Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2022

Новости за 30.01.2022

Комроншоҳи Устопириён дар Гран-Прии Португалия медали биринҷӣ гирифт

Ozodi.org 

Комроншоҳ Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо Гран-Прии Португалия (Grand Prix Portugal 2022), ки рӯзҳои 28-30-юми январ дар шаҳри Алмада баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа ягона варзишгар аз Тоҷикистон буд.

Дар доманакӯҳ ва паси деворҳои баланд. Қасри "пешво" ва духтаронаш дар куҷост?

Ozodi.org 

Аъзои хонаводаи раисҷумҳури пешини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, то ҳол аз шахсони сарватманд дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Онҳо ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар хориҷ аз он соҳиби тиҷорат ва хонаву даранд.

Дабири НАТО гуфт, ба Украина нерӯ намефиристанд

Ozodi.org 

Йенс Столтенберг рӯзи 30-юми январ дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, "мо нақшаи ҷойгир кардани нерӯҳои НАТО-ро дар Украина надорем... Тамаркузи мо ба расондани кумак аст." Ӯ афзуд, "миёни узви НАТО будан ва шарики қавиву боарзише ба мисли Украина фарқ вуҷуд дорад."

Ҷанг дар сарҳад, баҳс бо Толибон ва сарнавишти мухолифон. Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Созмони Human Rights Watch ба риояи ҳуқуқи одамон дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2021 баҳо дода, вазъро дар Тоҷикистон “бадтар” номидааст. Омбудсмени Тоҷикистон танқиди ҳомиёни ҳуқуқро “яктарафа ва боэҳсос” арзёбӣ кард.

Бемориҳое, ки солона беш аз як миллион касро мекушанд. То соли 2050 чӣ рӯй хоҳад дод? ВИДЕО

Ozodi.org 

Як таҳқиқи тоза нишон додааст, ки бемориҳои сироятии муқовим ба антибиотикҳо солона бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор нафарро мекушанд. Ингуна бемориҳои сироятие, ки ангезандаҳояш бактерия аст, ба гуфтаи муҳаққиқон, ҳоло аз бемории норасоии масунияти бадан ва вараҷа кушандатар шудаанд.

Роҳҳои халосӣ аз бемориҳои "кушанда"-ро меҷӯянд

Ozodi.org 

Як таҳқиқи тоза нишон додааст, ки бемориҳои сироятии муқовим ба антибиотикҳо солона бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор нафарро мекушанд. Ингуна бемориҳои сироятие, ки ангезандаҳояш бактерия аст, ба гуфтаи муҳаққиқон, ҳоло аз бемории норасоии масунияти бадан ва вараҷа кушандатар шудаанд.

Размикори ҷавони тоҷик аввалин қаҳрамони ҷаҳон оид ба IMMAF шуд

Ozodi.org 

Асадбек Маннонов дар Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб барои Тоҷикистон аввалин унвони таърихии қаҳрамони ҷаҳон оид ба IMMAF (International Mixed Martial Arts Federation) ё Федератсиюни байналмилалии ҳунарҳои омехтаи размиро ба даст овард.



Ҳалокати 2 ҳазор кӯдак дар ҷанги Яман

Ozodi.org 

Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише гуфтааст, аз моҳи январи соли 2020 то моҳи майи соли 2021 дар ҷараёни ҷангҳои Яман ҳудуди ду ҳазор кӯдак кушта шудаанд.

Ҷонсон гуфт, ба "душманӣ"-и Русия посух медиҳанд

Ozodi.org 

Нахуствазири Бритониё гуфт, кишвараш барои муқобила бо "душманӣ"-и Русия алайҳи Украина имкони ҷойгир кардани нерӯҳо ва киштиву ҳавопаймоҳои ҷангиро дар Аврупои Шарқӣ баррасӣ мекунад.

Варзишгари тоҷик дар Тошканд рақиби қирғизистонияшро шикаст дод

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки рӯзҳои 22-29-уми январ дар Қасри варзиши “Универсал”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, 11 медал ( 1 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

"Орзу доштанд, ки имсол оиладор шаванд, аммо..." Дафни шаш муҳоҷири тоҷик дар Хатлон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тобути шаш муҳоҷири тоҷикро, ки ба гуфтаи мақомот бар асари заҳролудшавӣ дар Русия ҷон бохтанд, субҳи 30-юми январ ба Тоҷикистон овардаанд. Дилшод Одинаев, як масъули идораи муҳоҷират дар Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "тобутҳоро дар Фурудгоҳи Душанбе гирифта, ба хешовандонашон супурдем."

"Идеология не, бӯйи пул ба машом мерасад." Чаро биноҳои қадимиро дар Душанбе вайрон мекунанд? ВИДЕО  

Ozodi.org 

Бо гузашти 30 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, яке аз ҷумҳуриҳои собиқи он, Тоҷикистон, талош дорад, ҳуввияти тозае пайдо карда, гузаштаи коммунистии худро пушти сар гузорад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *