Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2022

Новости за 06.01.2022

Таъсири сиёсӣ ё иқтисодӣ? Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба ҳодисаҳои Қазоқистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба ҳодисаҳои Қазоқистон, кишвари саршор аз нафту гази Осиёи Марказӣ, яксон нест. Дар ҳоле ки таҳлилгарони мустақил эътирозу ноамниҳоро дар Қазоқистон “дарсе” барои ҳукуматҳои минтақа медонанд, коршиносони наздик ба ҳукумат “амали барномарезишуда” мепиндоранд.

"Тазоҳурот дар Қазоқистон ба хун олуда шуд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) эълон кард, ки теъдоде аз сарбозони русро бо тақозои раиси ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба ин кишвар фиристодааст, то дар ором кардани авзоъ кумак кунанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам гуфтаанд, ки омодаанд, садҳо сарбози кишварро ба Қазоқистон фиристанд.

Русия ба Қазоқистон нерӯ фиристод

Ozodi.org 

Дар пайи нооромиҳо дар Қазоқистон, нерӯҳои сулҳофари Русия ба он кишвар фиристода шудаанд. Шумораи дақиқи нерӯҳо ҳанӯз маълум нест.

Рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё маълум шуданд -- Узбекистон, Афғонистон ва Непал

Ozodi.org 

Рақибони дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, маълум шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки имрӯз, 6-уми январ, доир гардид, дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои мунтахаби Узбекистон, Афғонистон ва Непал рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Эрон... Читать дальше...

Тазоҳурот дар Қазоқистон ба хун олуда шуд

Ozodi.org 

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ эълон кард, ки теъдоде аз сарбозони русро бо тақозои раиси ҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба ин кишвар фиристодааст, то дар ором кардани авзоъ кумак кунанд. Дар ин кишвар, тазоҳуроте, ки ба сабаби боло рафтани қимати маводи сухт сар зад ба нооромӣ кашид.



Ахбори Озодӣ аз 6-уми январи соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъии зери назорати Русия ба Қазоқистон нерӯ фиристоданд, вокуниши Тоҷикистон ба нооромиҳои ахир дар Қазоқистон, назари наздикони Чоршанбе Чоршанбиев дар бораи ҳабси ин варзишгар ва матолиби дигар.

Падари Чоршанбиев мегӯяд, ҳабси писараш "тарҳрезишуда" аст

Ozodi.org 

Падари Чоршанбе Чоршанбиев, размкори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА, иддао дорад, ки боздошту ронда шудани ӯ аз Русия ба Тоҷикистон "аз қабл тарҳрезишуда аст". Чоршанбиев аз соли 2016 дар Русия кору зиндагӣ мекард ва субҳи 30-юми декабр аз он кишвар ихроҷ ва дар шаҳри Душанбе дастгир шуд.

"Не наворро доданд, не аз шиканҷа гуфтанд." Афви афсари милиса падари Меҳроҷиддинро озурда кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудани як афсари милиса хешовандони Меҳроҷиддин Гадозодаи 31-сола, сокини шаҳри Ваҳдатро озурдаву нигарон кардааст. Ин ҷавон ва падари се фарзанд ҳашт моҳ пеш, баъди боздошт шудан аз сӯи маъмурони милиса, дар ҳолати ғайриоддӣ ҳалок шуд.

Тамоси телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Тоқаев, Мирзиёев ва Пашинян дар бораи вазъ дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-уми январ дар пайванд бо таҳаввулоти ахир дар Қазоқистон, бо шуморе аз сарони кишварҳои минтақа телефонӣ сӯҳбат кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тамосҳои ҷудогона бо Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ва Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон, ки ҳамзамон раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД мебошад, вазъи пешомада дар Қазоқистонро баррасӣ карданд. Читать дальше...

То 300 сомонӣ. Нархи роҳкиро аз Хуҷанд ба Душанбе боло рафт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Роҳкиро аз шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ба Душанбе дар чанд рӯзи охир боло рафтааст. Ронандагон роҳҳои баставу боло рафтани қимати ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқро сабаби афзоиш меноманд. Гуруҳи дигар мегӯянд, теъдоде аз мусофиркашҳо худашон ҳар қадар хостанд, қиматро боло мебаранд.

Тоҷикистон гуфт, аз тазоҳуроту нооромиҳо дар Қазоқистон нигарон шудааст

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, аз тазоҳурот ва нооромиҳо дар Қазоқистон амиқан нигарон шудааст ва Тоҷикистон омода аст, барои ором кардани авзоъ ва “рафъи хатари ба миёномада” ба ин кишвар кумак кунад.

Расонаҳои Туркманистон эътирозҳои Қазоқистонро бозтоб намекунанд

Ozodi.org 

Расонаҳои давлатии Туркманистон ҳамоишҳои эътирозиеро, ки дар Қазоқистон идома доранд, бозтоб намекунанд. Вале зоҳиран худи туркманистониҳо ҳаводиси ҷорӣ дар ҳамсоякишвари худро пайгирӣ мекунанд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, шаҳрвандони Туркманистон дар суҳбатҳои худ ҳодисаҳои Қазоқистонро баррасӣ мекунанд. Хабарнигори радио дар вилояти Балкан, ки бо вилояти Мангистауи Қазоқистон ҳаммарз аст, мегӯяд, ҳамоишҳои эътирозии Қазоқистон давоми чанд рӯзи ахир ба яке аз мавзуъҳои... Читать дальше...

Дастаи мунтахаби рамзии соли 2021 бе Месси ва Роналду

Ozodi.org 

Нашрияи фаронсавии L'Equipe бар асоси назархоҳии хабарнигорони нашрия дастаи мунтахаби рамзиро аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 эълон кард, хабар медиҳад sport-express.ru. Вале ба даста барандаи феълии «Тӯби тиллоӣ», ҳамлагари «ПСЖ»-и Фаронса Лионел Месси ва ҳамлагари «Манчестер Юнайтед»-и Англия Криштиану Роналду роҳ наёфтанд. Ҳайати дастаи мунтахаби рамзии соли 2021 аз рӯи фарзияи L'Equipe: Дарвозабон: Эдвард Менди («Челси») Ҳимоятгарон: Трент Александер-Арнолд («Ливерпул»), Рубен Диаш («Манчестер Сити»)... Читать дальше...

Беназмиҳо дар Қазоқистон. СПАД гуфт, ки нерӯ мефиристад

Ozodi.org 

Шаби гузашта Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ва роҳбарии давраии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хабар дод, ки ин созмон нерӯҳои сулҳофари худро ба Қазоқистон мефиристад. Вале Пашинян нагуфтааст, ки СПАД ба Қазоқистон чӣ қадар нерӯ мефиристад.

Маъмурияти президенти Қирғизистон ҳодисаҳои Қазоқистонро шарҳ дод

Ozodi.org 

Сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев ҳаводиси ҷорӣ дар Қазоқистонро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти Қирғизистон ҳодисаҳои ахири Қазоқистонро пайгирӣ мекунад. "Ҷониби Қирғизистон умедвор аст, роҳи дуруст ва ба ҳамдигар қобили қабул, ки ба манфиати мардуми қазоқ ва ояндаи Қазоқистон нигаронида шудааст, пайдо мешавад", - афзуд Султонбоев. Рӯзи 2-юми январ эътирозҳо алайҳи афзоиши нархи гази моеъ дар Жанаозен оғоз шуд ва сипас дар Актау, Алмаато, Нурсултон, Атирау ва Чимкент ҳамовозӣ ёфт. Читать дальше...

Кохи Сафед: Амрико вазъ дар Қазоқистонро бодиққат пайгирӣ мекунад

Ozodi.org 

Кохи Cафед шаҳрвандони Қазоқистонро ба оромӣ ва хештандорӣ даъват карда, гуфт, Амрико беназмиҳо дар он кишварро бодиққат пайгирӣ мекунад. "Мо хабарҳо дар бораи эътирозҳои Қазоқистонро пайгирӣ ва аз даъватҳо ба оромӣ ва хештандории эътирозгарон ҷонибдорӣ мекунем. Талабҳо ба мақомот бояд аз роҳи осоишта ироа шаванд", - изҳор дошт сухангӯи Кохи сафед Ҷен Псакион рӯзи чоршанбе дар нишасти хабарӣ. Ӯ изҳороти ҷониби Русияро дар бораи он, ки гӯё ИМА дар барангехтани беназмиҳои Қазоқистон даст дорад, "дуруғи маҳз" номид. Читать дальше...

Барканории яке аз ёрони дерини Нурсултон Назарбоев

Ozodi.org 

Карим Масимов, ки солҳои дароз аз шарикони президенти собиқи Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, буд, аз мансаби раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар барканор шудааст. Шаби 6-уми январ ба ин мансаб Ермек Сагимбоевро таъин карданд.

"Дар 30 сол насле пайдо шуд, ки мехоҳад ҳукуматро иваз кунад." Сиёсатшинос дар бораи сабаби эътирозҳо

Ozodi.org 

Димаш Алжанов, сиёсатшиноси қазоқ, ки дар шаҳри Алмаато қарор дорад, дар мусоҳиба бо телевизиони "Настояшее Время" гуфт, тазоҳуроти рӯзҳои охир дар Қазоқистон "худҷӯш аст", на "тарҳрезишуда".





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *