Шикояти омӯзгор аз "бадрафтории милиса" дар мактаби Исфара
Як сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара иддао дорад, ки писари мактабхонашро корманди пулис дар дохили синфхона латту кӯб кардааст. Назари худи корманди милиса ба ин иддао маълум нест. Мақомоти корҳои дохилӣ иттиҳом нисбати ҳамкорашонро рад карда мегӯянд, дар ҳолати пешниҳоди номаи расмӣ суҳбат хоҳанд кард. Омбудсмени кӯдак мегӯяд, қазияро пайгирӣ мекунад. Ҳодиса рӯзи 16-уми сентябр замоне сар задааст, ки дар пайи муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон теъдоди зиёди кормандони пулис бо ҳадафи таъмини амният ба ин минтақа сафарбар шуданд. Читать дальше...