Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳқиқи паҳн шудани навори маҳрамонаи як фаъоли ҷамъиятиро ба ихтиёри Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат супурдааст. Рӯзи 5 сентябри имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он робитаи маҳрамонаи М.Д. бо як марди ношинос тасвир ёфтааст. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маълум шуд, ки навор дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат сабт шудааст, аз ин рӯ, барои тафтиш "маводҳои ҷамъшуда ба ШКД-и ин шаҳр дода шуд". Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат гуфтанд... Читать дальше...
Ҳафтаномаи "Пайк", ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон аз утоқи иҷораи кориаш дар бинои бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб маҳрум шудааст. Масъулини нашрия мегӯянд, баъди як мақолаи интиқодӣ дар бораи бахши ҷавонони минтақа аз онҳо талаб карданд, ки фавран утоқи иҷораро холӣ кунанд.
"Иттиҳоди Аврупо ба рушди матбуоти мустақил дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос нишон медиҳад ва ин мушкилро бо корашриконаш комилан ошкоро баҳс мекунад," гуфт Петер Буриан, намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 19-уми сентябр дар Душанбе.
Ба иттилои Бунёди атфоли СММ (ЮНИСЕФ), дар соли гузашта дар минтақаҳои ҷангии дунё, аз ҷумла дар Афғонистон, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ, Сурия ва Яман бештар аз 29 миллион тифл таваллуд шудааст. Дар гузорише, ки рӯзи 20-уми сентябр аз сӯи созмони мазкур нашр шуд, омадааст, ин рақам аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар панҷумин кӯдаки дар соли гузашта таваллудшуда нахустин лаҳзаҳои ҳаёти худро дар ҷомеаҳои бесубот, ноамн ва дорои шароити шадиди изтиробарангез пушти сар кардааст. Генриетта Форе, мудири иҷроияи ЮНИСЕФ гуфт... Читать дальше...
Сооронбой Ҷеенеков, президенти Қирғизистон рӯзи 20-уми сентябр ба Русия сафар кард. Дар шаҳри Оренбурги Русия Ҷеенбеков бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард. Дар ин бора расонаҳои Русия бо такя ба Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин хабар доданд. Миёни президентҳо баргузории мулоқоти алоҳидаи дуҷониба дар назар аст. Сар аз 16 то 21-уми сентябр дар Русия размоишҳои густардаи "Марказ-2019" баргузор мешавад. Дар ин размоиш дар маҷмуъ наздики 128 ҳазор низомӣ аз ҳашт кишвар, аз ҷумла аз Қирғизистон, ширкат мекунанд. Читать дальше...
Эътирози таксиронҳои "Uber" дар Ню-Йорк маълум кард, ки бештари ҷавонони тоҷики муқими Амрико дар ин ширкат кор мекунанд. "Uber", ширкати мусофиркашонӣ, ки тариқи нармафзори мобилӣ кор мекунад, барои аксари ҷамъияти беш аз шаш ҳазораи тоҷикон дар Амрико кордиҳандаи асосӣ аст. Маъмурияти "Uber" ахиран тасмими дигар кардани шароити кор ва тақсими даромад аз мусофиркашониро гирифт, ки ба эътирози ронандаҳо рӯ ба рӯ шуд. Дар наворҳое, ки аз ин эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ронандаҳои тоҷик низ дида мешуданд. Читать дальше...
Истеҳсоли бензин дар Узбекистон дар соли ҷорӣ нисбати соли гузашта 11,1% кам шудааст. Ба иттилои Кумитаи омори он кишвар, дар моҳҳои январ-августи соли гузашта 764,1 ҳазор тонна бензин истеҳсол шуда буд. Дар ҳамин давраи соли ҷорӣ ин нишондод ба 679,5 ҳазор тонна расидааст. Кумитаи омори Узбекистон ҳамчунин дар моҳи феврали соли ҷорӣ хабар дода буд, ки истеҳсоли бензин дар моҳи январи соли 2019 нисбати моҳи январи соли гузашта 31,8 дарсад кам гардидааст. Истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ ҳам нисбати... Читать дальше...
Сарбозони Туркманистон, ки моҳи гузашта ба пахтазорҳои вилояти Лебапи ин кишвар сафарбар шуда буданд, мегӯянд, дар як шароити хеле сангин, дар хаймаҳои сард қарор доранд ва ба онҳо ғизои муносиб ҳам намедиҳанд. Дар ин бора волидони чандин сарбоз ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ доданд. "Сарбозонро моҳи гузашта ба пахтачинӣ сафарбар карданд. Волидон мегӯянд, фарзандони онҳо дар давоми як моҳ сахт хароб шудаанд ва бархе аз онҳоро ҳатто шинохта намешавад", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ. Читать дальше...
Баъди муноқишаи 16-уми сентябр дар деҳоти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон вазъ ором шудааст, сокини минтақаи Кӯлоб аз камбуди пули нақд дар бонкҳо шикоят доранд, баҳси вазъи матбуоти Тоҷикистон, боздошти сартарошидаҳои муттаҳам бо ҳамла ба муҳоҷири корӣ дар Русия ва матолиби дигар.
Катерина Тихоноваро матбуот эҳтимолан духтари хурдии президенти Русия Владимир Путин меномад. Ба иттилои вебсайти "Открытые медиа" ахиран Тихонова ҳаммуаллифи дастури дуюми таълимӣ барои донишҷӯён шуд. Дар вебсайти Донишгоҳи давлатии Маскав (Интеллектуальная система тематического исследования наукометрических данных - ИСТИНА) исми Тихонова ба ҳайси яке аз муаллифони китоби дарсии бо номи "Спецпрактикум по теоретической и прикладной механике" ёд шудааст. Спетспрактикум-як фанни омӯзишҳои вижа ва... Читать дальше...
Собиқ додситони кулли Узбекистон Отабек Муродов, ки дар ҳабси хонагӣ буд, рӯзи 18-уми сентябр дар доираи парвандаи раиси пешини Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар Ихтиёр Абдуллоев ба бозпурсӣ даъват шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ мемонад. Дар ин бора як манбаи наздик ба рафти тафтишот хабар дод. Намояндаи расмии маъмурияти президенти Узбекистон низ иттилоъро тасдиқ кард. Ба гуфтаи манбаъ, ҳукми ҳабси хонагии Отабек Муродов тағйир дода шудааст. Як манбаи наздик ба Вазорати адлияи Узбекистон гуфт... Читать дальше...
Оғози кори бонки исломӣ дар Тоҷикистон ва низоъ дар марз бо Қирғизистон аз мавзуҳои пурбаҳси корбарони Радиои Озодӣ буд. Аксари корбарони Радиои Озодиро ба фаъолият оғоз кардани як бонки исломӣ дар Тоҷикистон ба ҳайрат овардааст ва онҳо чандин суоли беҷавоб доранд, ки посухашро мехоҳанд. Бахусус дар бораи он ки оё ин бонки исломӣ барои қарз додан ба муштариён фоиз ё баҳра мехоҳад, ё не. Алишер дар Инстаграм гуфтааст, "наход онҳо бидуни баҳра ба сокинон пул диҳанд?" Айни чунин суолро Ҷамшед Абдуллоев ҳам дар Фейсбук додааст. Читать дальше...
Президенти дуюми Тунис Зайнуллобиддин бин Алӣ субҳи 20 сентябр дар синни 83-солагӣ дар ҳиҷрат, яъне дар Арабистони Саудӣ даргузашт. Матбуоти маҳаллӣ хабар дод, ки президенти барканоршуда се моҳи охир дар бахши эҳёгарии бемористон зери назари табибон буд. То замони тасмимгирии хешовандон ва оилааш, ҷасади президенти собиқи Тунисро ба Макка фиристоданд. Бин Алӣ соли 1987 баъди аз қудрат барканор кардани муассиси давлати Тунис Ҳабиб Бурқиба президенти ин кишвар шуд. Баъди он ки дар ин кишвари арабӣ... Читать дальше...
Оғози кори бонки исломӣ дар Тоҷикистон ва низоъ дар марз бо Қирғизистон аз мавзуҳои пурбаҳси корбарони Радиои Озодӣ буд. Аксари корбарони Радиои Озодиро ба фаъолият оғоз кардани як бонки исломӣ дар Тоҷикистон ба ҳайрат овардааст ва онҳо чандин суоли беҷавоб доранд, ки посухашро мехоҳанд.
Қарор аст Пентагон ба президент Доналд Трамп бастаи пешниҳодҳо дар заминаи вокуниш ба ҳамла болои муассисаҳои нафтии Арабистони Саудиро пешкаш кунад. Дар маъмурияти Кохи Сафед бисёриҳо бовар доранд, ки ин ҳамларо Эрон анҷом додааст. Мақомоти огаҳ аз ҷузъиёти ин санад ба хабаргузории АР ба шарти ифшо нашудани номашон гуфтанд, ки қарор аст 20 сентябр низомиён ба Трамп феҳристи ҳамлаҳои имконпазири ҳавоии ҳадафмандона дар дохили Эронро ҳамчун як вокуниши эҳтимолӣ пешниҳод кунанд. Мақомот гуфтанд, ки Пентагон инчунин Трампро огоҳ хоҳад кард... Читать дальше...
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон нисбати Раҷабалӣ Сангов, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маориф ва илми кишвар парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Дар ин бора Оҷонсии мубориза бо фасод, рӯзи 19-уми сентябр тариқи сомонаи расмии худ хабар дода, гуфтааст, ҳамроҳ бо Сангов, Мадина Шарипова, корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва шаҳрванд Матлуба Ахмедова низ барои қаллобӣ гумонбар мешаванд. Оҷонсӣ навиштааст, ки “Мадина Шарипова бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд... Читать дальше...
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, пас аз ҳаводиси ахир дар Ховари Миёна кишвараш барои ташкили як эътилофи сулҳ талош мекунад. Помпео ин нуктаро рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат бо мақомҳои Имороти Муттаҳидаи Араб дар Абу-Забӣ баён дошт. Помпео гуфт, "маъмурияти ман ташкили эътилоф барои расидан ба роҳи ҳалли сулҳомез аст. Ин чизе аст, ки раисиҷумҳури Амрико мехоҳад ва умедворам Ҷумҳури исломӣ низ мавзуъро ҳамин гуна бинад." Бо ин ҳол Вазири умури хориҷаи Амрико таъкид кард, ки барои Доналд Трамп "иттилои муҳим"-е дорад... Читать дальше...
Ҳафтаномаи "Пайк", ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон аз утоқи иҷораи кориаш дар бинои бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб маҳрум шудааст. Масъулини нашрия мегӯянд, баъди як мақолаи интиқодӣ дар бораи бахши ҷавонони минтақа аз онҳо талаб карданд, ки фавран утоқи иҷораро холӣ кунанд. Мақомот мегӯянд, ин ба мақолаи танқидӣ рабт надорад, балки аз рӯи зарурат, "дар утоқҳои кории ҳафтанома бояд курсҳои омузишии дӯзандагӣ боз шавад." Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Пайк" рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...
Дар шаҳрҳои Қазоқистон боздошт ва ҳабси онҳое идома дорад, ки дар тазоҳуроти беиҷозат, аз ҷумла эътирозҳои зиддичинии аввали моҳи сентябр иштирок доштанд. Ба иттилои гуруҳи "Эътилофи ташаббусҳои шаҳрвандӣ", тайи се рӯзи ахир 30 нафарро дар шаҳрҳои Нурсултон, Актау, Чимкент ва Оқтеппа бо гумони "нақзи қонуни тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомадҳои осоишта" ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс карданд. Додгоҳи шаҳри Алмато шоми 19-уми сентябр сокини маҳаллӣ Канат Жакуповро 5 рӯз ҳабси маъмурӣ кард. Ин... Читать дальше...
Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 19-уми сентябр бозбинии парвандаи вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулуро шуруъ кард, ки бо ҷурми "таъсис ва роҳбарии гуруҳи муташаккили фаромиллӣ" ва "қочоқбарӣ" 10 сол зиндонӣ шудааст. Вакилони мудофеъ аз додгоҳ хостанд, касоне бозпурсӣ шаванд, ки дар зинаи аввали додгоҳӣ ширкат надоштанд, аммо дар рафти тафтишот шоҳидӣ дода буданд. Дамирбек Асилбек уулуи 38-сола аз 15-уми феврали соли 2018 дар ҳабс аст. Ду шаҳрванди... Читать дальше...
Гузоришгари махсуси СММ дар умури додгоҳҳои мустақим ва вакилони мудофеъ Диего Гарсия-Саян барои омӯзиши мустақилии додгоҳҳои Узбекистон ба Тошканд меравад. Ба иттилои расонаҳо, гузоришгари махсуси СММ аз19 то 25-уми сентябр дар Тошканд хоҳад буд ва бо намояндагони мақомоти иҷроия, қонунгузор ва додгоҳӣ, инчунин бо додситонҳову вакилони мудофеъ мулоқот мекунад. Гуфта мешавад, вай бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон, оҷонсиҳои СММ, донорҳо ва ҷомеаи дипломатӣ ҳам мулоқот хоҳад кард. Диего Гарсия-Саян гуфт... Читать дальше...
Дар ҷаласаи байналхалқии САҲА дар Варшава, ки имрӯзҳо баргузор мешавад, гуфта шуд, ки Туркманистон аз иҷрои уҳдадориҳояш дар мавриди қатъи нопадидсозии иҷбории зиндониҳо саркашӣ мекунад. Маъракаи "Онҳоро зинда нишон бидеҳ!" аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба Туркманистон фишори "қатъӣ ва пайиҳам" оваранд, то ба таҷрибаи "мудовим"-и давлатӣ хотима гузошта шавад. "Ҷинояти иҷборан нопадид кардани зиндониён дар Туркманистон идома дорад", - гуфтанд намояндагони ин маърака дар Варшава. "Дар соли 2018 фишори САҲА... Читать дальше...
Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо пас аз нашри акси 18 сол пеш, ки дар он ба рӯяш креми қаҳваӣ молидааст, мавриди интиқоди шадид қарор гирифта, ба нажодпарастӣ айбдор шуд. Таҷрибаи ба истилоҳ, "чеҳраи қаҳваӣ" (brownface) нажодпарастӣ шумурда мешавад. Ин акс, ки дар маҷаллаи амрикоии Time нашр гашт, соли 2001 дар шабнишинии "Шоми арабӣ" дар як мактаби хусусӣ гирифта шудааст ва сарвазири Канада он замон омӯзгор буд. Трюдо дар сар салаи сафед дошта, ба рӯяш креми қаҳваӣ молидааст. Ба гуфтаи худи Трюдо, ӯ дар он шабнишинӣ Аладдинро тақлид карда буд. Читать дальше...
Варзишгарони тоҷик дар Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 20-22-юми сентябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир мегардад ва аз силсилаи мусобиқоти Федератсияи байналмилалии ҷудо маҳсуб мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Тошканд 423 варзишгар (232 мард ва 191 зан) аз 71 кишвар иштирок мекунад. Мусобиқа байни мардон дар ҳафт вазн: 60, 66, 73, 81, 90, 100, беш аз 100 кг ва миёни занон низ дар ҳафт вазн: 48, 52, 57, 63, 70, 78, беш аз 78 кг сурат мегирад. Читать дальше...