Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Сентябрь
2019

Новости за 22.09.2019

Нақшаи Рӯҳонӣ барои ҳифзи амният дар Халиҷи Форс

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Эрон гуфт, нақшаеро барои амнияти Халиҷи Форс бо кумаки кишварҳои дигари минтақа ба Созмони Милали Муттаҳид пешкаш мекунад. Ҳасан Рӯҳонӣ дар ин бора рӯзи 22-юми сентябр дар суханронии худ ба муносибати солрӯзи ҷанги Эрону Ироқ дар солҳои 80-уми қарни гузашта иброз дошт. Қарор аст, Рӯҳонӣ ин ҳафта дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк иштирок кунад. Президенти Эрон дар суханронии худ ба мардуми кишвараш гуфт, “нерӯҳои хориҷӣ имкон дорад ба мардуми мо ва минтақа... Читать дальше...

Дониши хабарнигорони Чинро дар бораи афкори Ҷинпинг месанҷанд

Ozodi.org 

Тақрибан даҳ ҳазор хабарнигори расонаҳои давлатӣ дар Пекин муваззаф шудаанд, ки аз таълимоти марксизму ленинзм ва кору афкори раҳбари Ҳизби коммунисти Чин ва раиси ҷумҳури ин кишвар Сӣ Ҷинпинг имтиҳон супоранд. Дар ин бора нашрияи South China Morning Post бо такя ба як огоҳии Кумитаи назорат аз матбуот ва манобеи расонаҳои Ҳизби коммунисти Чин хабар дод. Гузаштан аз имтиҳон шарти асосии ба даст овардани шаҳодатномаи журналистӣ аст, ки бе он кор кардан намемонанд. Ба журналистон ҳақ дода мешавад, ду дафъа дониши худро биозмоянд. Читать дальше...

Боздошти ҳамлавар ба ду сарбози Русия дар Бохтар. Ҷонибҳо чӣ мегӯянд?

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамлаи як сокини шаҳри Бохтар ба ду сарбози қарордодии пойгоҳи 201-уми Русияро дар маркази вилояти Хатлон "авбошӣ" ва ҳамлаварро “бемори рӯҳӣ” донистанд. Масъулони сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр дар иттилоияи расмӣ гуфтанд, ки "гумонбар дастгир ва таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст". Ҳамла ба ду сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр иттифоқ афтодааст. Ҳарду тараф мегӯянд ҳодиса замоне рух дод, ки сарбозон "берун аз... Читать дальше...

Ҷанҷоли сокинон ва ширкати "Муқим" барои хона дар маркази Душанбе

Ozodi.org 

Як гурӯҳ аз сокинони маркази шаҳри Душанбе рӯзи 20-уми сентябр эътироз карданд, ки ширкати сохтмонии "Муқим 1" мехоҳад замини назди хонаи онҳоро бигирад ва кӯдаконро бе майдони бозӣ гузорад. Масъулони ширкат мегӯянд, бар асоси қонун ва ризояти мақомот кор мекунанд.   Манзили сокинони норозӣ дар як бинои дуошёна дар кӯчаи Ҳусейнзода ва дар наздикии зоишгоҳи дуи пойтахт ҷойгир аст. Ширкати "Муқим 1" дар паҳлӯи он бинои бисёртабақа мепӯшад.  Рӯзи 20-уми сентябр беш аз 15 сокини кӯчаи Ҳусейнзода нагузоштанд... Читать дальше...

Ҳамлаи пулис ба роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои Қазоқистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пулиси Қазоқистон ба роҳпаймоиҳои ҷонибдорони мухолифин дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар ҳамла кардааст. Роҳпаймоёни рӯзи 21-уми сентябр дар пойтахт – Нурсултон – ва шаҳрҳои дигари Қазоқистон бар зидди сармоягузории Чин ва афзоиши ширкатҳои чинӣ дар кишвари худ шиор медоданд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфтанд, беш аз 50 нафар боздошт шуда ва шояд ҷарима шаванд. Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, пулис роҳгузаронро низ дастгир кардааст. Видеоро дар ин ҷо бинед:

Эътирозгарон дар Миср хоҳони барканории Сисӣ шуданд

Ozodi.org 

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар чандин шаҳри Миср роҳандозӣ шуд. Эътирозгарон хоҳони барканории Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср, ҳастанд. Маркази ҳуқуқи иҷтимоӣ ва иқтисодии Миср рӯзи шанбеи 21-уми сентябр гуфт, дар натиҷаи эътирозҳо даҳҳо тан, аз ҷумла ду хабарнигор, датсгир шудаанд. Аз талафот ва ё захмӣ шудани касе дар ин тазоҳурот гузориш нашудааст. Пулиси зидди шӯриш зидди эътирозкунандаҳо аз чӯбу гази ашковар истифода кард, ки дар натиҷа тазоҳурот дар баъзе минтақаҳои Миср пароканда шуд. Читать дальше...

Як имтиёз то роҳхати наврасони тоҷик ба қаҳрамонии Осиё

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии сеумаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мунтахаби наврасони Непалро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод. Ин бозии даври чаҳоруми гурӯҳи “А” шоми ҷумъаи 20-уми сентябр дар шаҳри Зарқаи Урдун, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад, доир гардид. Муҳаммадворис Сайдалиев се гол, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Хуршед Давлатзода ва Муҷовид Шовайсуддинов якголӣ ба самар расониданд. Дар бозии дигари даври чаҳорум дар гурӯҳи “А”... Читать дальше...

Нодир Одилов, файласуфи тоҷик, дар 87-солагӣ даргузашт

Ozodi.org 

Нодир Одилов, файласуфи тоҷик, шаби 21-уми сентябр дар 87-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯ зодаи ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон буда, корро аз мактаби миёнае дар ин ноҳия оғоз кардааст. Баъдан дар шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистони Шӯравӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз соли 2003 раиси Шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд. Дар Википедияи тоҷикӣ омадааст, муаллифи беш аз шаш асар ва 150 мақолаи илмист. Дар навиштаҳояш "масъалаҳои фалсафии ислом... Читать дальше...

Вазири Саудӣ: "Агар нақши Эрон дар ҳамла собит шавад, ҷавоби муносиб медиҳем"

Ozodi.org 

Одил Ал-Ҷубайр, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, гуфт, агар нақши Эрон дар ҳамла ба марказҳои истеҳсоли нафти ин кишвар собит шавад, Риёз ҷавоби муносиб хоҳад дод. Ба гузориши Ройтерс, Ал-Ҷубайр рӯзи 21-уми сентябр дар нишасти хабарӣ гуфтааст, “Арабистони Саудӣ таҳқиқот мекунад ва баррасиҳои аввал бар ин аст, ки силоҳ дар Эрон сохта шудааст." Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, аз Созмони Милали Муттаҳид мехоҳад, коршиносони худро фиристад, то дар ин таҳқиқот кумак кунанд. Вай гуфт... Читать дальше...

Ҳадаф аз ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистону Узбекистон чист?

Ozodi.org 

Дар як соли ахир тақвияти ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар заминаи масоили амниятӣ ба назар мерасад. Коршиносон рӯйи ҳузури таҳдидҳо ишора мекунанд, ки мавқеи кишварҳоро наздик кардааст. Рӯзи 17-уми сентябр дар шаҳри Тошканд машварати дуҷониба миёни Шӯрои амнияти назди президенти Узбекистон ва Шӯрои амнияти Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре Оҷонси иттилоотии миллии Узбекистон хабар дод, дар ҷараёни дидор "масъалаҳои беҳбуд бахшидани муқовимат зидди фаъолиятҳои ифротиву террористӣ, таъмини амнияти... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *