Даъвои муҳоҷирони тоҷик бо рақиби пешини Путин ба сари 10 млн рубл. ВИДЕО
Як гуруҳи 80-нафарии муҳоҷирони тоҷик, ки дар ширкати "Аванти строй групп" дар Маскав кор мекарданд, мегӯянд, ширкат беш аз 10 миллион рубл маоши онҳоро надод ва мақомоти рус ҳам арзи онҳоро нодида мегиранд. Яке аз моликони асосии ширкат Умар Ҷабраилов, соҳибкори бонуфузи чечен аст, ки соли 2000-ум номзадии худро ба мақоми президенти Русия пешбарӣ карда буд. Ёвари Ҷабраилов рӯзи 25-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ иддаои муҳоҷирони тоҷикро рад ё тасдиқ накард. Аммо намояндаи дигари "Аванти строй групп" гуфт... Читать дальше...