳо дар ин минтақа пас аз ҳамлаи 14-уми сентябр ба бузургтарин маҷмааи истихроҷи нафти Арабистони Саудӣ... Читать дальше...

Тазоҳуроти занони қазоқ бо талаби дастгирии хонаводаҳои серфарзанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Нурсултон рӯзи 19-уми сентябр даҳҳо зан бо талаби ҳалли мушкили манзили зист ва кумакҳои иҷтимоӣ ба хонаводаҳои серфарзанд дар назди бинои дастгоҳи президенти Қазоқистон даст ба тазоҳурот заданд. Бонувони ҷамъшуда аз президенти пешин Нурсултон Назарбоев, президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва муовини раиси ҳизби ҳокими "Нур Отан" Бауиржан Байбек талаб карданд, ки ба назди онҳо бароянд. Эътирозгарон "Елбасӣ!" (пешвои миллат), "Тоқаев", ва "Байбек!" шиор мепартофтанд. "Вакилон ва ҳизби "Нур Отан" дар куҷо ҳастанд? Читать дальше...

Ширкати “Human" 700 шаҳрванди Узбекистонро бо ваъдаи кор дар хориҷ фиреб додааст

Ozodi.org 

Вазорати меҳнати Узбекистон рӯзи 18-уми сентябр гуфт, иҷозатномаи фаъолияти ширкати хусусии "Human xususiy bandlik agentligi"-ро, ки бо ваъдаи кор дар Олмону Чехия аз сокинон пул гирифта, дубора барнагардондааст, муваққатан бекор кард. Ин ниҳод ҳамчунин ширкати мазкурро вазифадор кардааст, ки дар муҳлати 10 шабонарӯзи оянда пули сокинонро баргардонад. Дар сурати ғайр, барои ҳамеша аз ҳаққи фаъолият маҳрум хоҳад шуд. Оҷонси "Human" дар шаҳри Тошканд ваъда дода буд, пули 700 касеро, ки натавонист ба Олмону Чехия фиристад... Читать дальше...

"Таҷовуз мекунанд, бо хишт мезананд, аз обу ғизо маҳрум мекунанд" ВИДЕО

Ozodi.org 

"Таҷовуз мекунанд, бо хишт мезананд, аз обу ғизо маҳрум мекунанд ва ё ҳатто бо дарзмол ба рӯи онҳо мезананд.” Намунаҳое аз зӯроварӣ ба занони тоҷикро Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар гузориши калоне овардааст, ки рӯзи 19-уми сентябр нашр шуд.  Дар гузориши беш аз 30-саҳифаӣ, ки "Хушунат дар ҳар сари қадам" унвон дорад, муаллифонаш мегӯянд, зӯроварӣ ба зан дар хонавода мушкили ҷиддӣ мемонад, "вале ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи он ба қадри кофӣ талош намекунад". Як намояндаи ҳайати расмии Тоҷикистон... Читать дальше...

Тоҷикистону Қирғизистон нерӯҳои изофиро аз марз пас кашиданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи музокироти ҳайатҳои ду ҷониб неруҳои худро аз марз пас кашиданд. Шоми 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи хунин сар зад, ки чаҳор қурбонӣ дошт.  Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати "Овчӣ-Қалъача"-и Бобоҷон Ғафуров рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, музокироти ҳайатҳои ду кишвар соати 8-и бегоҳи 18-уми сентябр ба анҷом расид ва баъди он неруҳои изофӣ аз марз рафтанд. Одинаев мегӯяд, вазъ дар минтақаи низоъ муътадил аст ва сокиноне... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 19-уми сентябри соли 2019

Ozodi.org 

Баҳси озодиҳои динӣ ва зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон, гузориш дар бораи хушунат бар зидди занони тоҷик, муроҷиaти Каромат Шарипов ба Президенти Русия ва матолиби дигар.

Шиканҷа буд ё набуд? Баҳси тунд атрофи вазъи зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон дар Варшава

Ozodi.org 

Нишасте зери унвони "Зиндонҳои Тоҷикистон – лонаи фасод ва дастгоҳи шиканҷаву марг" бо ҳузури гурӯҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва аксаран аъзо ва тарафдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи 18-уми сентябр дар Варшава ва дар ҳошияи машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон сурат гирифт.

OTF: Русияву Чин технологияи назорату сонсурро ба 110 кишвар содир мекунанд

Ozodi.org 

Русияву Чин барномаҳо ва технологияи назорати иттилоъ ва сонсурро ба 110 кишвари дунё содир мекунанд. Дар ин бора дар гузориши нави "Тори ҷаҳонии назорати иттилоъ аз сӯи Русияву Чин" зикр шудааст. Ин гузоришро Бунёди амрикоии Технологияҳои боз (Open Technology Fund) нашр кард. Назорати иттилоъ бештар ва муассиртар дар кишварҳое паҳн мешавад, ки низомҳои худкома ва бо Русияву Чин робитаи наздик доранд. Ин гуна технология дар кишварҳои шомили тарҳи "Як камарбанд - як роҳ" (модули Чин) ва кишварҳои... Читать дальше...

Федератсияи ҷудои Эрон аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шуд

Ozodi.org 

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) Федератсияи ҷудои Эронро аз ҳаққи ширкат дар тамоми мусобиқаҳо ва чорабиниҳои маъмурию ҷамъиятие, ки IJF ва иттиҳодияҳои он доир мекунанд, маҳрум намуд. Дар ин бора сомонаи расмии IJF рӯзи 18-уми сентябр хабар дод. Дар хабари ин манбаъ гуфта мешавад, ба Федератсияи байналмилалии ҷудо 28-уми августи соли 2019 иттилоъ дода шудааст, ки дар ҷараёни мусобиқоти охирини қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Токио варзишкори эронӣ Саид Муллоӣ (вазни зери 81 кг) қувваозмоиро... Читать дальше...

Шикояти соҳибкорон аз низоми андоз. Мақомот "ислоҳ" мекунанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Рустам, сокини шаҳри Душанбе, раиси ширкатест, ки ба насби таҷҳизот машғул аст. Вай чанд моҳ пеш қарор кард, ки тиҷораташро қатъ кунад. Зеро, ба қавли соҳибкор, "баланд будани мизони андоз ва тафтишҳои зиёд" корашро бе фоида кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша баланд будани мизони андозро дар кишвар рад кардаанд. Баръакс, онҳо соҳибкоронро ба он муттаҳам мекунанд, ки даромади худро пинҳон медоранд ва андози кам месупоранд.  Соҳибкори тоҷик Рустам мегӯяд, бар изофаи баланд будани мизони андоз... Читать дальше...

Дар Қирғизистон мехоҳанд, ба Комисияи умури марзӣ салоҳияти бештар диҳанд

Ozodi.org 

Бакит Торобоев, роҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби "Онугуу-Прогресс" гуфт, ба Комисияи ҳукуматӣ дар умури марзӣ бояд салоҳияти махсус дода шавад. Вай афзуд, наздики 405 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳанӯз мушаххас нашудааст. "Ҷониби Тоҷикистон дар асоси як харита кор мекунад ва даъво дорад, ки ин заминҳо онҳо аст. Қирғизистон харитаи дигарро пешниҳод мекунад ва даъво дорад, ки заминҳо аз мост. Баҳсу ҷанҷол ба ҳамин хотир сар мезанад. Ҳукумат барои пешгирии ин низоъҳо кор намекунад ва дар натиҷа тирпарронӣ мешавад. Читать дальше...

Кушта шудани даҳҳо нафар дар ҳамлаҳои Зобулу Нангарҳор

Ozodi.org 

Рӯзи 19-уми сентябр дар як ҳамлаи ҳавоӣ ва таркиши мошини бомбгузоришуда дар вилояти Нангарҳор ва Зобули Афғонистон даҳҳо нафар кушта ва маҷрӯҳ шудаанд. Манобеи расмӣ гуфтаанд, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои афғон дар вилояти Нангарҳор камаш 30 коргар ҷон бохтааст. Се мақоми давлатӣ гуфтанд, ин ҳамлаи ҳавоӣ барои аз байн бурдани махфигоҳи ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" буд, аммо тасодуфан деҳқононро ҳадаф қарор дод. Суҳроб Қодирӣ, узви шӯрои вилоятии Нангарҳор гуфт, дар ҳамлаи ҳавопаймои... Читать дальше...

Натоиҷи бозиҳои даври понздаҳуми лигаи олии футболи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Даври понздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шоми чоршанбеи 18-уми сентябр ба поён расид. Аз чаҳор бозӣ дар дутоаш мизбонон ва дар яктоаш меҳмонон пирӯз шуданд, як дидор бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.  Дар бозии марказии даври понздаҳум "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ "Кӯктош"-и Рӯдакиро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Зимнан, дар ин бозӣ "Кӯктош" бо раҳбарии сармураббии нави даста Ҳикматулло Шарипов, ки дар ин вазифа Раҳматулло Фузайловро иваз намуд, ба майдон омад. Читать дальше...

Интихоботи Афғонистон: Ашраф Ғаниро ба сӯистифода аз имкониятҳои давлатӣ муттаҳам карданд

Ozodi.org 

Бо наздик шудани рӯзи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон рақобат миёни номзадҳо низ сахтар мешавад. Интихоботи президентӣ дар ин кишвари ҷангзада қарор аст, рӯзи 28-уми сентябр баргузор шавад. Гуруҳи Толибон интихоботи президентии Афғонистонро як раванди "фиребанда" хонда ва таҳдид кардаанд, ки ба таври ҷиддӣ монеи баргузории он хоҳанд шуд. Дар интихоботи президентии Афғонистон 17 номзад иштирок мекунад ва онҳо ҳашт рӯзи дигар ҳақ доранд барномаҳои худро таблиғ кунанд. Ин номзадҳо бо шумули Муҳаммад Ашраф Ғанӣ... Читать дальше...

Ҳабси фаъолони маданӣ дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар шаҳрҳои Оқтеппа ва Чимкенти Қазоқистон рӯзи 18-уми сентябр чандин фаъоли маданӣ бо гумони нақзи қонуни баргузории ҷамъомад, роҳпаймоӣ ва тазоҳуроти осоишта ба ҳабс гирифта шуданд. Фаъолонро дар робита ба ҳамоишҳое ҳабс карданд, ки охирҳои моҳи август ва ибтидои моҳи сентябр баргузор гаштанд. Додгоҳи Чимкент Ергалӣ Кулибоев, Абай Нахитов ва Нуржон Абилдоевро 5 шабонарӯз ва Нуржон Муҳаммадовро барои нақзи дувумбораи қонуни баргузории ҷамъомад ва тазоҳуроти осоишта 15 шабонарӯз ҳабс кард. Ҷониби айбдоркунанда мегӯяд... Читать дальше...

Миллатгароҳои рус як зодаи Узбекистонро корд заданд

Ozodi.org 

Намояндагони гуруҳи ғайрирасмии дорои гароиши миллӣ-сотсиалистӣ аз Маскав ба шаҳрванди Узбекистон ҳамла бурданд. Шаҳрванди маҷруҳшудаи Узбекистон бистарӣ ва дар шӯъбаи эҳё қарор дорад, хабар медиҳанд расонаҳои Русия. Чаҳор ҷавони тундгарои аз 17 то 20-сола барои истироҳат ба шаҳри Санкт-Петербург рафтанд. Мошини онҳо аз кор монд ва ду тан аз онҳо хостанд, ба сайри шаҳр бароянд. Дар хиёбони Среднеохтини шаҳр онҳо бо зодаи Узбекистон баҳсу ҷанҷол намуда, бо корд ба ӯ ҳамла кардаанд. Пулис мегӯяд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *