Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2022

Новости за 05.01.2022

Қазоқистон аз созмоне, ки Тоҷикистон ҳам узваш ҳаст, ёрӣ хост. ВИДЕО

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дар пасманзари шиддат гирифтани эътирозҳо, шаби 6-уми январ дар саросари ин кишвар вазъи фавқулода ҷорӣ кард ва ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуд.

Тоқаев мақоми Назарбоевро гирифт. Дар Қазоқистон тазоҳуроти мардум зиёдтар шудааст. ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Қазоқистон авҷ мегирад, раисиҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев бори дигар тавассути телевизиони давлатӣ эълон кард, ки пойтахтро тарк намекунад.

Полковники тоҷик "ба пешонии сартабиб туфангча гузошт" ва аз мақом ронда шуд

Ozodi.org 

Додситонии вилояти Хатлон ҷанҷоли як афсари баландрутбаи Вазорати корҳои дохилиро бо сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун таҳқиқ мекунад, ки зимни он аз аслиҳа истифода шудааст. Мақомот ҳодисаро расман шарҳ намедиҳанд.



Ахбори Озодӣ аз 5-уми январи соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Баъди истеъфои ҳукумати Қазоқистон эътирозгарон бинои шаҳрдории Алмааторо ишғол намуданд, дар вилояти Суғд нархи роҳкиро боло рафт, дар Туркия муҳоҷирони афғон чӯпонӣ мекунанд ва матолиби дигар.

Эълони вазъи фавқулода дар Нурсултон

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, то 19-уми январи имсол дар шаҳри Нурсултон, пойтахти он кишвар, вазъи фавқулода ҷорӣ кард. Пештар дар вилояту шаҳри Алмаато ва Мангистау низ вазъи изтирорӣ эълон карда буданд.

Норозиён дар Қазоқистон ба бинои ҳукумат ҳамла карданд, "шаҳрдорӣ оташ гирифтааст". ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳазорҳо эътирозгар баъд аз зуҳри 5-уми январ садди пулисро дар майдони Алмаато рахна карда, ба бинои ҳукумат юриш бурдаанд. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ навишт, ки норозиён ба бинои шаҳрдорӣ даромаданд, аммо маълум нест, ки дар дохили он кормандони давлатӣ буданд ё не.

Толибон хостори бозгардонидани 40 чархбол аз Тоҷикистон ва Узбекистон шудаанд

Ozodi.org 

Масъулони ҳукумати Толибон гуфтаанд, дар бораи баргардондани чархболҳо бо Душанбе ва Тошканд гуфтугӯҳое анҷом шудааст, аммо Тоҷикистону Узбекистон ҳозир нашудаанд, ин чархболҳоро ба Афғонистон бидиҳанд.

Сон Хин Мин аз рӯи фарзияи "Fox Sports Asia" беҳтарин футболбози Осиё шуд

Ozodi.org 

Сон Хин Мин, ҳамлагари 29-солаи бошгоҳи «Тоттенҳэм Хотспур»-и Англия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2021, ки онро нашрияи варзишии интернетии "Fox Sports Asia» таъсис додааст, эълон гардид. Барои ин ҷоиза 24 бозигар довталаб буданд. Дар ин бора сомонаи «Fox Sports Asia» хабар додааст. Сон Хин Мин 242 имтиёз гирифт. Ӯ барои панҷумин бор пайиҳам ин ҷоизаро ба даст овард. Сардор Озмун, ҳамлагари эронии бошгоҳи «Зенит»-и Санкт-Петербурги Русия, ки нисбат ба ғолиб 131 имтиёз камтар гирифт, мақоми дувумро касб намуд. Читать дальше...

"Эко-Тренд Плюс" партовҳои пойтахти Қирғизистонро коркард мекунад

Ozodi.org 

Шаҳрдории Бишкек хабар дод, ки ширкати "Эко-Тренд Плюс" аз 5-уми январ корҳо барои коркарди партовҳои пойтахти Қирғизистонро оғоз мекунад. Ба огаҳии манбаъ, шаҳрдор Ойбек Ҷунушалиев бо раҳбарони хадамотҳои шаҳрӣ ва намояндагони ширкати "Эко-Тренд Плюс", ки барои коркарди партовҳои шаҳр бо он созишнома имзо шудааст, ҷаласаи сайёреро баргузор кард. Масъулони ширкат гуфтаанд, аз 5 январ интиқол ва насби дастгоҳҳои махсусро барои коркарди партовҳо оғоз мекунанд. Шаҳрдории Бишкек 24 декабри соли... Читать дальше...

Ду бозии дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Гурҷистон дар Тифлис

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оғоз кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ба нахустин ҷамъомади таълимию тамринии имсола, ки даҳ рӯз идома меёбад, 2 дарвозабон ва 13 бозигари майдонӣ даъват шудаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Гурҷистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳо рӯзҳои 15-16-уми... Читать дальше...

Аз Чин то Қатар. Панҷ чорабинии бузурги варзишӣ дар соли 2022 кадомҳоянд?

Ozodi.org 

Соли 2022 бо мусобиқоти бузурги варзишӣ - Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Чин - оғоз гардида, бо Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар ба анҷом мерасад. Сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар бораи муҳимтарин чорабиниҳои варзишии имсола гузориш долааст. Бозиҳои зимистонаи олимпӣ Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ аз 4-ум то 20-уми феврал дар шаҳри Пекини Чин баргузор мешавад. Дар таърихи ҳаракати олимпӣ Пекин ягона шаҳре хоҳад шуд, ки ҳам Бозиҳои олимпӣ (2008) ва ҳам Бозиҳои зимистонаи олимпиро (2022) мизбонӣ мекунад. Читать дальше...

Дар Узбекистон ронандагон барои хариди гази табиӣ аз шаб навбат меистанд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон бо фарорасии фасли сармо ва камбуди неруи барқ мушкили норасоии ҷиддии гази табиӣ ба миён омадааст. Ронандагон дар вилояти Фарғонаи Узбекистон мегӯянд, баъзе аз рӯзҳо маҷбур мешаванд, ки барои харидани гази табиӣ соати сеи шаб ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ рафта, навбат бигиранд. "Агар соати сеи шаб навбат бигирам, соати 8-и субҳ метавон газ харидорӣ карда, ба кор равам. Ҳар рӯз маҷбур ҳастам, ки 5-6 соат дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ навбат поям. Соли нав ҳам омад, вале вазъ тағйир наёфт"... Читать дальше...

Дар Ишқобод намозхонии кормандони давлатӣ дар ҷои кор манъ шуд

Ozodi.org 

Кормандони муассисаҳои давлатии шаҳри Ишқободи Туркманистон вазифадор шудаанд, ки дигар дар ҷои кор намоз нахонанд. Чандин манбаъ дар шаҳри Ишқобод ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, кормандон ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати иҷро накардани ин талабот ҷои кори худро аз даст медиҳанд. "Агар намояндагони хадамоти махсус намозхонии корманди давлатиеро ошкор кунанд, вай аз мақомаш барканор мешавад", - изҳор дошт манбаъ. Дар масҷидҳои шаҳри Ишқобод панҷ вақт азон дода мешавад.... Читать дальше...

Дар Жанаозен истеъфои ҳукуматро талаб доранд

Ozodi.org 

Гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Қазоқистон 2-юми январ ба далели якбора боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Ҳоло норозиён ба истеъфои ҳукумат, решакан кардани фасоду ришвахорӣ, хешутаборбозӣ ва сохтмони корхонаҳову кам кардани сатҳи бекорӣ низ даъват доранд. (Навор ба забони қазоқӣ ва русӣ аст)





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *