Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2019

Новости за 17.09.2019

Аввалин Бонки исломӣ дар Тоҷикистон фаъол шуд. Чӣ гуна?

Ozodi.org 

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр ба "Тавҳидбонк" – нахустин бонки исломии Тоҷикистон – иҷозаи кор дод. Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ният дорад, аз як сӯ бовари аздастрафтаи муштариёнро дубора соҳиб шавад ва аз тарафи дигар нияти ҷалби сармояҳои бештари кишварҳои исломиро дорад. Бонки нахустини исломӣ дар Тоҷикистон дар заминаи "Соҳибкорбонк" таъсис ёфтааст. Саҳмдорони "Соҳибкорбонк" моҳи июни имсол барои гузаштан ба низоми бонкдории исломӣ ва ҳамин тавр тағйири ном қарор қабул карда буданд. Читать дальше...

Гуфтугӯи сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар маҳалли задухӯрд

Ozodi.org 

Сарвазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон -Қоҳир Расулзода ва Муҳаммадқулӣ Абилғозиев баъд аз як муноқишаи хунин дар марзи ду кишвар бо ҳам мулоқот карданд. Дар низоъи марзӣ, ки бегоҳи 6-уми сентябр рух дод чаҳор марзбон аз ҳарду тараф кушта ва чандин нафар захмӣ шуданд.

"Кӯдакону занон маҷруҳ шуданд." Нотаи Тоҷикистон ба Қирғизистон

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи ахир дар марз ба кордори сафорати Қирғизистон дар Душанбе нотаи эътирозӣ супурд. Пеш аз ин Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон нота дода буд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шоми 17-уми сентябр хабар дод, ки кордори сафорати Қирғизистон ба вазорат даъват шуда, вобаста ба амали ҷониби Қирғизистон, "ки бори дигар бархилофи созишҳои қаблӣ дар қаламравҳои аломатгузоринашуда корҳои сохтмониро оғоз кард" эътироз баён карданд. Читать дальше...

Шарҳи Азим Иброҳим дар бораи тирандозӣ ва решаи муноқишаҳои марзӣ. САДО

Ozodi.org 

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва масъули гуфтушуниди баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон, мегӯяд, таҳқиқи тирандозии маргбор дар сарҳад оғоз шудааст. Дар ин муноқишаи шаби 16-уи сентябр дар байни ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз ду тараф чаҳор нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шуданд. Ҳоло як ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса аст. Азим Иброҳим рӯзи 17-уми сентябр ба чанд суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи баҳсҳои марзӣ ва решаҳои муноқишаи мусаллаҳона посух дод. Читать дальше...

Азим Иброҳим дар бораи муноқишаҳои марзӣ

Ozodi.org 

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва масъули гуфтушуниди баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон, мегӯяд, таҳқиқи тирандозии маргбор дар сарҳад оғоз шудааст. Дар ин муноқиша дар байни ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз ду тараф чаҳор нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шуданд. Ҳоло ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса аст. Азим Иброҳим яке аз онҳост. Вай рӯзи 17-уми сентябр ба чанд суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи баҳсҳои марзӣ ва решаҳои муноқишаи мусаллаҳона посух дод.

Вазири барканоршудаи туркман бо ҷурми фасодкорӣ зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Вазири пешини савдо ва равобити иқтисоди хориҷии Туркманистон Амондурдӣ Эшонов бо ҷурми фасодкорӣ ба муҳлати номуайян зиндонӣ шудааст. Телевизионҳои давлатии Туркманистон 13-уми сентябри соли равон дар як гузориши вижа чандин мард, аз ҷумла Эшоновро нишон доданд, ки завлона ба даст ба фасодкор будани худ иқрор мекунанд. Ин навор ҳамчунин дар як қатор ҷаласаҳои ҳукумати Туркманистон ҳамчун натиҷаи маъракаи мубориза зидди коррупсия бо ташаббуси президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов намоиш дода шуд. Читать дальше...



CPJ даъват дорад, ҳабси умрбоди қотили рӯзноманигори украин бекор нашавад

Ozodi.org 

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (Committee to Protect Journalists, CPJ) рӯзи 16-уми сентябр аз он "изҳори нигаронии амиқ" кард, ки мумкин аст, ҷазои қотили рӯзноманигори украин Георгий Гонгадзе - генерали милисаи Украина Алексей Пукачро сабук карда, ҳукми ҳабси якумриро бекор созанд. Алексей Пукач, ки замоне мақомдори яке аз ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилии Украина буд, моҳи январи соли 2013 дар қатли рӯзноманигор Георгий Гонгадзе айбдор шуд. Рӯзноманигор 16-уми сентябри соли 2000-ум нопадид шуд. Читать дальше...

Таркиш дар Кобул. Ёвари Ашраф Ғанӣ: "Президент зарар надид"

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар таркише, ки  рӯзи 17-уми сенятбр дар наздикии як гирдиҳамоии интихоботӣ бо иштироки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ  рӯй дод, 24 кас кушта ва 31 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ёвари Ғанӣ гуфт, ба ӯ зарар нарасидааст. Ҳамлаи мусаллаҳона вақте рӯй дод, ки Ғанӣ мебоист дар вохӯрии интихоботӣ дар Ҷангалбоғ, маркази ноҳияи Парвон, дар шимоли Кобул суханронӣ кунад. Абдулқосим Сангин, сардори бемористони вилоятӣ гуфт, дар миёни нобудшудагон занон ва кӯдакон мебошанд ва чунин менамояд... Читать дальше...

Фаъолияти як гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон қатъ шудааст

Ozodi.org 

Дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ба ҷуз аз гузаргоҳи "Кулунду-автодорожний" ҳамаи гузаргоҳҳои боқимонда фаъолият доранд. Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон яктарафа убуру мурур аз гузаргоҳи мазкурро манъ кардааст. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол қазияро шарҳ надодааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, гузаргоҳи "Кулунду" барои фаъолияти шабонарӯзӣ пешбинӣ шуда, дар деҳаи Кулундуи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ҷойгир аст. Шоми 16-уми сентябр дар қитъаи баҳсии марзи ду кишвар тирандозӣ рух дод. Читать дальше...

Меҳмонони тӯйе дар Самарқанд заҳролуд шуданд

Ozodi.org 

Рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон чанд тан аз меҳмонони тӯйе аз ғизо заҳролуд шуданд. "Рӯзи 16-уми сентябр аз соати 16:10 то 18:30 дақиқа ба беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ ҳафт шаҳрванд муроҷиат карданд. Ҳамаи беморон як нишонаи беморӣ доштанд", - хабар доданд расонаҳои маҳаллӣ аз қавли раёсати тандурустии вилояти Самарқанд. Баъдтар хабар расид, ки ҳамаи заҳролудшудагон меҳмони тӯйе буданд, ки рӯзи 14-уми сентбяр дар тарабхонаи "Муъҷиза" таҷлил шуд. Меҳмонон аз тӯйхона миқдоре гӯшти хом гирифта... Читать дальше...

Нишасти САҲА: "Рӯзноманигорӣ то рафт кори хатарнок мешавад"

Ozodi.org 

Дар рӯзи дуввуми ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башар дар кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшава яке аз масоили калидии мавриди баррасӣ  озодии баён ва фаъолияти матбуоти озод буд.

Ахбори Озодӣ аз 17-уми сентябри соли 2019

Ozodi.org 

Маросими дафни марзбони тоҷик дар ноҳияи Ҳисор ва таҳқиқи тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон, нишасти САҲА дар Варшава, дилсардии соҳибкорон ва бекории маҳбусони собиқ дар Кӯлоб.

Маросими дафни подполковник Рустам Убайдуллоев. Ӯ дар марз кушта шуд

Ozodi.org 

Ҷасади подполковник Рустам Убайдуллоевро, ки шаби 16-уми сентябр дар тирандозӣ дар марз бо Қирғизистон кушта шуд, рӯзи 17-уми сентябр дар зодгоҳаш ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Ҳисор дафн карданд. Убайдуллоев 35-сола ва соҳиби ду фарзанд аст.

Се марзбони кушташудаи тоҷикро дафн карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомот дар вилояти Суғд расман тасдиқ карданд, ки дар муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон cе марзбони тоҷик кушта шудааст. Пеш аз ин Қирғизистон аз марги як сарбозаш хабар дода буд. Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд, рӯзи 17-уми сентябр аз ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан сарҳад ором аст ва зери назорати марзбонон мебошад. Сухангӯи раиси вилояти Суғд афзуд, гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистон Қирғизистон бояд ба зудӣ шуруъ шавад.​ ... Читать дальше...

Трамп гуфт, ”ба назар мерасад Эрон ба саудиҳо ҳамла кардааст. Вокуниш омода мешавад”

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 16 сентябр гуфт, ки ҳарчи бештар “ба назар мерасад”, ки дар пушти ҳамлаи ахир ба муассисаҳои нафтии Арабистони Саудӣ Эрон қарор дорад. Айни замон ӯ гуфт, ки ҳанӯз хулоса кардан дар ин замина барвақт аст. Ӯ инчунин гуфт, ки ИМА хостори ҷанг нест, вале омода аст, ки ба кишвари муттафиқи калидиаш дар Халиҷ баъди мушаххас шудани шахсияти масъули ин ҳамла мусоидат кунад. “Ман бо касе ҷанг карданӣ нестам, вале мо омода ҳастем”, гуфт Трамп ба хабарнигорон дар Вашингтон. Читать дальше...

Футболбозон Кокорин ва Мамаев аз зиндон озод шуданд

Ozodi.org 

Футболбозони русе, ки соли гузашта баъди як муноқиша дар тарабхона зиндонӣ шуданд, пеш аз мӯҳлат ба озодӣ баромаданд. Вакили дифои ӯ Юрий Падалко гуфт, футболбоз Александр Кокорин як рӯз пеш аз озод шуданаш аз зиндон бо клуби “Зенит” созишномаи нави ҳамкорӣ имзо кард, хабар дод. “Футболбозон дар озодӣ ҳастанд. Мамаев корашро бар асоси созишномаи амалкунандаи “Краснодар” идома медиҳад, Кокорин бо “Зенит” созишномаи нав имзо кард”, гуфт вакили дифоъ. Футболбозон Павел Мамев, Александр Кокорин ва... Читать дальше...

Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон нота супорид

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар робита ба низои ахир дар марз ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек нота супоридааст. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 17-уми сентябр гуфт, ҳангоми тақдими нота ба Суҳроб Олимзода "эътирози қатъӣ"-и Бишкек "аз амалкарди ғайриқонунии марзбонони тоҷик" изҳор дошта шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар бораи ин нота то ҳол изҳори назар накардааст. Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 16-уми сентябр рух дод ва аз ҳарду ҷониб чандин куштаву захмӣ барҷой гузошт. Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон (U-15) дар қаҳрамонии CAFA севум шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби духтарони зери 15-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) барандаи медалҳои биринҷӣ гардид. Дар ин мусобиқот, ки аз аз 13 то 16-уми сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дастаҳои мунтахаби духтарони зери 15-солаи Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доштанд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбоздухтарони тоҷик аз се бозӣ дар яктоаш бар дастаи мизбон – Узбекистон – бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда... Читать дальше...

Узбекистон аз ҷашну маросими серхарҷ даст мекашад

Ozodi.org 

Дар Узбекистон сар аз 1-уми январи соли 2020 қарори порлумон "Дар бораи танзими тӯй, маросимҳои хонаводагӣ, ҷашнҳо, маросимҳои азодорӣ" ба иҷро медарояд. Ин қарор рӯзи 14-уми сентябр қабул шуд. Бар асоси ин қарор, маросимҳои хонаводагӣ танҳо як рӯз - аз соати 6-и субҳ то 11-и шом иҷозат дода мешавад. Ин тартибот ба маросимҳои гуру чӯб дахл надорад. Ба ҷуз ин, шӯрои ноҳиявӣ ва шаҳрии вакилони халқӣ метавонанд, муҳлати баргузории маросимҳоро танзим кунанд. Дар ҳуҷҷат омадааст, ки дар маросимҳои хонаводагӣ ширкати то 200 одам иҷозат аст. Читать дальше...

8 голи беҷавоби мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи Шри-Ланка

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 бар мунтахаби наврасони Шри-Ланка бо ҳисоби бузурги 8:0 пирӯз шуд. Ин бозии гурӯҳи “А” шоми душанбеи 16-уми сентябр дар шаҳри Зарқаи Урдун, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад доир гардид. Абдулфаттоҳ Худойдодзода чаҳор гол, Муҳаммадворис Сайдалиев, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев ва Фахриддин Аҳтамов якголӣ ба самар расониданд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16)... Читать дальше...

Узбекистон шомили Шӯрои туркон шуд

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон қонун "Дар бораи қабули Созишномаи Нахчиван оид ба таъсиси Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон"-ро имзо кард. Шӯрои туркон моҳи октябри соли 2009 таъсис шуд. Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия 13-уми сентябр хабар дода буд, ки Узбекистон тасмим дорад, ба Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон шомил шавад. Роҳбарияти Узбекистон, яке аз шаш кишвари туркзабони ҷаҳон, то соли 2018 дар ҳеҷ кадом аз мулоқотҳои сатҳи олии кишварҳои туркзабон ширкат накарда буд. Читать дальше...

Эътирозҳои Ҳонконг беш аз 100 рӯз аст, идома доранд

Ozodi.org 

Рӯзи 16-уми сентябр аз шуруи эътирозҳои Ҳонконг 100 рӯз пур шуд. Ширкатдорони эътироз талаби амалӣ кардани ислоҳоти демократиро доранд. Сар аз соли 1997 ба ин тараф ин бадтарин буҳрони минтақаи нимамухтори таҳти роҳбарии Пекин аст. Бритониё дар соли 1997 Ҳонконгро ба ихтиёри Чин супурд. Хабаргузории Reuters навишт, баъди эътироз ва задухӯрдҳои рӯзҳои истироҳат, дар шаҳр корхонаҳо ва истгоҳҳои метро дубора фаъол шуданд. Рӯзи 15-уми сентябр, дар 99-ум рӯзи эътирозҳо даҳҳо ҳазор сокини Ҳонконг ба кӯча баромада, талабҳояшонро такрор карданд. Читать дальше...

Пешсафии «Локомотив-Помир» дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе, ки дар ду бозии охиринаш дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон чаҳор имтиёз гирифт, дар ҷадвал бо 40 имтиёз пешсафи ягона гардид. «Локомотив-Помир» дар бозии даври ҳабдаҳум дар меҳмонӣ муқобили “Зарафшон”-и Панҷакент бо натиҷаи техникии 3:0 ғолиб дониста шуд. Баъдан душанбегиҳо бозии даври нуздаҳумро пешакӣ дар майдони худ бо “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом доданд. Дастаи «Душанбе-83», ки дар даври 17-ум “Шоҳмансур”-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *